Шӯрои                         ҳамоҳангсозӣ  оид  ба  пешгирии  суйистеъмоли                       маводи  нашъадори  назди  мақомоти    иҷроияи                                  ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Дӯстӣ

                                                    Шӯрои                         ҳамоҳангсозӣ  оид  ба  пешгирии  суйистеъмоли                       маводи  нашъадори  назди  мақомоти    иҷроияи                                  ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Дӯстӣ   Дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 10.01.2018с., №90 «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 14.11.2017с., №208 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.17, №211 «Дар бораи Стратегияи миллии мубориза ба зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Шарифзода З.Ҷ. ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бо аъзоёни Шӯро дар мувофиқа бо кормандони шуъбаи ВКД-и ноҳия баргузор гардид. Ҷаласаро муовини соҳавии раиси ноҳия, раиси Шӯро ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ Шарифзода Зебонисо кушода, ба баррасии ҳайати Шуро рӯзномаи ҷаласаро пешниҳод намуд. Дар ҷаласаи мазкур се масъалаи мубрам баррасӣ гардида, аз рӯи масълаи якуми рӯзнома «Санҷиши фаъолияти  Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадор ва Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муасиссаҳои ноҳия», баромади котиби Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Мустафокулов М. шунида шуд. Ӯ ҳангоми баромади худ қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бояд ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳия дар якҷоягӣ чораҳои мушахас андешанд. Зеро агар хариду фуруши маводи нашъадор роҳ ба сӯи ҷинояткорӣ ва маҳбас бошад, пас истеъмоли он ба генафонди миллат ва ба саломатии аҳолӣ, махсусан ҷавонони ноҳия хатари калон дорад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ дар самти ташаккули мафкураи устувори зидди нашъамандӣ ва майзадагӣ аз тарафи Шӯро тадбирҳои дахлдор андешида, бо аҳли ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, коллективҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳо хусусан, бо ҷавонону занон ва наврасон корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд. Новобаста аз он, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия вобаста ба иҷрои Нақша чорабиниҳои амалигардонии Стратегия корҳоро ба сомон расонида бошанд ҳам, ҳанӯз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти онҳо дида мешаванд-мегӯяд Мустафоқуллов М. Баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия вазифадоранд ҷараёни иҷрои амалигардони Стратегияи мазкурро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд. Аз тарафи масъулин  дар ҳамкорӣ  бо бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии падидаҳои номатлуб аз ҷумла, нашъамандию нашъаҷаллобӣ дар байни занон, ҷавонон ва насли наврас мунтазам корҳои амалию фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир карда шуданд. Аз натиҷаи корҳои ба анҷом расонида шуда, пайваста дар рӯзномаи ноҳиявии «Паёмӣ Дӯстӣ» матлабҳо ба нашр расонида, дар байни аҳолӣ маводи иттилоотӣ, овезаю буклетҳо тақсим карда шудаанд. Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Гузориши бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Олимзода Н. оиди «Гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотӣ ва маърифатии зиддинашъамандӣ бо аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хусусан бо ҷавонон, наврасон дар коллективҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳои ноҳия» шунида шуд. Дар асоси гузориши бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадор тамоми тадбирҳоро дар байни ҷавонон роҳандозӣ намуда, ҷиҳати саломатии аҳолӣ дар раванди соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шавад. Сипас, оид ба масъалаи сеюми рӯзнома «Баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, варзишӣ ва равшаннамоӣ дар қаламрави ноҳия бахшида 26 июн-рӯзи байналхалқии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» иштирокчиён фикру андешаҳои худро баён намуда, аъзоёни Шӯро, муовини раис ва котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадори назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати бо сифат иҷро гардидани чорабиниҳои дар нақшаи кории Шӯро барои соли 2020 пешбинӣ шуда, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бо назардошти баромад, ҳисоботҳо, фикру мулоҳизаҳо ва таклифҳои пешниҳодгардида, ҳамзамон дастуру супоришҳои раиси Шӯро, муовини раиси ноҳия Шарифзода Зебонисо ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ қарори дахлдор қабул кард, ки ин ба манфиати сокинони ноҳия, хусусан ҷавонон хоҳад буд. Инчунин дар маҷлиси Шӯро намояндаи маркази наркологии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон    Мусамиров Ҳайдар иштирок ва суханронӣ намуд.      Мустафокулов М., мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Дӯстӣ  

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code