Паёми   сарнавиштсоз

Паёми   сарнавиштсоз

26 январи  соли 2021  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ Пешвои миллат   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба   маҷлиси олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  гардид.Паёми имсолаи  Президнет    дар бораи  самтҳои  асосии  сиёсати  дохилӣ ва  хориҷии мамлакат  баъди ҷашни чорякасраи  истиқлолияти   давлатии Тоҷикистон  ворид  гардида,  мардуми  шарифи  Тоҷикистон  ба сӯи  фардои  ободу осуда  бо қадамҳои   устувор  пеш  меравад. Чуноне, ки  Пешвои миллат  қайд  намуданд.  Дар   зарфи  ин  солҳо  бо  шарофати  меҳнати  софдилонаву  заҳматҳои  шабонарӯзии   халқамон   мо ба  натиҷаҳои  назаррас  ноил   гардидем.Зеро  озодиву  истиқлолият  бароямон  дастоварди  бузургтарин  ва ғояи  муқаддаси  миллӣ  буда,  барои   пойдору  устувор  мондани  ин  пеъмати  бебаҳои  моро  лозим аст     онро чун  гавҳараки  чашм  ҳифз намоем  ва эҳтиёт  кунем.

Мо имсол 30-солагии   истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн   мегирем.  Ин  неъмати  бебаҳо  барои  мо   душвориҳо  ва ҷонсупориҳои  абармарди  бузург  Пешвои  миллат  ба  даст   омадааст.Моро  лозим  меояд,ки  бо  меҳнати  софдилонаву  ободсозиҳо Ватанро  ободтар  созем. Пешвои  муаззами  миллат  дар  паёми   имсолаи  худ  самтҳои асосии  сиёсати  дохилӣ  хориҷии  кишварамонро   муфассал таҳлил  намуда  ба  соҳаҳои   мухталиф  асосан  иҷтимоӣ,   тандурустӣ.илм ва  маориф  соҳаҳои  иқтисоду   саноат,энергетика  роҳу  нақлиёт,   амнияту   вазифаҳои  мушахас  дод.

Мо омӯзгоронро  лозим  меояд аз ин дастгириҳои   сарвари  давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  бо  як хурсанди  ҷонибдори  менамоем.

Пешвои  муаззами  миллат    зимни

Паём   қайд  намуданд,ки  минбаъд   ҳамасола   дар Тоҷикистон   озмуни    ҷумхуриявӣ  таҳти  унвони  « Илм-фуруғи   маърифат»  доир  гардид.

Сарвари  давлат  ҳамзамон  маблағи  барои  ҷоизаҳои   пешбинишудаи  озмунҳои « Тоҷикистон  -Ватани азизи  ман» «Фурӯғи  субҳи  доноӣ»  зиёд карда  мешавад.

Ҳамзамон  дастур дода  шуд,  ҷиҳати   ҳамасола  дар сатҳи  баланд   ташкил    ва  баргузории  озмун  барои  дарёфти  ҷоизаи  давлати Ҷумҳурии  Тоҷикистон    барои  олимону  омӯзгорони   фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ  зарурӣ   андешида  шавад.

Инчунин  барои таъмини озуқа  дар солҳои  2021-2022  ба аҳолии  кишвар  вазифаҳои  мушаххас    дод.

Аз ин  ғамхориҳои   Пешвои  миллат  ва  Ҳукумати  кишвар  мо рӯҳу  илҳоми  тоза  гирифта  барои боз  ҳам  ободу  зебо   гардонидани  ин   кишвари  азизамон   камари   ҳиммат  баста, дар  тарбияи  насли  наврас  боз  ҳам   ҷиддитар назар намоем.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code