Маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳия

Маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳия

 Санаи 03 феврал и соли 2021 таҳти роҳбарии раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол, дар толори бинои мақомоти ироияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии  Тоҷикистон Наимов Маҳмадулло иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамчунин муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони  ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолони ноҳия ширкат намуданд.

Пас аз интихоб гардидани ҳайати котибот вобаста ба мавзӯи рӯзномаи маҷлис, оид ба фаолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар давоми соли 2020, ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одиназода Ҳуснигул шунида шуд.

Сипас мувофиқи ҷадвали рӯзномаи маҷлис ахбороти вакилон пешниҳодгардид.

Бояд гуфт, ки доир ба ҳар як масъалаи баррасигардида қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.

Дар интиҳои маҷлис як қатор фаълони ноҳия, ки дар ҳамкорӣ  бо ҳизб фаъолияти пурсамар доштанд, аз тарафи раиси КИ ХХДТ бо сипосномаҳо қадрдонӣ  гардиданд.

 

Баракатулло Валиев

«Паёми Дӯстӣ»

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code