Саразм-хазинаи  тиллоии  таърихи  миллат

                  Саразм-хазинаи  тиллоии  таърихи  миллат  

Соли ҷорӣ 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳанӯз дар ибтидои солҳои 2000-ум Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ёдгории Саразм дидан намуда, таъкид карданд, ки ин ёдгории арзишманд аз таъсири боду борон бояд муҳофизат карда шавад ва то ин ҷониб ба ин шаҳри қадима диққати махсус зоҳир намуданд. Дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат 19 марти соли 2018 Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ суханрони намуда, чунин таъкид карда буданд: «Таърих ойинаи ҳар халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум, махсусан наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд». Нахустин муҳақиқи ёдгории Саразм, бостоншинос-Абдуллоҷон Исҳоқов мебошад. Ӯ тирамоҳи соли 1976 дар ин шаҳри қадима ба таҳқиқот шурӯ кард. Соли 1977 натиҷаи аввалин ба даст омад, ки диққати олимони шӯравиро ба худ ҷалб намуд. Омӯзиши асосии ёдгорӣ ба солҳои 2000-2019 рост меояд. Бозёфтҳои гуногуни ин ёдгорӣанд, ки мардуми Саразм ба кишоварзӣ ва ҳунармандӣӣ машғул буданд. Онҳо фарҳанги захира кардани маҳсулотҳои кишоварзиро хуб медонистанд. Сокинон як қисми ҳосилро дар зарфҳои сафолӣ захира мекарданд. Инчунин дигар намудҳои фарҳанги кишоварзӣ ва ҳунармандиро аз бозёфҳои он метавон эҳсос кард. Бояд гуфт, ки Саразм ягона ёдгории аҳди энолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Вароруд буда, ба миёнаи ҳазораи 4 ва ибтидои ҳазораи 3 то милод мансуб аст, ки сарчашмаи ифтихори миллату давлат ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.   Бисёр рамзист, ки 5500-солагии Саразми бостонӣ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост омад. Имрӯз ёдгории Саразм диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардааст. Мояи ифтихор аст, ки шаҳри Саразми бостонӣ ҳамчун қадимтарин ёдгорӣ ва мероси таърихии тоҷикон 31 июли соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ аз 2 майи соли 2019 қарор қабул кард. Шаҳри бостонии Саразм бо бозёфтҳои нодираш дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хосаро соҳиб шудааст ва ӯ яке аз қадимтарин марказҳои ташаккули фарҳанги шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандии ниёгони мо мебошад. Саразм хазинаи тилоии таърихи миллати тоҷик аст. Аз ин рӯ мо омӯзгорон, бахусус муаллимони фанни таърихро зарур аст, ки Саразм ва дигар ёдгориҳои таърихи халқамонро ба шогирдон дуруст муаррифи кунем ва онҳоро дар руҳияи худшиносии миллӣ тарбия намоем.    

Шарифов Абдураҳмон, муовини директор

оид ба корҳои таълимии МТМУ №39,

омӯзгори фанни таърих  

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code