ШУМОРАИ НАВБАТИИ РЎЗНОМАИ «ПАЁМИ ДЎСТИ» 24 ИЮЛИ СОЛИ 2020, №20

  Шумораи навбатии рӯзномаи «Паёми Дӯстӣ» 24 июли соли 2020, №20     Табрикоти  раиси ноҳияи  Дӯстӣ  муҳтарам  Саидзода        Нурмуҳаммад  Хол  Ба  муносибати  Иди  Қурбон   ҳозирини гиромӣ!

Фарорасии иди саиди Қурбонро ба Шумо ва тамоми мардуми ноҳияи Дӯстӣ муборакбод гуфта ба ҳамаатон тансиҳати, умри дароз ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям. Соли равон иди муътабару муқаддаси мусулмонон иди Қурбон дар даврае фаро мерасад, ки кулли мардуми кишвар аз ҷумла мардуми ноҳияи Дӯстӣ дар арафаи ҷашни 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор    дошта,    корҳои    ободонию созандагӣ ва бунёдкориро, ки ба ин муносибат оғоз гардида буданд ҳамарӯза вусъати тоза бахшида идома дода истодаанд. Мусулмонони кишвари мо ки пайрави мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошад, ба дини мубини ислом ва сунатҳои он ҳамчун нишонаи имондорӣ, василаи покии маънавӣ ва одобу ахлоқи ҳамида арҷ мегузоранд. Зеро дини ислом ва мазҳаби ҳанафия тайи садсолаҳои зиёд ба ташаккули маънавӣ ва такмили фарҳанги диндории мо мусоидат кардааст. Мардуми мусулмони мо зимни таҷлили иди Қурбон рӯҳи гузаштагонро ёдовар мешаванд, манзили онҳоро зиёрат мекунанд, ба аёдати оилаҳои аъзодор, беморон ва маъюбон мераванд ва амалҳои хайру савобро иҷро менамоянд.  Ҳамдиёрони азиз !  Мувофиқи аҳкоми шариат Қурбонӣ кардан – танҳо ба шахсони доро воҷиб буда, касоне ки ба ин кор имкон надоранд, бо дуо ба руҳи гузаштагон ва муомилаи неку ахлоқи ҳамидаи инсонӣ қаноати идро ҳосил менамоянд, ки ин низ фазилати ид ва одоби исломи мебошад. Дар воқеъ, бехараҷоти зиёдатӣ ва беоростани хони бодабдаба гузаронидани ид аз қадим хоси мардуми мо буд. Дигар ин, ки касеро ба иҷрои коре ки аз тавону имконаш берун аст маҷбур кардан, хусусан дар шароити имрӯза қарз гирифта қурбонӣ кардан ва ҳаққи фарзандонро кам намудан низ дар ислом нораво мебошад. Дар рӯзи иди Қурбон мо бояд ба зиёдаравӣ роҳ надода, бештар ба арзиши маънавии он, ки аз сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар амали ҳайри савоб иборат мебошад, таваҷҷуҳ зоир намоем. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо ба хусус идҳои моҳи Шарифи Рамазон ва иди Саиди Қурбон дастгирии моддӣ ва кӯмак ба ятимону барҷомондагонро зери назорат қарор дода, ба табақаи  эҳтиёҷмандон ёрӣ расонидан дар ноҳия ба ҳукми анъана даромадааст. Бовари дорем, ки минбаъд низ ин амалҳои хайру савоб аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, шахсони саховатманду олиҳиммат ва тамоми намозгузорони ноҳия дастгирии ҳамаҷониба хоҳад ёфт. Имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди ҷомеа тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст, ки ба хотири беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии худ, пешрафти давлат ва ободии Ватани маҳбубамон софдилона заҳмат кашида дар таъмини ҳаёти осудаи сокинони мамлакат фаъолона иштирок намоянд ва дар ин амри хайр саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад. Итминони комил дорам, ки мардуми ноҳияи Дӯстӣ дар баробари иҷрои маросими диниву  мазҳабӣ дар арафаи иди Қурбон дар роҳи тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо ва вусъат бахшидан ба корҳои созандаги, бунёдкорӣ ва ободонии ноҳияамон саъю талоши бештар менамоянд. Умедворам, ки тамоми сокинони ноҳия имсол нисбати дигар солҳо ҷиҳати таҳким бахшидан ба қимматтарин арзишҳои инсониву имонӣ, пеш аз ҳама дӯстиву бародарӣ ба ҳамдигар  муҳаббату садоқат ба Ватан, дастгирии сиёсати хирадмандонаю созандаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош меварзанд. Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати иди Қурбон табрик гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодати оилавӣ, зиндагии хушу хуррам ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.   Иди Саиди Қурбон муборак  ҳамдиёрони азиз!                   —–Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст—–             Даври   дуюм  баргузор  гардид Барои иштирок дар даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ даҳҳо нафар ҷамъ омаданд. Дар оғоз муовини раиси ноҳия Шарифзода Зебонисо иброз намуд, ки ба маротиб зиёд шудани довталабон нисбати баргузории озмуни мазкур дар соли гузашта, нишон медиҳад, ки «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни сокинони ноҳияи Дӯстӣ маҳбубияти бештар пайдо кардааст. Дар ҳайати ҳакамон нафарони соҳибтаҷрибаву нуқтасанҷ шомил буда, ба маҳорату дараҷаи омодагии иштирокчиён аз рӯи панҷ (5) номинатсия баҳогузорӣ менамоянд. Аз ҷониби масъулин ҳама шароитҳои лозима барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмун фароҳам оварда шуда, иштирок дар он озод мебошад. Тибқи иттилоъ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Дӯстӣ 4 рӯз идома ёфта, ғолибон дар вазъияти муносиб аз ҷониби масъулини ноҳия бо шоҳҷоиза, диплом, ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.                                                                  Б. Тилло                       Нишасти матбуотии раиси ноҳияи Дӯстӣ бо             хабарнигорони  васоити ахбори омма   20-и июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки  раиси  ноҳия  Саидзода Нурмуҳаммад Хол ва хабарнигорони нашрияҳои давлатию хусусӣ,  шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишаст роҳбарони ташкилоту муассиса ва корхонаҳо иштирок доштанд. Нахуст раиси ноҳия Саидзода Нурмуҳаммад ба таври кӯтоҳ ҳозиринро бо рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давраи шашмоҳаи аввали соли 2020 шинос намуд. Баъдан хабарнигорон дар иртибот бо вазъи хоҷагии халқи ноҳия суолҳои хешро пешниҳод намуданд. Аз ҷониби хабарнигорон ба раиси ноҳияи Дӯстӣ,  бештар  атрофи корҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи арзишманди 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби соҳибкорон ба ин ҷашни таърихӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, соҳаи маориф,  иҷрои барномаи копютерикунонӣ, сохтмони иншоотҳои варзишӣ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷоннок гардонии  соҳаи парандапарварӣ ва рушди заргӯшпарварӣ, фаъолияти ҳавзҳои шиноварӣ, афзоиши ҳайвоноти нодир дар мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи Палангон», ҳолати бозорҳои ноҳия, роҳои мошингард ва шоҳроҳҳои атрофи ноҳия  ва дигар  саволҳо пешниҳод гардиданд. Раиси ноҳия Саидзода Нурмуҳаммад ба суолҳои матраҳгардида, дар умум ба зиёда аз 30 суол  посухҳои мушаххас ва зарурӣ дод.               