Мубориза бо терроризм, экстремизм  ва гуруҳҳои ифродгароӣ

                    Мубориза бо терроризм, экстремизм  ва

                                              гуруҳҳои ифродгароӣ

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар  ҷомеаи чахонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм экстремизм ва гуруҳҳои ифродгароӣ  мебошад. Терроризм ва ифродгароӣ  яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатхои нохуш –таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҳдид ба хаёти арбоби давлатӣ  ё конститутсионӣ  дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари хуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари ҷидди ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии чамъиятӣ, тарсонидани аҳолии ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорхо мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии  сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳаби, пос доштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, диққат додан хело муҳим аст.

Бинобар ин мо, шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, таълимдиҳандагон ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷахонишавӣ  бо дарки масъулият  истиқлолияти худрона танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самими  дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон  дар роҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву ободкори ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошем.

Ифродгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯш шудаест, ки ба зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат ва бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва балбинии динӣ равона карда шудааст.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат мебошад. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти гӯё динӣ гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъватнамуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ», тавзеҳ мебахшанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманони худ ноил шаванд, яъне нуфузи дастоварҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш, супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк  намудан ва пос доштани онҳо ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва  ҳам ҳамталошу заҳмати  ҳар  фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавӣ-фарҳангии он шахсро бо инкорӣ ҳақиқат , ба бегонапарастию қадр  накрадани қимати дастоварҳои истиқлоляти миллӣ оварда мерасонад.

Қайд кардан ба маврид аст, нақши фарҳанг, таълиму тарбияи насли наврас, ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон дар пешгирӣ аз низоъҳои  иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои амалҳои ғаразнокӣ  худ аввал  арзиҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию  динӣ)-ро коҳиш дода,фалаҷ месозандтва баъд ба амалҳои зишт ва  хавфнокии худ даст мезананд.

Дар вақти таълими фанҳои таърих ва ҳуқуқ ва дар ҷараёни корҳои тарбиявию беруназсинфӣ  дар масъалаи хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза ва ҳушёрию зиракии наврасон дар ин самт бояд эътибори ҷиддӣ дод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Xумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд, ки «озодиву  истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро  равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».

Воқеан, масъалаи таъмин ва нигаҳдошти субботу якпорчагии миллӣ ба як стратегияи давлатии кишвари мо табдил ёфта, дар зимни он тақдири ҳар як фарди кишвар чун масъалаи муҳим арзёби мегардад.Дар замони муосир тавре ба назар мерасад, фазои иттилоотиву тарғиботии Ғарбу Шарқ махлут гардида, барои таъсиррасонӣ ба тафаккури наврасону ҷавонон дар набарданд.Далели ин гуфтаҳо иштироки бархе аз ҷавонони ноогоҳу  зудбовар дар ҷангҳои дохилии кишварҳои арабӣ буда метавонанд. Бо дарназардошти муҳиммияти масъалаи мазкур  волидайн, омӯзгорону донишмандони бахшҳои сиёсатшиносӣ, педагогика, ҳуқуқшиносӣ, равоншиносиро мебояд чораҳои зарурӣ ва бетаъхир биандешанд, то сари вақт пеши роҳи чунин зуҳуроти воқеан нангин гирифта шавад. Президенти Xумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки; «Солҳои охир терроризм ва экстремизм  ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш  овардааст. Афзоиши ҷиноятии хусусияти экстремистӣ ва терористи дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ фаъолшавии унсурҳои унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Ҳамаи мо шоҳидем, ки дар ҷаҳон ин воқоеаҳо ҳаст. Дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд аз сиёсати духӯра даст кашид. Бо ин вабои аср бозӣ кардан лозим нест».

Ҳукумати Xумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мақомоти сиёсӣ ва қудратии кишвар хатару оқибатҳои тафаккури ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротиро дарк намуда, ба муқобили онҳо муборизаи қатъи ва фарогиро ба роҳ мондаанд. Дар айни замон аксари ҷавонони пайрави ин ҳаракатҳо ба шиору таблиғоти роҳбарони онҳо самимона бовар карда, ба ҳаёҳуйи сиёсию идеологии онҳо дода шуда, умуман дарк карда наметавонанд, ки дар доми фиреб ва хидмати дигарон қарор гирифтаанд.Онҳо дарк намекунанд, ки гирифтори фиреби бузург гашта, дар натиҷа бо дасти худ ватани худро хароб, мардуми худро бадбахт ва фарзандони мардуми худро хору залил менамоянд. Қудрати ин таблиғот то ҷое бузург аст, ки ҷавонони пайрави гурӯҳҳои ифротӣ гоҳо содалавҳона гумон мекунанд, ки  машғули ҷиҳод  мебошанд ва дар ин роҳ шаҳид мешаванд. Магар ҷанг  бар зидди мардуми мусалмон ҷиҳод аст, ё кушта шудан дар роҳи манфиатҳои қудратҳои бегона шаҳид шудан аст? Ҳаргиз не! Ин ҷавонони фиребхӯрда гумроҳону ҷавонмардоне мебошанд, ки мубориза ва марги онҳо назди Худо ва назди башар  қадр  ва арзише надорад.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code