ҲАҚИҚАТРО ДАР ФИЛМИ  “ХИЁНАТ” ДАРЁФТ НАМУДЕМ.

ҲАҚИҚАТРО ДАР ФИЛМИ  “ХИЁНАТ” ДАРЁФТ НАМУДЕМ.

Таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои волои миллӣ ва пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои созандаи фарзандони фарзона ва раъиятпарвари миллат аз ҳар як фарди баору номуси кишвар масъулияти басо бузургро талаб намуда, накукорӣ, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, ҳақиқатпарастӣ, ватандӯстӣ ва содиқонаву софдилона хизмат кардан ба миллату давлат нишон аз ҷавонмардӣ, инсонгароӣ ва шарафмандист. Пас ҳар яки моро месазад, ки дар пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои созандаи мардони хирад, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ҳадафҳои рушди устувор камари ҳиммат баста, барои ояндаи ободу зебо, зиндагии орому осоишта, пойдории сулҳу субот, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои волои миллӣ саҳми арзишманд ва назаррасро дар хизмати содиқона ба давлату миллат ва Ватани азизамон Тоҷикистон анҷом диҳем, амалҳои хоинонаи хоинони миллатро қотеъона маҳкум намуда, бетарафи зоҳир накарда, барои решакан намудани амалҳои террористию ифаротгароёнаи онҳо мубориза барем. Тариқи шабакаҳои телевизионӣ филми мустанади “Хиёнат”, ки вобаста ба ватанфурӯшиву хоинӣ, иғвоангезиву дасисабозиҳои гурӯҳҳои террористӣ, аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати ислом ва пайравони Кабирии беимон нақл мекунад, пешкаши мардум гардонида шуда, бори дигар симои разилонаи хоинонро фош намуд. Мавриди зикр аст, ки филми мазкур дар сатҳи баланди касбӣ, бо истифодаи факту рақамҳо ва омори дақиқ, андешаҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла аз байни атрофиёни Кабирӣ ва хонаводаи ӯ омода гардида, аз ҷумлаи филмҳои ҳуҷҷатие мебошад, ки зимни тамошои он ҳама чизро фаромӯш карда, такрор ба такрор тамошо кардан онро мумкин аст. Зимни тамошои филми “Хиёнат” оид ба фаъолияти нопоки собиқ Ҳизби наҳзати ислом аз оғоз то лаҳзаи манъи фаъолияташ, шинос гардондем. Масалан, дар қатори ҷиноятҳои нобахшидании Кабирии манфур дар филм таъкид гардидааст, ки “аз ҷумла ҷиноятҳои Кабирӣ ин додани маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА ба Ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2015 барои анҷоми табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад” ва дар ин асно дар филм наворҳое пешкаши тамошобин мегарданд, ки дар он нафароне равшанӣ андохтаанд, ки фирефтаи ваъдаҳои бардурғи Кабирӣ гардида, оқибат маҳбасӣ шуданд. Вақте, ки шахсони доираи худи ӯ, наздикону пайвандонаш, ки тӯли чандин сол дар хизмати Кабирӣ буданд, чунин ақида дошта бошанд, пас дигар барои ин хиёнаткорон чи бояд гуфт? Онҳо ватанфурӯшони хинояткоранд! Дар филми мустанади “Хиёнат” масъалаҳои кӯдакиву наврасии Кабирӣ, таъсири шахсони наҳзатӣ ба ӯ, чун шахси ифротӣ шакл гирифтани шахсияти вай, хизматҳои ӯ барои “хоҷагонаш”, дастуру ҳидоятҳои иғвоангези дигар “устоди” Кабирӣ  -Ҳимматзода, дар Ҷумҳурии арабии Яман азхудкунии таълимоти мазҳаби ШИА ва амсоли ин, ҳамзамон, ҳатто бо модараш падруд накарда, барои иштирок дар конфронс ва ба даст овардани маблағи муфт дар ҳаҷми 200 доллар,  ҷанозаи модарашро аз хориҷ тариқи телефон хондани ӯ нақл мекунад. Дар асл, тавре ки дар филм таъкид мегардад: “Агар одам ба падару модари худ, ки ба умеде фарзанд гуфта нури чашм гуфта калон мекунад эҳтирому эътиқод надошта бошад,  магар аз чунин ашхос барои дар рӯзи мотами ҳамсояи худ, ҳамватани худ сугворӣ кардан рӯи умед ҳаст? Пас аз чунин шахсе, ки ҳатто баландтарин инсон –модар дар наздаш арзише надошта бошад чӣ ҷои гила аст? Ватану миллат танҳо моле буда метавонанд барои фурӯш…” Чуноне, ки дар филм қайд гардидааст: “Касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст – бахшидан мумкин аст, вале касе, ки хиёнат кардааст – бахшида нахоҳад шуд”. Ифлосиву ноҷавонмардӣ, нотавонбиниву ношукрӣ ва дур аз Ватан будан шуморо оқибат ғарибкафан, ғарибгӯр месозад, хоинони бешарафи миллат!

Имомхатиби  масҷиди ҷомеи ба номи

Саломхонҳоҷии ҷ\д Нури Вахш                           Муҳаммадиев А

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code