Баракатулло Валиев                                           Ҷавонон  каммутолиаанд,  кӣ  гунаҳгор?     Рӯзномаву маҷаллаҳо бо инъикоси набзи чомеа, навгониву рӯйдодҳои ҳаёти ҳаррӯза, фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар матолиби иттилоотиву таҳлилӣ дар рушду пешрафти чамъият нақши муоссир доранд. Зеро ҳар матлабе, ки дар матбуоти даврӣ чоп мегардад, метавонад роҳи дурусти ҳаллӣ масоили мавҷударо бозгӯӣ кунад. Ба ҳамин хотир имрӯз дар ҳаёти муосир фаъолияти рӯзномаву маҷаллаҳо ба таври густурда ба роҳ монда шудаасту барои дастрасии онҳо дӯконҳои махсуси фурӯши рӯзномаҳо дар хизмати сокинон мебошад. Бояд гуфт, ки вазифаи идораи рӯзномаву маҷаллаҳо ба чоп расонидани матбуоти даврӣ мебошад ва паҳнсозиву то ба дасти  хонанда омода намудани он паҳлуи дигари масъала аст, ки барои ин кор тибқи шартномаҳои тарафайн дигар ниҳодҳо масъулият доранд. Мутаасифона, сол аз сол таваҷҷуҳ ё худ талаботу завқи хонандагони матбуоти даврӣ коҳиш меёбад. Ин ҳолатро дар якчанд дӯконҳои фурӯши рӯзномаву маҷалла дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мушоҳида намудем. Корманди яке аз чунин дӯконҳои шаҳри Бохтар Олуфта Одинаева, ки ҳудуди 10 сол аст дар ин самт фаъолият мекунад, дар суҳбат бо изҳори таасуф ёдовар гардид, ки теъдоди хонандагони рӯзномаву маҷаллаҳо нисбати чанд соли пеш ба маротиб коҳиш ёфтааст. Махсусан, насли ҷавон қариб умуман барои мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо муроҷиат намекунанд ва тӯли чанд муддат аст, ки ҳамарӯза аз 3 то 5 адад танҳо он маҷаллаҳое, ки бештар красворду сканворд доранд ба фурӯш мераванду халос. Шояд ин масъала дар марказҳо то ҷое дигар хел бошад, вале зимни суҳбату вохӯриҳо бо сокинон дар деҳот маълум мегардад, ки ҳатто солҳо боз рӯзнома нахондаанд. Тибқи иттилои масъулин Агентии ҶДММ «Тоҷикматбуот»-и вилояти Хатлон, ки паҳнкунандагони асосии матбуоти даврӣ мебошад, дар маркази вилоят шаҳри Бохтар фаъолияти 5 адад, дар шаҳри Левакант 1 адад, ноҳияи Вахш 1 адад, ноҳияи Шаҳритӯс 1 адад, Ҷалолиддини Балхӣ 1 адад ва ноҳияи Дӯстӣ 1 адад нуқтаҳои фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо ба қайд гирифта шудаасту халос. Дар дигар шаҳру навоҳӣ бошад, ин масъала боиси нигаронӣ аст, зеро мавҷуд набудани ин гуна нуқтаҳои фурӯши матбуоти даврӣ боиси дур мондани сокинон аз хондани рӯзномаву маҷаллаҳо гардидааст. Ва мушкили дигар он аст, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби масъулон на танҳо таваҷҷуҳ камтар аст, балки барои гузоштани кабинаҳои махсуси фурӯши рӯзномаҳо монеа эҷод мешавад. Тавре масъулини КФ КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳанд, имрӯз дар 22 шаҳру ноҳияҳои вилоят 30 нафар хаткашон ба таври штати ва 176 нафари дигар тариқи шартнома фаъолият  мебаранд ва ба он нафароне, ки  ба ин ё он воситаҳои ахбори оммаи чопӣ обуна шудаанд нашри нави онро барояшон дастрас менамоянд. Дар соли 2020 сокинони вилояти Хатлон ба 113 ҳазору 412 нусха нашрияҳои даврӣ обуна шудаанд, ки ин 94,3 фисади нақшаро ташкил дода нисбати соли 2019-7,3 дар сад зиёд мебошад. Инҷо як нуқта боиси зикр аст, ки ҳамасола дар давраи обунашавӣ кормандони мақомотҳои маҳаллӣ ва дигар бахшу шуъбаҳо