Озмуни «Дастархонороӣ» дар ноҳия

Озмуни «Дастархонороӣ» дар ноҳия

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин иқдом тавонист эҳсоси мардуми  кишварро ба фарҳанги милливу анъанаҳои аҷдодӣ даҳчанд намояд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросиими назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор озмунҳоро ба нақша гирифта, дар байни ҷамъият роҳандозӣ карда истодааст. Аз ҷумла, баргузории озмуни «Дастархонороӣ», ки бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сарфавусариштакорӣ, камхарҷ ва зебову хушрӯ оростани дастархонҳо дар ҷашну маросимҳо мебошад.

Санаи 30 январи соли равон дар тарабхонаи ҷамоати деҳоти «Деҳқонобод»-и ноҳия  озмуни «Дастархонороӣ» баргузор карда шуд, ки дар он раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Нурмуҳаммад, муовини раиси ноҳия  Шарифзода Зебонисо, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳия, раисиони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулину фаъолон иштирок намуданд.

Дар озмуни мазкур кадбонуҳои беҳтарини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон  барои маҳсулоти тайёрнамудаи бонувон  баҳогузорӣ шуда, ғолибони озмуни «Дастархонороӣ» муайян карда шуданд.

Бояд гуфт, ки дар ин озмун Ҷамоати шаҳраки «20-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷои аввал, Ҷамоати деҳоти  «Ҷиликӯл» ҷои дуюм ва Ҷамоати деҳоти «Деҳқонобод» сазовори ҷои сеюм дониста шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  иштирокчиёну ғолибони озмунро бо сипоснома ва мукофотҳо ҳавасманд гардониданд.

Ҳамчунин дар рафти озмун бахши фарҳанги ноҳия саҳми арзандаи худро гузошта, бо суруду таронаҳои дилангез ва мусиқиҳои ҷолиб хотири ҳамагонро болида гардониданд.

             Б. Тилло

         «Паёми Дӯстӣ»

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code