Паёми   саодатовар

Паёми   саодатовар

Паёми   навбатии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои  миллат   Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон  бо    назари хирадмандонаву  некбинона  ироа  гардид.

Яке  аз рукнҳои муҳими  давлати    соҳибистиқлол  ва  рамзҳои     асосии   давлатдории  демокративу  ҳуқуқбунёд  дар ҷамъбасти     ҳар  сол   ба Маҷлиси Олии   мамлакат  ва   дар  симои   он ба  тамоми  халқи   кишвар  ироа      намудани  Паём  аз ҷониби  сарвари давлат мебошад. Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  чун  ҳамасола  дар Паёми  хеш  самтҳои   асосии  сиёсати    дохилию  хориҷии  кишварамонро  муфассал   тахлил  намуда  ҷиҳати  таъмини  пешрафти  соҳаҳои  иқтисодиёту  саноат  роху  нақлиёт  амнияту  мудофиа  ҳифзу  ҳуқуқи  тартибот  тандурустӣ  фарҳанг   илму  маориф  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   ҷавонон  вапрзиш  сайёҳӣ   ва баҳри  пешрафти  тамоми  самтҳои  ҳаёти  ҷомеа  вазифаҳои мушаххас   ба  миён   гузоштанд.

Дар ҳақиқат,  аз Паём  тоПаём  дар сохаҳои  иқтисодиву иҷтимоии  ҷумҳуриямон  тағйиротҳои    назаррас  ба омаданд.

Дар Паёми  навбати  Президенти  мамлакат    дар назди  мо ахли  маориф  низ  вазифаҳои  зиёде  гузоштанд,ки иҷрои  онҳо ба рушди бештари  соҳаҳо мусоидат  хоҳад  кард. Президенти  мамлакат ҷиҳати  баланд  бардоштани   маърифатнокию   касбияти, шинохти   таърихи   пурғановат  фарҳангу   тамаддуни миллӣ, омӯзиши  илмҳои  дақиқ, забондонӣ  ба мавриди   таъкид  доштанд,ки   азхудкунии  донишхои   замонавӣ  пурзӯр  гардида  шуда,  наврасону  ҷавононро  боз ҳам ба   мутолиаи   китобҳои  бадеиву  илмӣ  ташвиқ  намеом,  қобилияти  эҷодии  онҳоро  тақвият  бахшем ва  ба  таълими  фанҳои   дақиқ, табиатшиносӣ ва    техналогияи  итилооти   бештар   таваҷҷуҳ   зоҳир  намоем.

Аз   ҷумла  дар  Паёми  худ  Президенти    Ҷумҳурии  Тоҷикистон   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба соҳаи    маориф     бештар    аҳмияти  ҷидди дода  зикро   намуданд,ки   ба хотири  боз  ҳам   бештар   ба  омӯзиши   илмҳои    риёзиву  дақиқ ва  табии  ҷалб   кардани   наврасону  ҷавонон, олимону    муҳаққиқон  ва  устодону   омӯзгорон   ҳамасола   озмуни  ҷумҳуриявӣ  зери  унвони  «Илм-фурӯғи   маърифат»  гузаронида  шавад.

Пешвои   миллат   инчунин  таъкид  доштанд,ки  озмунҳои  қаблӣ   аз ҷумла   «Фуруғи  субҳи доноӣ  китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани  азизи  ман»  як  нуқтаи   муҳимро   собит  намуданд;  дар байни   наврасону ҷавонони  мо   истеъдодҳои  нодир ба воя  расида    истодаанд,ки  мо бояд  онҳоро  ҳама ҷониба  дасгириву  ҳавасманд  гардонем

Бинобар ин  зарур аст  ки ташкил  ва баргузории  инчорабиниҳо дар  сатҳи  баланд ба   роҳ  монда, маблағи  ҷоизаҳои  пешниҳодгардида зиёд  карда  шавад .

Пешвои  миллат зимни ироаи Паём  ҳамчунин  ба Ҳукумати  мамлакат , Вазири  маориф  ва илм , маркази мили  тестӣ,

ҳамаи  сохторҳои  аз ҷумла рохбарони  вилоятҳо супориш  дод,ки ғолибони  озмунҳоро  аз  руи интихоби   худ  ба муассисаҳои тахсилоти    олӣ   бидуни имтоҳон  қабул намоянд.Мақсади  асосии  Роҳбари  давлат  аз ин ташаббусҳо  баланд  бардоштани  сатҳи  саводу  маърифатнокии мардум ва дар  навбати аввал,  наврасону  ҷавонон,  тақвияти  ҳисси миллӣ,ватандӯстиву  ватанпарвари  арҷгузори ва омӯхтани  забон ,таърих,рушди илмҳои дақиқу  табиӣ  дар кишвар  мебошад.

Мо ин иқдомҳои некбинонаи  Роҳбари давлатамонро  ҳамеша дасгирӣ  менамоем. Албатта, ҳамаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон оянда созанд. Пешвои миллат инчунин дар ироаи Паём  оиди  норасоӣ  муассисаҳои  тахсилоти  то  мактаби дар  аксари  шаҳру  нохияҳоро  қайд  намуда,  иброз дошт, ки  давр соли гузашта муассисаҳои  томактабӣ, ки барои 2520  кӯдак  бунёд  гардида ба талаботи рӯз  ҷавобгӯ   нестанд ,Албатта, тарбияи  томактабӣ  пояи ҳамаи  зинаҳои таҳсилот ба ҳисоб  меравад,ва бисёр хурсанда  бахш аст,ки  Прензиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам    Эмамалӣ  Раҳмон  дар  Паёмашон ба ин масъала низ    диқати   асоси  доданд.

Пешвои миллат ҳамчунин  Вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро  вазифадори  намуд,  ки   дар  тамоми  зинаҳои  таҳсилот  аз муассисаҳои  то  мактаби  сар  карда,  гимназия  литсейҳо  ва    зинаҳои   дигари  тахсилот  ба таври  ҳатмӣ  омӯхтани   забонҳои   хориҷи,  махсусан  забони руси ангилисӣ ва техналогияи  итилоотиро  ташкил  карда назорати  қатъии  сифати  таълимро  дар ин  самтҳо  ба рох  монанд.

Мо омӯзгорон аз Паём  рӯҳу  илҳоми  тоза  гирифта  дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллатро сармашқи  худ қарор  дода , кӯшиш   ба харҷ  медиҳем,ки хонандагонро  дар рӯҳияи  хештаншиноси  ва эҳтиром  намудани  арзишҳои миллӣ  тарбия  намоем.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code