Таърихи ноҳия

Ноҳияи Дӯстӣ (собиқ ноҳияи Ҷиликул) соли 1930 ташкил шудааст. Масоҳаташ 1,2 ҳазор км2 буда, ба 1 январи соли 2017 дар ноҳия 108,4 ҳазор нафар  аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳолӣ дар  1 км  кв. 87,7  нафар мебошад.

Иқлими ноҳия хушк буда, ҳарорат дар тобистон то +48С0 дараҷа гарм ва дар зимистон то  -10 дараҷа хунук мешавад.

Ноҳияи Дӯстӣ бо ноҳияҳои Ҷайҳун, Хуросон, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён ва Рудакӣ ҳамсарҳад мебошад. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 150 км ва то шаҳри Қӯрғонтеппа 50 км  аст.

Дар ноҳия 5 ҷамоати деҳот, 1 ҷамоати шаҳрак, 14 корхонаҳои саноатӣ, 2 ташкилотҳои  сохтмонӣ, 2 муассисаҳои нақлиётӣ, ҷамъияти  матлубот, корхонаҳои коммуналӣ ва 2304 адад хоҷагиҳои  деҳқонӣ (фермерӣ)  мавҷуд мебошад.

Дар ноҳияи Дӯстӣ 23,7 ҳазор нафар хонанда дар 46 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1476 нафар  омӯзгорон дарс  мегуянд.

Дар  2 кӯдакистон  271  нафар кӯдакон тарбия мегиранд.

Хизматрасонии тиббиро дар ноҳия 132  нафар табибон ва 380 нафар мутахассисони миёнаи тиб ба уҳда доранд.

Таъминоти табибон ба 10,0 ҳазор нафар аҳолӣ 1,2 нафар, мутахасисони миёнаи тиббӣ 3,9 нафар ва таъминоти катҳо ба 10000 нафар аҳолӣ ба 46 кат рост меояд.

Ба аҳолӣ муассисаҳои маданӣ- маърифатии шуъбаи фарҳанги ноҳия, аз он ҷумла 2 қасри фарҳанг, 15 китобхона, 80637 нусха фонди китобҳо. 1 мактаби мусиқӣ, ансамбли тарона ва рақс, 4 адад клубҳои сайёр ва ғайра хизмат мерасонанд.

Дар ноҳия 7214 нафар нафақагирон зиндагӣ менамоянд.