Рушди соҳаи маориф дар деҳот

Рушди соҳаи маориф дар деҳот

    Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ҷамоати деҳоти  Деҳқонобод соли 1994 таъсис ёфта, то соли 2012 ҳамчун Муассисаи таҳсилоти ибтидои фаъолият мекард.  Муассиса  ҳамагӣ дорои 3 синфхона буд, ки талаботи хонандагонро қоне карда наметавонист. Хонандагон барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои гирду атрофии деҳа мерафтанд. Аз давраи тайин шудани Узбеков Маҳмуд ба ҳайси директор дар муассиса пешравиҳои нав ба нав, аз қабили сохтани синфхонаҳои иловагӣ, роҳравҳо ва дигар намуди корҳои ободонӣ зиёд ба чашм мерасид. Чуноне ки худи ӯ мегӯяд: «Мо дар якҷоягӣ бо дастгирии кумитаи падару модарони маҳал дар солҳои 2014-2015 3 синфхонаи иловагӣ ва дар солҳои 2016-2017 боз 3 синфхонаи иловагиро сохта ба истифода додем. Сохта шудани синфхонаҳои иловагӣ боиси он гардид, ки муассисаи таҳссилоти ибтидоӣ баъди гузаштан аз аттестатсияи давлатӣ ва акредетатсияи давлатӣ иҷозатнома барои гирифтани унвони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сазовор гардид. Инчунин ҳангоми ба фаъолият шуруӯъ намудани ин синфхонаҳои иловаги боиси хушнудии хонандагон гардида, аз якчанд мушкилиҳо онҳоро  раҳо намуд»-афзуд Узбеков М. Мувофиқи гуфтаҳои масълин дар соли хониши 2017-2018 20 нафар хонандагон якумин хатмкунандагони муассиса ба шумор мераванд, ки  аз онҳо 19 тояш тариқи Маркази миллии тестӣ номнавис шуда,  9 нафарашон ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуданд. Мувофиқи ҷойивазнамоии директорон ҳамчун рататсия  санаи 01. 09. 2018 Узбеков Маҳмуд ба ҳайси роҳбари Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл тайин гардид. Дар муассисаи мазкур низ бо ташабускориҳои худ дар якҷоягӣ бо дастгирии кумитаи падару модари маҳал     4  синфхонаи иловагӣ, якчанд биноҳои ёрирасон ва  роҳравҳо сохта ба истифода дода шуд. Узбеков Маҳмуд санаи   26 июни соли  2020  ба МТМУ №39 ба кор баргашта, боз баҳайси директор кору фаъолиташро идома дода истодааст. Ӯ ҳангоми сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки «Ман ҳангоме, ки дубора ба ин муассиса баргаштамтам то ҳол норасоии синфхонаҳо ба чашм мерасид. Аз ин лиҳоз  дар маҷлиси якҷои Кумитаи падару модарон ва омӯзгорон ин масларо  бараси намуда, сохтмони ду синфхонаи иловагиро шуруъ намудем, ки айни ҳол дар арафаи анҷомёбист»– гуфт роҳбари муассиса. Айни замон дар МТМУ №39 350 хонанда таҳсил намудаистоданд, ки ба онҳо 21 омӯзгорон дарс мегӯянд. Масъулини муассиса барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар давраи дарёфти  рушду истеъдодҳо хонандагонро ба озмуну олимпиадаҳои минтақавию вилоятӣ ҷалб намоянд. Имсол 6 нафар   аз хонандагони ин муассиса  ба олимпиадаи вилоятӣ роҳхат  гирифтанд, ки ин вобаста аз фаъолияти хуби роҳбарият ва омӯзгорони муасиса мебошад Дар муассиса якчанд омӯзгори ботаҷриба аз ҷумла муалими калон Раҳматов Зулфиқор, Шарипов Абдураҳмон,  Бобоева Майрам, Валиева Умеда,  Хакимова Сумая, Қаландаров Бобоҷон ва ғайраҳо барои таълиму тарбияи хонандагон ҷалб гардидаанд, Бояд гуфт, ки барои сохтани синфхонаҳои иловагӣ саҳми раиси Кумитаи падару модарони  муассиса Назаров Маликшо, раиси маҳалаи деҳаи Шаҳринав Саидова Баргинисо, эмомхатиби маҳала Бобокалонов Саидҷаъфар ва дигар фаъолони деҳа хело ҳам назаррас мебошад.     

Баракатулло Валиев «Паёми Дӯстӣ»

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code