Истиқлолият-шарафу номуси миллати тоҷик                Табрикоти раиси ноҳияи Дӯстӣ муҳтарам   Саидзода Нурмуҳаммад бахшида ба      29-умин        солгарди   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамдиёрони азиз!

Шумораи навбатии рӯзномаи «Паёми Дӯстӣ» 4 августи соли 2020, №25      

      Истиқлолият-шарафу номуси миллати тоҷик                Табрикоти раиси ноҳияи Дӯстӣ муҳтарам   Саидзода Нурмуҳаммад бахшида ба      29-умин        солгарди   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз мардуми шарафманди ноҳияи Дӯстӣ дар қатори дигар сокинони кишвари биҳиштосои азизамон, ҷашни бузург ва таърихии миллат 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватан ва шукӯҳу шаҳомати  хоса таҷлил намуда истодаанд. Дар ин лаҳзаҳои идона тамоми мардуми шарифи ноҳияи Дӯстиро ба ифтихори ин санаи тақдирсоз табрику таҳният гуфта, ба хурду бузурги ноҳия сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонаи обод орзу менамоям. Бисти нуҳ сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991, рӯйдоди муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқуъ пайваст ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ба шумор меравад. Бо эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф шуда, бо роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пеш рафта истидааст. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли истиқлолият ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни аҳолии Тоҷикистон мебошад. Иродаи матину суханони таърихии Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар баробари таҳлили вазъи муташанниҷу хатарҳои мавҷудаи замони гузариш ба сохти нави давлатдорӣ дар муроҷиат ба халқи худ чунин гуфта, буд: “Ман барои шумо сулҳ меорам!”, ба дилҳо умеду боварӣ ба рӯзҳои неку ояндаи дурахшонро мебахшид, ки имрӯз насиби мо гардидааст. Халқи заҳматкаши Тоҷикистон бо эътимоду боварии комил ба наҷотбахши миллат меҳнату заҳмати пайвастаро шиори худ карда, дар роҳи баробаркунии харобаҳои ҷанг ва ободу шукуфоии хонаву диёри аҷдодӣ бо иқдомҳои Пешвои миллат пайравӣ намуда, бо хизмати содиқона ба халқу ватан ҷавоб медиҳанд. Баъди таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба даст овардани дастовардҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ аз зумраи дастовардҳои беназири роҳбари давлтамон арзёбӣ мегардад. Бо шарофати донишу малакаи фитрӣ дар умури идоракунии давлат ва фаҳму идроки фавқулодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷасорату тасмимгириҳои орифонааш дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мешиносанд. Маврид ба ёдоварист, ки маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва Солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардид. Баъдан, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани ҷашнвораҳои “Соли бузургдошти Имоми Аъзам”, ташкили Симпозиумҳои байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (1994), ҷашни 680 ва 700 солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҷашнвораи 675-солагии Хоҷа Камол (1996), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 1025-умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солаги Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 90-солагии МирзоТурсунзода (2011) ва дигар иқдомҳои сиёсию фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз зуҳури абармарди таърих мужда медод, ки тоҷиконро чун миллати тамаддунофар ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Яъне, эҳёи дубораи расму анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ, рушду пешрафти илм, баланд бардоштани маданияту маърифатнокии ҷомеа, ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва дигар дастовардҳои Пешвои муаззами мо намунае аз ҳадафу ормонҳои ҳазорсолаи ниёгон аст, ки орзуи онро аз насл ба насл дар қалбҳо мепарвариданд. Дар аробари пешрафтҳои гуногунҷабҳаи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ ва муваффақиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёдгузориҳо ба хотири рушду тараққиёти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва ғайраҳо ба беҳтар гаштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда истодааст. Имрӯз Тоҷикистон дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ барои солҳои 2016-2020 ҷиҳати аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани нақши саноат дар таъмини тараққиёти мамлакат заминаҳои заруриро фароҳам оварда истодааст. Ҳоло ба шарофати заҳмату талошҳои миллати шарафмандамон се ҳадафи стратегии миллии мо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳилаи ниҳоии худ наздик расидааст. Дар марҳилаи барқарорсозии сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Чунки маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд марҳилаи барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ислоҳоти сохториро дар давлати тозаистиқлол роҳандозӣ намоянд. Дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳуриямон бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳими дорои аҳамияти давлатӣ, аз қабили неругоҳҳои барқи обии “Помир-1”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, “Роғун”, фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, кони гази Хоҷасартез, таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қулма, шоҳроҳи Қароқурум – Шкев – Зиғар, (марҳалаи 1 ва 2), хатҳои баландшиддати “Лолазор – Хатлон”, “Ҷануб ва Шимол”, нақби мошингарди “Чормағзак”, “Шаҳристон”, “Шар – Шар”, “Анзоб” ва як қатор корхонаҳои хурду бузург ба истифода дода шудаанд, ки дар маҷмӯъ гуфта метавонем, рушду тараққиёти Тоҷикистони ҷавон босуръат мебошад. Бо ҳамин ниятҳои нек 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба халқи шарафманди ноҳияи Дӯстӣ самимона табрик гуфта, сари баланду неруи тоза ва саодати рӯзгорро орзумандам.   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!                 

  Истиқлолиятбузургтарин  сарвати  миллати  тоҷикон

Имсол миллати тоҷик ва дӯстони дуру наздики ӯ бузургтарин санаи таърихӣ, яъне 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сари баланд ҷашн мегиранд. Дар давраи нави таърихи тоҷикон ҳодисаи волотарин ва беҳтарин Истиқлолият мебошад. Рӯзи 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои Олӣ, Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Аз ин воқеа роҳу равиши давлат ва тақдири халқи тоҷик дигар шуд. Танҳо дар давоми як соли мустақилӣ Тоҷикистон аз ҷониби 58 мамлакати олам шинохта шуда, ҷумҳурӣ бо ҳамин қадар кишвари дунё алоқаи дипломатӣ барқарор кард. Хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар азнавсозии давлати бузургу боқудрати тоҷикон басе ҳам арзанда аст, ки тамоми халқи тоҷикро ба сӯи нур ва рӯшноӣ даъват кард.      Эмомалӣ Раҳмон сардори давлат шуду Ваҳдати тоҷикон ба амал омад. Маҳз бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Бинобар ин, Тоҷикистони тозаистиқлол ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро муқаддас шумурда, соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуда, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конуститутсия мамлакатамонро қабул намуд. Тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба салоҳияти конститусионии худ фаъолият намуда, дар пешравии ҳаёти кишвар саҳми худро гузошта истодаанд. Ҳокимият  судӣ низ ҳамчун яке аз шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ, дар қатори мақомоти қонунгузору иҷроия баҳри дар амал татбиқ намудан ва амалисозии адолати судӣ дар ҷомеа фаъолият менамояд. Ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона барои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва волоияти қонун шароити мусоид фароҳам овард. Бо дастур ва супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин масъала бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ омода гардида, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд. Ҳамин тариқ низоми судӣ дар асоси ислоҳоти судию ҳуқуқӣ такмилёбанда далели пешрафти кишвари мо дар амалӣ шудани принсипҳои  демократӣ буда, кафолатдиҳандаи таҳкими ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дар ҷомеаи байналмиллалӣ ҷои муносиби худро пайдо кардани кишварамон мебошад.

Ҳамрохонзода Умедҷон  Сафаралӣ,

Судяи Суди   ноҳияи Дӯстӣ

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code