Дар бораи баргузор гаштани муҳокимаи ҷамъиятӣ оид ба натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дӯстӣ барои солҳои 2017-2020

     Дар бораи баргузор гаштани муҳокимаи ҷамъиятӣ оид ба натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодииноҳияи Дӯстӣ барои солҳои 2017-2020                         (дар доираи лоиҳаи LIТACA)

 

Имрӯз яъне санаи 10 декабри соли 2020 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дустӣ, таҳти ҳамоҳангсозии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва кӯмаки машваратии лоиҳаи БРСММ – «Баланд намудани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» муҳокимаҳои ҷамъиятии натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди ноҳия (БРН 2017-2020) дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дустӣ бо иштироки сардорони раёсатҳо, мудирони шуъба ва бахшҳ ои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мутасаддиёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ,  кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва соҳибкорони маҳаллии ноҳия баргузор гардид. Мақсади асосии баргузор намудани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, Бахши хусусӣ, оид ба раванди мониторинги татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мебошад.  Баргузор намудани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ҷалби тамоми тарафҳоидар сатҳи маҳалӣ барои татбиқ ва мониторинги барнома ҳавасмандро пешбини намуда, имконият медиҳад, ки самаранокии лоиҳаҳои татбиқшаванда беҳтар шуда, беҳтар гаштани сифати зиндагии аҳолӣ шароитҳои иловагӣ фароҳам меорад. Бояд қайд намуд, ки дар давраи сипаригардида, яъне аз аввали татбиқи Барномаи рушди ноҳия аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 140,2 млн сомонӣ ва 129 лоиҳаҳои афзалиятнок татбиқ шудаанд. Лоиҳаҳои татбиқгардида дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, саноат, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, обтаъминкунӣ ва беҳдошт, ҳифзи муҳити зист, пешгирии хатари ҳолатҳои фавқулода, беҳдошти замин ва обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва роҳ амалӣ гаштаанд.

и

Иҷрокунанда: Бахши иқтисод ва савдо  

Ш. Шаймардонов Тел: (3248) 2-13-87

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code