Хиёнатҳои ошкоргардидаи хоинони миллат дар филми  “Хиёнат”

Хиёнатҳои ошкоргардидаи хоинони миллат дар филми  “Хиёнат”

Падидаи номатлубе, ки имрӯз ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мебошад. Аз хатари ин авзои номатлуб дар сайёра миллионҳо нафар одамон ҷони худро аз даст додаву садҳо нафари дигар дар хавфу хатар қарор доранд, ки боиси нигаронист. Дар чунин сурат мебояд, ки ҳушёрву зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ноором нагардидани ҷомеа, бо гурӯҳҳои мамнӯи экстремистиву террористӣ мубориза намоем. Чунки онҳо як мақсад доранд, бо роҳи зӯриву истибдод, бесуботу ноором кардани давлат ва сарнагунсозии сохти конститутсионии кишварро мехоҳанд.

Имрӯз хатарҳои терроризму экстремизм, инояткории муташаккили фаромарзӣ ва дар ин замина мураккаб гардидани вазъи ҷаҳон яке аз мушкилотҳои асосии глобалӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бояд дар ҳама ҳолат ҳушёриву зиракиро аз даст надода, бо чунин гурӯҳҳои иртиҷоӣ мубориза намоем, то сулҳу субот дар кишварамон танинандоз бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу нопоки сиёсӣ содир карда мешавад. Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар иброз менамоем, ки номи неки исломро  бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари  терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. Тамоюли торафт қувват гирифтаистодаи  сиёсӣ намудани ислом фақат ба зарари он сурат гирифта,  дар назди оламиён симои неки аҳли онро манфур нишон медиҳад. Имрӯз мо ниёз ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгароӣ дорем, ки мардуми мусалмонро чун мардуми мутамаддин ва бофарҳангу илмпарвар таҷассум намоем».

Ҳамчунин ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Қобили зикр аст, ки тамоми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ танҳо як ҳадуфу мақсад доранд, ки ин ҳам бо роҳи зӯриву истибдод ва фиребу найранг бесуботу ноором сохтани  авзои сиёсии давлатҳо, вайрон кардани сохти конститутсионӣ, мубориза ба фарҳанги миллӣ, гумроҳсозии ҷавонон ва барҳам додани ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад. Вақтҳои охир аз тарафи гурӯҳои ифротӣ, аз ҷумла ташкилоти экстремистиву террористии  Ҳизби наҳзати ислом дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гунна дасисаву фитнаҳоро ба роҳ монда истодаанд. Дар  асл бояд огоҳ бошем, ки онҳо кӣ буданд ва чӣ гуна сари миллати тоҷик бадбахтиҳо оварданд. Суоли дигар ин аст, ки дар тӯли фаъолияташон барои манофеи миллати тоҷик чӣ карданд? Алабатта, ҳеҷ! Чун танҳо ба хотири нақшаҳои нопоки худ фаъолият намуданд, мехостанд тавассути сарпастони хоҷагони хориҷии худ, ҳокимияти кунуниро сарнугун намоянду ҳокимияти худро барқарор созанд.

Таърих гувоҳ аст, ки баъди пошхӯрии собиқ ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом бо истифода аз номи дини мубини ислом ба боварии ҷавонон даромада, онҳоро гумроҳ карданд ва ба амалҳои харобкорӣ даст заданд, ки дар солҳои навадум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовиматҳои сиёсӣ ҷараён гирифт. Касе ба ояндаи нек умед намебаст. Зеро ҳар рӯз нафароне кушта мешуданду қисме беному нишон. Фазоро садои тир тасхир карда буд. Бародар дар симои бародари худ душманро медид. Мардум аз тарси ҷон фирор мекарданд. Дар як муддати кутоҳ манзилҳои обод ва бинову корхонаҳои азим хароб гардиданд. Иқтисодиёти кишвар рӯ ба поин ниҳод. Аз як тараф қатлу куштор ва аз сӯйи дигар, одамон аз гуруснагиву фақирӣ азият мекашиданд. Ҳатто миллатро парокандагӣ таҳдид мекард.  Тибқӣ оморҳои расмӣ аз амалҳои номатлуби ТТЭ собиқ Ҳизби наҳзати ислом 160 000 сокинони кишвар ҷони худро аз даст додаанду ҳазор кӯдак ятим гардиданд. Миллионҳо нафар гуреза шуда, ба хоки кишварҳои ҳамсоя  рафтанд  ва сарсону саргардон гардиданд.

Ниҳоят бо талошу заҳматҳои бевоситаи фарзанди далеру шуҷо, марди асилу ватандӯст, Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ҳама парешониҳову саргардониҳои мардуми тоҷик бартараф гардида, кишвари маҳбубамон-Тоҷикистон ба макони амну осоиш табдил ёфт.

Бояд гуфт, ки соли 2015 ин гурӯҳои ифротӣ мехостанд, дубора фазои ороми кишварро халалдор намуда, миллатро парешон созанд. Хушбахтона, ин амали нопокашон аз тарафи кормандони сохторҳои қудратӣ бартараф карда шуд.

 

Чизи дигаре, ки тамоми амалҳои нангини ин хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИ ҳикоят мекунад, ки тайи солҳои соҳибистилолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ин филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” мебошад.  Дидани манзараҳои ваҳшатангез, террори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гаравгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки дар солҳои 90-ум ва пас аз он наҳзатиҳо анҷом доданд, дар зеҳни ҳар  бинанда андешаи онро бедор мекунад,  ки оё тоҷик ба чунин вахшиёнат қодир аст, магар онҳо лаҷоми ақли худро ба дасти бегонагон додаанд?

Дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурӯхташуда нишон дода шудааст. Ҳангоми тамошои он метавон фаҳмид, ки душманони асосии миллат киҳо будаанд ва оромии кишварро чи касон халалдор мекардаанд.  Ҳар як қисми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба намоиш гузошта шуда истодааст. Инчунин нафароне, ки ин филми ҳуҷҷатиро тамошо накардаанд, метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Ютуб» ва «Фейсбук»  дастрас намуда, аз ҳақиқати он лаҳзаҳои даҳшатангези кишвар, ки аз дасти киҳо сар задааст, огоҳ шаванд.

Мо ҳамагон бояд бидонем, ки ин хоинони миллат ба ҷуз фиребу найранг, куштору ғорат ва ноорому бесубот кардани кишвар дигар нақшае надоранд.

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки имрӯз мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус мардуми сарбаланди ноҳияи Дӯстӣ ба хубӣ дарк намуданд, ки беҳтарин неъмате, ки насиби мо гаштааст, ин ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад.

Аз ин рӯ, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва нагузорем, ки нохалафе ин фазои ороми моро хароб кунанд.

Б. Тилло

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code