Кабирии бешарафу хоин

Кабирии бешарафу хоин

Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони азиз, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барқарор аст барои муборизаи мафкуравӣ ҳоҷат нест, вале аксарияти мардуми тоҷик пайрав ва эътиқодманди дини мубини исломанд.

Мутаасифона, нафароне ҳастанд, ки аз   ин ҳолат истифода бурда мехоҳанд мардумро гумроҳ намоянд. Бо истифода аз ақидаҳои динию ифротӣ ва дассисабозиҳои хоҷагони хориҷӣ гурӯҳи хиёнаткорон  мехоҳанд, ки  ба сари миллати тоҷик фоҷиаи навро ба бор оваранд.

Мо ҷавонон бояд ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархурдор бошем. Моро мебояд, ки  бо дониши  комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузорем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тӯли солҳои охир  гаравидани ҷавонони ноогоҳ, махсусан аъзо гардиданашон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ  чун  рамзи нодониву ноогоҳӣ аз вазъи ҷаҳони имрӯза мебошад.

Яке аз масъалаи асосие, ки ба гаравидани ҷавонон  ба ҳар гуна  ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ оварда  мерасонад, ин истифодаи нодурусти шабакаи  интернет мебошад. Шабакаи интернет бо назардошти чунин ҷанбаҳо мавриди истифодаи васеъ қароргирифта аст:

-дастрасии умум;

– теъдоди зиёди баҳрабардорон дар тамоми ҷаҳон;

– равобити пинҳонӣ (бидуни ному насаб);

– паҳну пахши иттилоот;

– арзиши арзони созмондиҳии сомонаҳо;

– имкони ҷой додани аксу тасвирҳои наворӣ дар сомонаҳо ва ғайра.

 

Бо назардошти он ки шабакаи интернет барои густариш   додани сатҳи донишу фаъолияти илмии ҷавонон воситаи асосӣ ба ҳисоб равад, ҳам аз нуқтаи назари дигар  истифодаи нодурусти он метавонад шахсро  аз доираи инсонгарӣ тамоман берун барорад.

Вақтҳои охир террористон барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои худ аз ҷаҳонии интернет ба тариқи васеъ истифода мебаранд.  Яке аз чунин сомонаи террористие, ки хабарҳои дурӯғро паҳн намуда мехоҳад, ки вазъи оромиро дар мамлакат халалдор намояд, ин сомонаи (Akhbor.com) мебошад.  Ин гурӯҳ тобеи ташкилотҳои хориҷӣ мебошад ва ҳамеша хабарҳои иғвоангези дурӯғро пешкаш менамоянд. Ҳадафи асосии онҳо мардумро ҷанг андохтан мебошад.

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз он кишварҳое мебошад, ки дар роҳи рушди устувор қадамҳои худро гузошта истодааст. Ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзу шараф, нангу номуси ватандорӣ  ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо  дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Имрӯз тоҷикон чун миллати номдор, шуҳратманду чаҳонгард, маърифатдӯсту тавоноанд. Ин пешравӣ ба чашми баъзе аз саркардагони ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла ташкилоти экстремистӣ террористии собиқ ҲНИТ хуш наомада, онҳо ҳамаи ин пешравиҳои соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро нодида гирифта , дар паноҳи хоҷагони хориҷии худ паноҳ шуда, мехоҳанд дубора кишварро дар вартаи нооромӣ, яъс ва парешонӣ андозанд.

Лекин мо мардуми шарифу сарбаланди кишвар аз кирдори ин гуна Кабирию хоҷагонашон хуб огоҳем. Хиёнаткориҳои Кабирии хиёнаткор равшану возеъ дар филми “Хиёнат” хеле воқеъбинона дастраси мардум гардид. Онҳо дар давоми мавҷудияти бадғаразонаи худ ба ғайр аз хиёнат ба Ватан, ба миллат дигар чизе ба бор наовардаанд. Хиёнат ин вазнинтарин доғест, ки дар хотири насли имрӯзу ояндаи миллат абадӣ хоҳад монд.

Миллат Кабирию, Кабирӣ барин одамонро чун хиёнаткор  ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Ин гуфтаҳо беасос нестанд. Биёед биандешем:

Кадом инсон хонаи худ, хешу табори худро монда, баҳри молу чизу ваъдаҳои беасоси душманони миллат дастафшонӣ дорад? Ин Кабирист, Кабирии бешарафу бевиҷдон.

Ҳеҷ вақт ба дассисаҳои Кабирӣ ва гурӯҳҳои ба он шомил фирефта нахоҳем шуд!

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо,  ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ,  ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри  худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Мо ҷавонон ба суханони иғвоангези хоинони миллат бовар намекунем ва нахоҳем кард!

 

            Шафиев Ҳ. омӯзгор

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code