ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми муассисаҳои тиаълимии ноҳия мулоқот баргузор гашта истодааст.

Вохӯрии навбати дар муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти  Ҷиликул,  бо иштироки гурӯҳи кории мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти роҳбарии  муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Шарифзода Зебонисо ва аъзоёни гурӯҳ  бо фаъолони ҷамоат, яъне хонандагон, падару модарон ва омӯзгорон баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ  доир ба самтҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ва нуқтаҳои муҳимтарини он маълумотҳои муфид доданд.

Дар ин вохӯрӣ  доир ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар бар мегирад суханронӣ намуда, талаботҳои асосии он — пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуданд.

Б. Тилло

«Паёми Дӯстӣ»

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code