Бар зидди коррупсия мубориза бояд бурд

Бар зидди коррупсия мубориза бояд бурд                 

Дар Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ мунтазам бо мақсади амали намудани банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” чораҳои зарури андешида мешавад. Мақсади асосии Фармони қабулшуда аз он иборат мебошад, ки мо кормандони Раёсат ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои буҷети назоратро оиди дурусту самаранок истифодабарии маблағҳои буҷети дар ташкилоту муассисаҳо пурзур намуда, ҳамзамон хароҷоти маблағҳоро таҳти назорати доими қарор диҳем. Инчунин бо кормандони баландихтисос, ки таҷрибаи кории бисёрсола доранд такя намуда, барои баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбиамон диққати ҷидди диҳем. Қайд намудан лозим аст, ки муқовимат ва мубориза бар зидди коррупсия вазифаи ҳар як корманди хизматчии давлати буда корманд пеш аз ҳама дар байни шаҳрвандон ва кормандони муассисаҳои буҷети бояд намуна бошанд. Вобаста бо фармони мазкур дар ҳар як муассисаи буҷети нақшаю чорабиниҳо барои солҳои 2010-2020 таҳия намуда, нусхаашро ба Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ   пешниҳод намояд. Қабули барномаи идоракунии давлати дар корхонаҳои буҷетии ноҳия барои аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, давра ба давра мукамалгардонии сиёсати зидди коррупсионӣ, ташкил ва таъмини идоракунии самарабахш дар корхонаҳои буҷетии ноҳия ва барои амалигардонии идоракунии электронӣ, баланд бардоштани боварии мардум ба кормандони соҳаи буҷети дар идоракунии давлатӣ мебошад. Барои расидан ба ҳадафҳои стратегияи муқовимат бо коррупсия аз ҷониби корхонаҳои буҷетии ноҳияи Дӯстӣ вазифаҳои зерин бояд амалӣ карда шавад. Барои пешгирӣ, ошкор ва бартараф  намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои хусусии коррупсионӣ дошта, муносиб гардонидани шаклҳо, усулҳо, воситаҳои муқовимат ба коррупсия моро зарур аст, ки ҳамарӯза аз болои худ кор барем. Бо мақсади пешгири намудани омилҳои ба вуҷудовардаи ҳолатҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани шароити корию иҷтимоӣ барои роҳбарон ва сармуҳосибони муассисаҳои буҷети зарур аст, ки иштироки ҳамкориҳои байниҳамдигари дар соҳаи муқовимат бо коррупсия дуруст ба роҳ монда шавад. Мувофиқи нақшаи кории шуъбаи аудити дохилаи Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ дар соли 2019-ум дар 17 ташкилоту муассисаҳои буҷетию ғайрибуҷети таҳлил гузаронида шуда ба маблағи 108119 сомонӣ камомад ошкор карда шуд. Аз ин шумора дар 5 корхона бо дархости прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ ва вилояти Хатлон ба маблағи 90306 сомонӣ камомад ошкор гардида, ба прокуратура барои чораҷуи пешниҳод карда шуд.   Дар 9 моҳи соли 2020-ум дар 20 ташкилоту муассисаҳои буҷети таҳлили молиявӣ гузаронида ба маблағи 101078 сомонӣ камомад  ошкор карда шуд, ки аз ин 6 ташкилот бо дархости прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ ба маблағи 77216 сомонӣ санҷиш гузаронида ба прокуратура пешниҳод карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки санҷишҳои шуъбаи аудити дохилаи Раёсати молия ва мутахассисони РАНДМ ва МК вилояти Хатлон дар як қатор корхонаҳои буҷети гузаронида шуд, барои пешгири намудани хароҷотҳои беасос мебошад. Аз ин ру ҳамаи кормандони корхонаҳои буҷетиро зарур аст, ки корро дуруст ба роҳ монда мувофиқи сметаи хароҷоти, басти вазифави ва тарификатсияи тасдиқгардида хароҷотҳоро ба роҳ монад. Дар муассисаҳои буҷети мувофиқи дастурамали соҳаи муҳосибин ҳар сол моҳи декабр як маротиба ҳисоботи инвентарҳои муассиса гузаронида мешавад. Аммо дар бисёри корхонаву ташкилотҳои буҷетии мо ин амал гузаронида намешавад. Бинобар ҳамин ҳангоми санҷиш ба камбудиҳо роҳ дода шудааст.

 Назаров Абдураҳмон  корманди шуъбаи молияи ноҳияи Дӯстӣ  

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code