Бахшида  ба  30 – солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Омодагии  ҷиддӣ  бояд  дид!

                        Бахшида  ба  30 – солагии  Истиқлолияти

                               давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

                                  Омодагии  ҷиддӣ  бояд  дид!

 

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар деҳаю маҳалла ва шаҳрак бояд нуқтаҳои ниёзи аввал, монанди нуқтаҳои хизмати маишӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, ки ба таъмини ҷойҳои холии кор мусоидат менамоянд, сохта шаванд.

Ба ин мақсад, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба истиқболи сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии васеъи  роҳбари гуруҳи корӣ  оид ба сохтмон ва ба истифода додани бинову иншоотҳои ҷашнӣ, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ  Султонзода Сулаймон Саид ва раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол бо раисони ҷамоати шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирони бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар ҷамъомад роҳбари гуруҳ Султонзода С. С. суханронӣ намуда, аз рафти  нақшаи тарҳрезишудаи корҳои  созандагию ободонӣ  бахшида ба ҷашни дар пешистода изҳори нигаронӣ намуд.

Қайд гардид, ки аз 191 бинову иншооте, ки ба нақша гирифта шуда буд, то ба имрӯз 102-тояш ифтитоҳ ёфта, дар зиёда аз 30 иншоот корҳои сохтмони рафта истодааст.

Мутаасифона сохтмони   бинову иншоотҳои ҷашнии боқимонда то ба имрӯз оғоз наёфта,  ба 7-тои он ҳатто қитъаи замин ҷудо нагардидааст.

Аз ин сабаб бори дигар ба масъулин таъкид намуд, ки ҳарчи зудтар камбудиву мушкилотҳои ҷойдоштаро бартараф намуда,  кӯшишҳои худро баҳри ободонии ноҳия равона созанд. Зеро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти кам мондааст.

Инчунин дар вохӯрӣ баҳри иҷрои камбудиву норасоиҳои атрофи шоҳроҳ аз даромадгоҳ то маркази ноҳия ва боғи фарҳангии ноҳия ба гурӯҳу зергурӯҳҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Метавон гуфт, ки иҷрои он ҳама корҳои ободонӣ, хусусан сохтмони бинову иншоотҳои ҷашнӣ, аз  қабили бунёди роҳ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, сартарошхона, китобхона, ҳуҷраи хатнакунӣ, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, мағоза, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғайраҳо, ки то ҷашни мубораки   30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба нақша гирифта шудааст, метавонад симои ноҳияро ба куллӣ зебо намуда, сатҳи хизматрасониро ба мардум дучанд намояд.

     Баракатулло Валиев

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code