Филми “Хиёнат” пардаро аз рўи Кабирии хиёнаткор кушод

Дини ислом дини ахлоқ ва покизагӣ аст, ки инсонро ба роҳи росту покизагӣ ва поквиҷдонӣ ташвиқ мекунад. Хиёнат ба мардум ва ба ватанро нораво медонад ва рехтани хуни мусалмонро резондани обуруй инсонро ва аз худ кардани моли инсоро ба зӯрию фиреб ҳаром гардонидааст. Ва инчунин ғайбату туҳмат ва таҳқир карданро манъ кардааст. Мутаасифона, равияҳо ва ҳизбҳое ҳастанд, ки дини мубини Исломро ҳамчун ниқоб истифода карда ин амалҳои нораворо раво медонанд ва сармашқи кори худ қарор додаанд. Дар асари пайдо шудани мазҳабҳои ифротгаро мисли мазҳаби Ваҳобия, Салафия, Равофиз ҳизбҳои сиёсие бо номи Ислом пайдо шуданд. Ин равияҳо равияҳои ҳақ шинохта нашудаанд яъне равияҳои ботил шинохта шудаанд. Ҳизбгароӣ дар дини мубини ислом нест ин равияҳо ба номи ислом ҳизбҳо таъсис додаанд. Ва ба ин восита доштани ҳизби сиёсии ба ном  Ислом худро мусулмони ҳақиқи шумориданд ва дигар мусулмононро мавриди азият қарор додаанд. Имруз ҳама нооромиҳо ва ҳама хунрезиҳо дар мамлакатҳои мусулмоннишин аз ин ҳизбҳои ба номи исломианд. Ягон ҳизби сиёсиро раво нест, ки дар номгузории ҳизби худ аз номи ислом номгузорӣ кунад ва инчунин раво нест, ки мусулмонон онҳоро аҳзоби  ислом ном бибаранд. Мо агар амиқ назар кунем дар Тоҷикистон асли ҳама кашмакашиҳо ва хунрезиҳо амали ТЭТ собиқ ҲНИТ буд. Дар даҳаи 90–уми асри гузашта амалҳое аз ҷониби ин ҳизб ва намояндагони онҳо сурат гирифт, ки дар ягон фармудаҳои дини ислом набуданд. Аз ҷумла тафриқаафканӣ ва маҳалчигӣ ва барпо кардани фитна ва кашмакашиҳои мазҳабӣ ва резондани хуни мусулмонон ва ба ғанимат гирифтани моли мусалмон ва резондани обуруйи мусулмонон. Ҳизбҳое, ки дар ниқоби ислом худро вонамуд мекунанд ягон муносибат ба дини ислом надоранд, фақат мақсад авомфиребӣ аст. Мардуми мусулмон бояд дониста бошаанд махсус ҷавонон, ки чунин тарзи номгузорӣ ин авомфиребӣ аст ва гург дар ниқоби гусфанд аст. Ва хиёнаткоре мисли Муҳиддин Кабирӣ анҷом додааст, ки онро мардум дар филми “Хиёнат” тамошо карданд. Имруз хиёнатҳои  Муҳиддин Кабириро ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд ва дар филми “Хиёнат” тамошо карданд.  Ҳаммаслаконаш низ ӯро ба хиёнаткорӣ муттаҳам карда гуфтаанд, ки мову ту аз деҳаи Қасамдара ҳастем, ки ин деҳа мардуми поквиҷдон дорад ту чӣ гуна чунин бевиҷдон ҳастӣ. Ронандаи Муҳиддин Кабирӣ низ ӯро ба хиёнаткори нисбат дода мегӯяд, ки ман фақат як ронадаи ту не, балки маро ҳамчун ғулом истифода кардӣ ва доим дар фикри кисаи худ будӣ. Агар мо худ дар таърихи ин ҳизб назар кунем ягон ободкорӣ намебинем Мо дар филми “Хиёнат”, дидем ва мушоҳида кардем, ки ин ҳизб аллакай аз даврони авохири ҳукумати шуравӣ даст ба амлҳои мусаллаҳона задааст. Ин филми воқеъбинона исбот кард, ки роҳи ТЭТ собиқ ҲНИТ хиёнаткорӣ аст, ягон нишонае аз ислом ва мусулмонӣ ва дурандешӣ дар ин ҳизб нест. Имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

Суфиаллоҳёри ҷ\ш 20 солагии И ҶТ                                  Саидов Н

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code