ВОХӮРӢ БО ПАДАРУ МОДАРОНИ ХОНАНДАГОН

ВОХӮРӢ БО ПАДАРУ МОДАРОНИ ХОНАНДАГОН

   Гурӯҳи корӣ, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, бахши кор бо ноболиғон ва намояндаи дигар бахшу шубаҳо шомиланд, дар муассисаҳои таълимии ноҳия доир гардида истодааст.

Ин навбат вохӯрии гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Шарифзода Зебонисо дар ҷамоати деҳоти Навзамин бо хонандагони синфҳои болоӣ, падару модарон ва омӯзгорон баргузор карда шуд.

Аъзои гурӯҳи корӣ дар ин вохӯрӣ доир ба масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи хонандагон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи қоидаҳои пешгирӣ аз бемори КОВИД-19 аз ҷониби хонандагон ва дигар масхалаҳои доғи рӯз суханронӣ намуданд.

Аз падару модарон даъват карда шуд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ дода, масъулиятшинос бошанд. Ҳамчунин онҳоро ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон доир ба сарфакона истифода бурдани неруи барк, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист даъват намуданд.

Баракатулло Валиев

«Паёми Дӯстӣ»

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code