Таърихи сиёҳ

Таърихи сиёҳ

 

Коре, ки аз чорчубаи қонун берун мебарояд, яъне дар доираи қонун амалӣ карда намешавад, ҷинояткорӣ шумурда мешавад. Давлат низ нисбати он шахс чораҳои зарурӣ андешида, ба чавобгарӣ мекашад.

Агар назар  ба таърихи гузаша  оварем, дида мешавад, ки якчанд нафар шаҳрвандон  дар мақому манзалати болоӣ кор мекарданду  лекин дар асос даст ба қонунвайронкунӣ  мезаданд. Мисоли ин гуна  нафарон кам нестан,  ба монанди  Муҳиддин Кабирӣ,  Ҳоҷи Ҳалим, Али Бедак  ва ғ…

Дар филми ҳуҷатии  «Хиёнат», ки дар шабакаҳои  телевизионии Тоҷикистон, Сафина, Ҷаҳоннамо ва Синамо нишон додани  он амалҳое, ки аз ҷониби  Собиқ  роҳбарӣ  Ҳизби Наҳзати Ислом Муҳиддин Кабирӣ  ва аъзоёни ин гуруҳ кардаанд, далели ин гуфтаҳост. Яъне маълум шуд, ки  Муҳиддин Кабирӣ бо аъзоёни гуруҳаш  ба корҳои терористиву-экстремистӣ  даст мезадаанд. Ҷавононро тариқи сомонаҳаи интернетӣ,  бо ҳиллаву найранг гўён аз дини ислом ҳарф зада, ба доми фиреб мебурдааст ва аз онҳо гуруҳҳои ифротӣ омода мекардааст.

Ба мафкураи љавонон акидаҳои тундгарои худро бор намуда, ба онҳо  тарзи истифодаи  яроқҳои оташфишонӣ меомухтаанд ва ба љони садҳо  шаҳрвандон, кормандони  шоиста,  олимон ва нависандагон, рузноманигорони маъруф, шоирон ва монанди инҳо садҳо чеҳраҳои шинохтаву чандин корхонаҳои давлатӣ,  суйиқаст мекардаанд.

Дар филми ҳуҷатии «Хиёнат»  дида шуд, ки аз тарафи  собиқ аъзоёни Ҳизби Наҳзати Ислом таҳти роҳбарикунандаи  Муҳиддин Кабирӣ  амалҳои терористї  гузаронида, бисёре аз шахсиятҳои шиноҳтаро даҳшатвор ба қатл расонидаанд.  Ҳамзамон писари  Муҳиддин Кабирӣ, Тиллои Кабирӣ бо ҷавонии худ нигоҳ накарда  ба хариду фуруши яроқ  машғул будааст. Дар баробари  ин писари М. Кабирӣ бе ҳуҷати ронандагӣ  мошинсаворӣ карда,  дар роҳ  кўдаки хурдсоли 8-соларо бо номи Муҳсидин дар рӯзи мавлудаш  бо мошин  зада, ба ҳалокат расонидааст.

Модари писарак , ки дар хона  дастархон ороставу интизори писараш буд, ки бо дустонаш  зодрузашро ҷашн гиранд, вале афсус, ногоҳ ҳамсояҳо кудакро бо ҷони баромада  ба хона дароварданд.

Акнун худ хулоса бароред, ки аз дасти ин падару писар мардум чи ранљҳое кашидаанд.

Барзами ин ҳама балоҳо боз Муҳиддин Кабирӣ ба љои ҳамдардиву тасалият ба назди  модари ин кўдак омада, зулму ситам мекардаст, ки ба мақомот даъво накунад.

Ҳамин тавр, бо фиребу найранг  писари  ӯро бе гуноҳ  бароварданду ҷазояш надоданд.

Аммо  давлат ҳамаи амалҳои  анҷомдодаи  ғайриқонунии собиқ раиси Ҳизби Наҳзати Ислом   Муҳиддин Кабирӣ ва  аъзоёни хоинашро ошкор карда,  хиёнаткори давлату миллат  эълон карданд.

Ҳоло бошад  Муҳиддин Кабирӣ  гурехта  ба хориҷа  рафтааст ва аз берун истода то ҳол ба  ватани мо неш зада истодааст. Вале ин хоини миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопокаш нахохад расид. Зеро мо-мардуми сарбаланди тоҷик баҳри тинҷии ватани хеш  мубориза  нишон дода намегузорем, ки миллати мо пароканда бошад, ва баҳри ободонию созандагии кишвари махбубамон-Тоҷикистон саҳми худро мегузорем.

Нафаре, ки иштибоҳ намудааст, давлат ӯро мебахшад.

Нафаре, ки хиёнат кардааст, давлат ҳеҷ гоҳ ӯро намебахшад.

Абдулҳафиз Қурбонов,  

муовини раиси КИ ҲХДТ

  дар   н. Дӯстӣ  

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code