барои ҷамъоварии маблағи обуна   миёни сокинон корҳои таблиғотӣ  бурда, маблағи  муайянро ҷамъоварӣ менамоянд, вале дигар касе аз паи расонидани рӯзномаву мутолиаи он аз ҷониби сокинон нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки раванди босуръати пешрафти ҷаҳонӣ, зуҳӯри ҳаргуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро тақозо менамояд, ки фазои иттилоотии кишвар пурра  ва зиракии сиёсии сокинон хусусан насли ҷавон комил бошад, то ин ки фирефтаи ҳаргуна фанду фиреб нагарданд.   Дар ин самт мутолиаи матбуоти даврӣ кумак менамояд, то сокинони кишвар аз ҳаётии кунунии дохилу хориҷи мамлакат бо маводҳои санҷидашудаву таҳлилгардида  воқиф бошанду дар интихоби роҳи дуруст мушкилӣ накашанд. Қобили зикр аст, ки аксари сокинони кишвар, бахусус сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хитлон дар деҳот, дар саҳро ба кори хоҷагидориву кишоварзӣ машғул ҳастанд, албатта ба рӯномаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳамасола бевосита ва ё ба восита обуна мешаванд. Вале барои дастрас кардани рӯзномаҳо барояшон касе парвое надорад. Ин ҷо суоле посух мехоҳад, ки чаро солҳои пеш масъулият дар самти дастрас кардани саривақтии матбуоти даврӣ ба сокинон ҷиддӣ буду хонандагон ҳам бесаброна нашри нави рӯзномаву маҷаллаҳоро интизор буданд. Шояд дастрас  набудани воситаҳои ахбори чопӣ аз бештар дастрас гардидани шабакаи интернетӣ бошанд? Дар ин бобат номзади илмҳои филология, дотсент Дилором Маҳкамова чунин назар дорад, ки дар замони пешрафти илму техника, зуҳури бесобиқаи фазои маҷозӣ, яъне фаъол будани шабакаҳои иҷтимоӣ, блогнависону дигар гурӯҳҳои ба истилоҳ хабаррасон  ва сомонаҳои расмии   интернетӣ ва дастрасии бештари аҳолӣ, махсусан  он нафароне, ки ба хабару рӯйдодҳои тоза таваҷҷуҳ доранд, то ҷое бозори матбуоти давриро танг намудааст. Аз тарафи дигар фаъолияти маҳдуди  нуқтаҳои махсуси рӯзномафурӯшӣ як андоза хонандагонро аз матбуот дур кардааст, зеро агар хонандагон тавонанд, сари вақт рӯзномаву маҷаллаҳоро дастрас кунанд, аллакай боварӣ ва завқашон ба таври автоматӣ ба матбуоти даврӣ зиёд мегардад. Солҳои қабл дӯконҳои фурӯши рӯзномаҳо дар вақтҳои мувофиқ, яъне аксаран пагоҳирӯзӣ қабл аз ба кор рафтани сокинон дари худро боз мекарданд  ва хоҳишмандон рӯзномаҳои тозанашро дастрас карда, то ба ҷои кору таҳсил расидан ва пеш аз шурӯи кор аз хабару рӯйдодҳои тоза ошноӣ пайдо мекарданд. Маҳз ҳамин гуна фаъолияти дӯконҳои фурӯши рӯзномаҳо робита ва завқи аҳолиро ба матбуоти даврӣ қави мегардонид,-афзуд, Д.  Маҳкамова. Зимни суҳбат мудири шуъбаи таҳлиливу иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода иброз намуд, ҳамасола дар фасли тобистон нисбатан кам будани талаботи хонандагони маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ ба назар мерасад, зеро дар ин айём донишҷӯёну омӯзгорон, ки аз шумори  калони хонандагони рӯзномаву маҷаллаҳо ба ҳисоб мераванд, дар таътил мебошанд. ҳамчунин  кормандони бештари дигар касбу кор низ маҳз дар ҳамин фасл ба рӯхсатӣ ё сафарҳои истироҳатӣ мебароянд. Паҳлуи дигаре, ки тайи солҳои охир хонандагон ба мутолиаи матбуоти даврӣ камтар таваҷҷуҳ доранд, ин дастрасии бештар доштани сокинон ба хабару рӯйдодҳои рӯзмарра тавассути шабакаи электронӣ мебошад. Аз ин рӯ талаботи давр тақозо менамояд, ки рӯзномаҳои даврӣ аз шакли хабарнигорӣ ба нигориши маводҳои таҳлилӣ, мақолаҳои  эксклузивӣ, мусоҳибаҳои ҷолиб ва бо пайгирӣ аз ҳодисоти ба вуқӯъ омада, маводҳои ҳамаҷониба баррасишуда, таъсирбахшу хонданибоб чоп намоянд ва барои ғизои маънавӣ бардоштани аудиторияи худ маводҳои журналистӣ таълиф ва ба нашр расонанд,-илова кард Носирҷон Маъмурзода. Албатта, хушсифату бо матлабҳои дархӯри талаботи завқу хоҳиши имрӯзаи ҷомеа пешниҳод намудани рӯзномаву маҷаллаҳо аз фаъолияти рӯзмарраи идораҳои нашрияҳо вобаста аст, вале паҳлуи дигари масъала ин кам будани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар самти мутолиаи пайвастаи матбуоти даврӣ ва аҳамияти он миёни ҷомеа аз тарафи  бахшҳои идеологии мақомотҳои маҳаллӣ мебошад. Бисёриҳо хоҳишу завқи хондани рӯзномаву маҷаллаҳоро доранд. Аммо дастрас набудани он боиси ноумедӣ ва дурмонданашон аз матбуоти даврӣ мегардад. Дар ҳама давру замон таърих собит менамояд, ки матбуоти даврӣ яке аз омилҳои муҳими пешбарандаи афкори ҷомеа буд ҳаст ва мемонад. Аз ин лиҳоз талаботи замон тақозо менамояд, ки масъалаи ҷалби бештари аҳолӣ, бахусус насли ҷавон ба хондани рӯзномаву маҷаллаҳо аз манфиат холӣ нест.   Таваралӣ Соҳибназаров,  «Ҷавонони Тоҷикистон»  №27 (9661), 02.07.2020                                                                                        — Ҳикоя —                Пушаймонӣ   Ҷавоне буд бо номи Собир, ки ҳамроҳи оилааш дар деҳае бо номи Чормағзак зиндагӣ мекарданд. Собир бо модараш ва бо аҳли оилааш муносибати хуб надошт. Ӯ суханони модарашро гӯш намедод ва ба беҳудагардиву амалҳои  бад машғул буд. Рӯзе ба сокинони деҳаи Чормағзак хабар омад,  ки бемории сирояткунандае дар ҳама ҷо паҳн гардидааст ва дар деҳаи мо низ муаян карда шудааст, ки метавонад одамонро ба фавт расонад. Барои пешгирӣ намудан ва  гирифтор нашудан ба ин беморӣ одамонро зарур гашт дар хона бимонанд ва тавсияҳои табибонро иҷро намоянд. Модари Собир ин хабарро шунида хавотир шуд ва писарашро ба назди худ даъват намуда,  аз ӯ хоҳиш кард, ки дар хона бимонад ва ба хондани китобҳои бадеӣ машғул шавад.  Аммо Собир ба суханони модараш гӯш надода, дар хона намеистод ва бехуда ба берун мебаромад. Пас аз чанд рӯзи паҳншавии беморӣ, Собир бо рангу рӯи парида ба хона омад ва нафасгириаш душвор шуда буд. Модараш ин ҳоли писарашро дида, сахт хавотир шуд ва зуд ӯро ба беморхона бурд. Дар ҳақиқат Собир ҳоли хуб надошт. ӯ бо як азобе сӯҳбат мекард ва роҳ мерафт. Ҳангоми муоинаи табибон муайян карда шуд, ки Собир ба ин бемории нави сирояткунанда гирифтор шудааст. Модари Собир бо шунидани ин суханҳо аз ҳуш рафт. Пас аз чанд лаҳзаи ба ҳушомадани модари Собир, табибон ба ӯ гуфтанд: -Хавотир нашавед! Зеро на ҳамаи одамон аз ин беморӣ вафот мекунанд. Сабр намоед, ҳамааш хуб мешавад! Ӯ аз ин суханҳои табибон хело шод гашта, дар ҳаққи онҳо дуо мекард. Ҳамин тавр, тули як моҳ Собир  азобу ранҷ кашида, оқибат аз ин бемории вазнин шифо ёфт. Вай аз рафторҳои нохуби кардааш нисбат ба модар ва оилаш пӯшаймон шуда аз модар узрхоҳӣ намуд. Аз ин пас ӯ ҷавони хубе шуд ва чизе ки модараш мегуфт, ҳамонро мекард. Лутфулло  Мустафоқуллов                                             