Пешгирӣ аз  бемории зуком

Пешгирӣ аз  бемории зуком

Бемории зуком иллатёбии болои роҳҳои нафас мебошад, ки сабабҳои гуногун дорад. Ангезандаи ин беморӣ вирус ва бактерияҳо мебошанд. Вирусҳои зуком ба таъсири шароити муҳити беруна тоб намеоранд. Онҳо ба таъсири ҳарорати паст пурбардошт буда, ҳангоми гарм кардан, ҷӯшонидан ва маҳлулҳои безараргардонӣ (хлорӣ ва гипохлориди калсий), аз таъсири  нурҳои ултрабунафш тез нобуд мешаванд. Манбаи сирояти бемории зуком шахси  бемор мебошад. Сироят ба тарзи қатрагӣ – ҳавоӣ (ҳангоми сулфидан, атса задан, нафас гирифтан) мегузарад. Бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гоҳо ба таври эпидемия рӯй медиҳанд. Давраи ниҳонии зуком 1-2 шабонарӯз мебошад. Зуком ба таври шадид оғоз меёбад. Ҳарорати бадан то 38-40С мерасад. Таб кардан, обравӣ аз бинӣ, сулфаи хушк, бемадорӣ, дарди мушакҳо, сардард, нафастангӣ, хоридани гулӯ, сӯзиши сандуқи сина, гирифтани овоз, паст фаромадани фишори хун ва ғайра аз ҷумлаи аломатҳои зуком мебошанд.Агар бемор нишонаҳои дар боло зикршударо дошта бошад, бояд ҳатман бистарӣ карда шавад ва зери назорати доимии табибони оилавӣ қарор дошта бошад. Роҳҳои пешгирӣ аз зуком: Риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитарӣ. Истифодаи ниқоб ва дастмолчаҳои яккарата. Мунтазам шустани дастон бо собун ё маҳлули антисептикӣ. Интихоби тарзи ҳаёти солим. Истеъмоли хӯрокҳои гуногуни серғизо. Худдорӣ намудан аз рафтан ба ҷойҳои серодам. Боварӣ дорем, ки сокинони ноҳия қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитариро риоя карда саломатии худ ва атрофиёнро ҳифз менамоянд, зеро саломатӣ неъмати бебаҳост.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code