Ислом  ба  зоти  худ  надорад  айбе

                       Ислом  ба  зоти  худ  надорад  айбе  

Дар ҳар давру замон шахсҳое ҳастанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ исломи азизро сипари худ қарор медиҳанд. Кабирӣ ҳам яке аз  ҳаминҳо мебошад. Хонандагони азиз оё мо шахсеро, ки ба гуфтаи Худо ва пайғамбараш амал намекунад ӯро пешвои худ қарор диҳем. Пайғамбари ислом, ёронаш уламои дин ва пешвоёни ислом бо сару либос ва бо ахлоқ аз аз ғайрашон фарқ мекарданд, яъне худро ба яҳуду насоро ташбеҳ намекардан. Кабирӣ бошад худро бо яҳуду насоро монанд кардаву аз ислом ҳарф мезанад. Шумо қазоват кунед, ки Кабирӣ бо ҳизбаш дар мудати қариб 40 соли фаъолияташ чи фоидае барои ин давлату миллат овард?, оё мактабе бунёд карданд то фарзандони ин миллат дар он мактабҳо бихонанду монанди С. Айнӣ ва Б. Ғафуров бо асарҳои худ миллати тоҷикро дар саросари дунё муаррифи намояд?, ё ин ки табобатхонае сохта ба хизмати ин миллат супорид, ки мардум аз табобатхонаи вай истифода барад?, ё ин ки ба касе дасти кӯмак дароз кардааст? ё бо ин ҳизбаш дар куҷо кори хайреро анчом дод, ки мусалмоне ба ӯ ташаккур гӯяд. Мутаасифона ғайри иғвою хархаша ва душманӣ дигар кореро анҷом надодааст. Агар даҳҳо савол диҳем, боз ҳам беҷавоб мемонад. Хонандагони азиз бояд  бетарафиро ихтиёр накунем ва бо нангу номус бошем. Мо бояд ҳисси миллӣ дошта бошем ва миллатамонро дӯст дорем.

Насрулло Файзуллоев,

сархатиби ноҳияи Дӯст

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code