Қишлоқ хӯжалиги: биоусул қӯл келади                     Арзон  ва  қулай  усул Қишлоқ хӯжалиги соҳасида экинлар ҳосилдорлигини оширишнинг омиллари ҳақида Тинчлик ва миллий бирлик асосчиси—Миллат пешвоси, муҳтарам  Президентимиз Эмомали Раҳмон Тожикистон Республикаси Олий Мажлисига йӯллаган Паёмида ҳам қайси тур экин бӯлса, аввало, унинг сара уруғига, сӯнг эса, ҳосилдорлигини оширишда қӯлланиладиган тажрибалар хусусида алоҳида тӯхталиб ӯтган эди. Қатор йиллардан буён камина бошқариб келаётган биоусул лабораториясининг меҳнат маҳсули ҳам экинлар ҳосилдорлигини оширишда ӯзига яраша салмоқли улуш қӯшади. Мамлакатимизда асосий соҳалардан бири пахтачиликни олсак, бу экинга зарар берувчи ӯргимчаккана, кӯсак қурти ҳисобланади. Пахтакорлар  ғӯзасига тушган бу зараркунандаларга қарши курашни уюштирадилар, аммо, кӯпчилиги кӯнгилдагидек ташкил этолмайди. Аввало, кимёвий дориларни қиммат нархда харид қиладилар, бу суюқликнинг сув билан аралашмасини пуркаб чиқиш учун махсус ОВХ дори пуркагич мосламаси тақалган тракторларни далага киритиш лозим бӯлади. Ҳар литр ёқилғининг сарфи сомонийга чақилиб, бу қимматга тушган кимёвий дори харажатининг устига қӯшимча устак бӯлади. Харажат ошиб тушаётгани учун пахтакор обдон ӯйлаб кӯради-да, харид қилган дорининг ҳашаротларга таъсир этиш ӯлчамини паст кӯрсаткичда сақлаб, мӯл сувга аралаштирган ҳолда мӯлжалдагидан кӯпроқ далага ишлов беришни назарда тутади. Пахтакорнинг бу иш усули самара бераоладими, мутахассиснинг кӯрсатмаси амалида иш юритилмаса албатта, ҳашаротларнинг ёппасига нобуд бӯлишига ҳеч ким кафолат беролмайди. Азиз пахтакорлар, юқоридаги тушунтиришни беҳуда келтирмадим. Ғӯзага тушаётган зарарли ҳашаротларга қарши курашнинг қулай ва арзон усули бу биолабораторияда ишлаб чиқарилаётган қӯлланмалардир. Мисол тариқасида олсак, ғӯзага тушадиган кӯсак қуртини нобуд қиладиган ва умуман, қуртнинг урчиш даврини йӯққа чиқарадиган биоусул сизга қӯл келади. Лаушка (қопқон) қӯйинг, бунинг биттаси яқин икки гектардаги ғӯза кӯсакларига қурт тушмаслигининг олдини олади. Қопқонда кӯсак қуртини урчитувчи урғочи капалакнинг ҳиди бӯлади. Эрта уйғонадиган эркак капалак кезиб юрганда урғочисининг ҳидини оладию қопқондаги елимга ёпишиб қолади ва шу ерда нобуд бӯлади. Бу ҳудди хӯрози бӯлмаган товуқ тухум босса ҳам жӯжа очиб чиқмаганидек, урғочи капалак  тухум қӯйса-да, пучга чиқиб кетаверади, ҳеч қачон бу уруғдан қурт очилиб чиқмайди. Экинлар ҳосилига тушадиган қуртларга  қарши курашда габроброкон капалаги деҳқонга қӯл келади. Бу капалак кӯсак қуртининг ӯрта ва катта ёшдагисини нобуд қилишда муҳим ӯринни эгаллайди. Габроброкон капалаги дала айланиб, ғӯзалар кӯсагини синчков кузатади, мабода қурт бӯлса, уни чақади ва мажруҳ ҳолатга келтиради. Сӯнг эса ӯша қурт танасига тухум қӯяди, карахтланган қурт тухумдан очилган бир тӯда қуртчаларнинг катталашувида озуқа ҳисобланади. Бир дона она габроброкон капалаги ӯз ҳаёти давомида 180-300 дона тухум қӯяди. Бу даврда эса она габроброкон капалаги ғӯза кӯсакларидаги 500 дона зарарли қуртларни карахт ҳолга келтиради. Ҳозиргача “Нури Вахш” ва “Деҳқонобод” қишлоқ жамоатлари ҳудудидаги деҳқон ва фермер хӯжаликлари соҳиблари, томорқа эгалари 250 дона қопқон харид қилишди. Бу деҳқонлар ҳар йил ғӯза кӯсаги, помидор ва дон учун экилган маккажӯҳори сӯтасига тушадиган зарарли ҳашаротларга қарши курашда ана шу қопқондан унумли фойдаланишадилар. Азиз деҳқонлар, экинларингиз ҳосилига путур етказувчи зарарли ҳашаротларга қарши курашда сизга биолаборатория усулида яратилаётган қӯлланмалар қӯл келади. Ҳеч иккиланмасдан харид қилинг, пайкалларда синаб кӯринг, ютуқлар кӯрсаткичи сиз томонда бӯлади. Маҳмад ЮСУПОВ, ноҳия ҳудудий биолабораториянинг бошлиғи.                                                                           Тожик   тили  –  давлат   стуни   Давлат тили мақомини олган тожик тилини мукаммал ӯрганиш ва ӯргатиш ва бу тилда ёзиладиган битикларнинг тӯлиқлигича бӯлишлиги борасида  гап кӯп юритилади. Тил—миллатнинг мавжудлиги ифодасидир. Давлат тили иш юритиш мақомини ҳосил қилди. Тожикист он давлат мустақиллигининг шарофати билан тожик тили гӯзаллиги ва нафосатини тӯлалигича намоён этишга эришмоқда. Аслида тожик тили дунёдаги энг гӯзал ва фасоҳат тилларидан бири сифатида эътироф этилган. Бунга ишончли далиллар орқали яна бир карра мурожаат этамиз. Дунё таниган Пушкин, С. Есенин, Гётеларнинг тожик тилини ӯрганишга майли ва шавқи бӯлганлиги ҳам сир эмас. Ёҳуд  Саъдийнинг мисралари Бирлашган Миллатлар Ташкилотининг пештоқини безаб турганлиги ҳам ӯз исботини топиб турибди. Ёки Россия Президенти В. Путиннинг Умар Хайём рубоийларини севиб ӯқиши ҳам эътирофнинг ӯзгинаси. Тожик тилини ӯрганиш борасида ҳали ҳам изланишлар, қӯлланмалар тайёрлаш давом этмоқда. Давлат тилини ӯрганишнинг қулай томонларидан бири бу мактабгача болалар боғчасида таълим ва тарбияни яхши йӯлга қӯйишдир. Бола ҳар куни тожик тилида мулоқотда бӯлса, шу тилда олиб борилган тушунтиришлардан кӯникмалар олса, келгусида давлат тилини мукаммал ӯрганиб олган ёшлар ҳисобланади. Ӯзбек ва бошқа тилда дарс олиб борилаётган билим даргоҳларида  ҳам тожик тилини ӯрганишда дарслик жадвалларига қӯшимча  соатлар киритилиши бугуннинг ҳаётий талаби ҳисобланади.Тӯғри, қуда-анда бӯлиб кетган яқин-узоқ қариндошлар билан урфиятдаги  оддий тожик тилида сӯзлашувчилар кӯп. Биз асосан тожик адабий тилини мукаммал ӯргана боришлик борасида ӯзимизнинг фикр-андишаларимизга таянган ҳолда сӯз юритмоқдамиз. Тожикистон давлатининг ривожу равнақи ва келгусида тараққиётнинг юқори поғоналарига чиқишида албатта, ӯз мақомига эга давлат тилининг ӯз ӯрни бор. И. ЭШМУРОДОВ.                     2019-2021—“Қишлоқлар, сайёҳлик ва халқ ҳунармандчилигини ривожлантириш йиллари”                  “Чилучор  чашма” — зиёратгоҳ   маскан   Гӯё қӯл бармоқларини эслатувчи қора-қизғиш тешик тошлар орасидан сизиб чиқаётган бу зилол сув неча асрлар давомида одамларни мафтун айлаб, “Чашмажон”, дея қадрланиб келинмоқда. Ҳозир бу жой республикамизнинг ички туризмини ривожлантиришга салмоқли улуш қӯшиб келмоқда. Бу зиёратгоҳ масканга ҳар куни уч-тӯрт минг киши мамлакатимизнинг турли жойларидан ташриф буюрар эканлар. Келувчилар дарахтлар сояларида ӯрнатилган сӯрилар ва супаларда бемалол салқинланиб ӯтиришадилар. Бу ерда турли хил миллий таомлар пишириладиган ошхоналар мавжуд, ихчамгина бозорчаси эл хизматида. Ёшларнинг ҳар  хил ӯйинлари учун ҳам тӯлиқ шароитлар бор. — Бугун “Чашмажон”га оилавий бориб келдик, зиёрат қилдик, чашма сувидан баҳраманд бӯлдик,–дейди “Нури Вахш” қишлоқ жамоати ҳудудида  истиқомат қилувчи Шерали Норқувватов сӯзида давом этиб.–Руҳан тетик бӯлиб, қалбимиз  ватандорлик ҳиссиёти билан жӯш урди, ӯзимизни юрт ободончилигида камарбаста тутиб қайтдик. –Имконини топиб, бу ерга тез-тез келиб тураман, келишимнинг асосий мақсади онамнинг буюртмасини бажариш бӯлади. Бугун ҳам беш литр сиғимдаги идишда чашма сувини олиб кетаяпман. Онажоним бир умр шу сувдан  истеъмол қиладилар,–дейди Қабодиён ноҳиясининг “Тахти Сангин” қишлоқ жамоати истиқоматчиси Рамазон Муроталиев фахрга тӯлиб.—Тӯғри, чашма сувининг баъзи дардларга шифобахшлик хусусияти ҳам мавжуддир. Чунки кекса онам чашмажоннинг сувидан ичсам, танам яйрайди, руҳиятим енгил тортади, дейди. “Чилучор чашма”  одамлар учун зиёратгоҳ ҳамда дам олиш масканга айланган. Бу ерда келиб-кетувчилар учун янада қулайликлар  яратиш имконияти излаб топилса, нур устига аъло нур бӯларди.    Ш. МУРОДОВ.                                                                 Яна таътилдаги болалар ҳақида                                        “Сув  тошқин,  чӯмилма   болам!”   -Пандемия сабаб ӯқувчиларга таътил берилдию, баъзи ота-оналар фарзандлар тарбиясига эътиборсизлик қилишмоқда. Дарё, кӯл, анҳорга йӯлингиз тушиб қолса, ӯнлаб болалар чӯмилишаётган бӯлади. Улар орасида ҳали ёш, сувда сузишга уқиби бӯлмаган болакайларни ҳам учратасиз. Шу боис ҳар бир ота-она фарзандларига: “ Сув тошқин, чӯмилма болам! “, дея уқдиришлари  муҳимдир.”       (Куюнчак оталар сӯзидан). Ҳақиқатан шундай, пандемия сабаб уйда қолишган фарзандларига эътиборсизлик қилаётган ота-оналар болаларини тергаб туришлари зарур. Тӯғри, қишлоқ аҳолисининг кӯпчилиги уч-тӯртта молини болаларига ӯтлатиб келишларини буюрадилар. Айниқса, тӯқай шароитида мол боқувчи болалар ёзнинг жазирама иссиғига бардош беролмай, салқинлаб олиш учун ӯзларини дарё ёки кӯлу анҳор сувига ташлашади. Ҳар йил ноҳиямиз ҳудуди бӯйлаб сувга ғарқ бӯлганларни эшитиб турамиз.Аксарининг тақдири ҳаёт билан видолашуви натажасида ҳал этилган бӯлади. Халқимизда “Кӯзинг чиқмасдан олдин қӯриқла”, деган мақолни айнан шу сувга чӯмилиш жараёнида юз берган нохуш воқеаларга нисбат бериб айтса ӯринлидир. Шундай экан, ота-оналар фарзандларига нисбатан эътиборсизлик бӯлмасликлари керак. Ӯша куюнчак отанинг гапидек, “Сув тошқин, болам чӯмилма!”дея эслатиб турилса, чӯмилишнинг оқибати нималар билан тугашига эътиборлироқ бӯлиб насиҳатлар бериб туришса, ҳар бир бола албатта, дарё ёки анҳор ӯзанига яқин йӯламаслиги аниқ. Айни дамда мол боқмайдиган болакайларнинг аксари дарё соҳилида кезишади. Ёшгина бӯлишига қарамай уларнинг қӯлларида қармоқ бӯлади, мақсади илгак орқали балиқ тутиш. Ота-оналар эрталабки нонуштада болаларини ёнларига чақириб, ижтимоий меҳнат билан албатта, қурби етганича машғул бӯлишларини, кӯпроқ вақт ажратиб, бадиий ва дарслик адабиётлар мутолаасини насиҳат берсалар, кӯнгилдаги гаплар айтилган бӯлади. Шундан сӯнг болалар ҳам одоблироқ бӯлади, баъзилари тӯғри хулоса чиқариб, уй шароитида чӯмилишни одат қиладилар  Ф. МӮМИНОВ.                                                                    

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code