ЧОҲКАНРО  ЧОҲ ДАР  ПЕШ

ЧОҲКАНРО  ЧОҲ ДАР  ПЕШ

Ҳар гоҳ ба саҳфаи таърих назар меафканем қаҳрамонӣ,ҷоннисории шахсиятҳоеро пеши назар меорем,ки барои миллати тоҷик чи гуна заҳматҳо кашидаанд.

Халқи тоҷик аз қадимулайём ба ҳамма халқиятҳои ҷаҳон маълум аст ,ки халқи сулҳдустӯ меҳмоннавозу меҳнатдӯст ба шумор меравал. Ва ҳамаи халқиятҳо тоҷиконро бо ин падидаи некашон мешиносанду эътироф мекунанд.

Оре тарих гувоҳ аст сар карда аз Темурмалику Шерак аз Спитаменту дигар шахсиятҳо  барои тақдири миллати тоҷик ҷоннисорӣ намудаанд, то ки ин миллат, забон ва фарҳангаш аз байн нараванд.

Ба ҳаммаи миллати тоҷик маълум аст,ки солҳои 1992-1994 чи нобасомонӣ, ноадолатӣ ба сари халқи тоҷик фурӯ рехт, ки халқи тоҷик то ин дам ин зарбаро асло фаромуш намекунад.

Оре,садҳо хонаҳо хароб садҳо одамон қурбони як гурӯҳ ашхоси дасиссабозон шудаанд, ки инро асло фаромуш нахоҳем кард.

Филми мустанади «Хиёнат», ки ҳамаруза тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд, хеле бамаврид аст. Дар филми мазкур амалҳои хоинона, муғризона, ноҷавонмардона ва душманонаи роҳбарияти ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ХНИТ-ро нишон медиҳад, ки чи гуна миллату давлати худро зери оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашониданд. Бо ин қаноат накарда то имрӯз дар хориҷ аз кишвар бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд ,дубора миёни миллат ҷанги шаҳрвандиро барангезанд..Лек фаромӯш кардаанд,ки миллати сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол симои асосии ин хоинонро шинохтааст ва дубора ба ин миллатфурӯшон бовар намекунанд.

Гурӯҳе бо номи Паймони миллӣ (Паймони иблисон), ки аз ҷониби яке аз террористони наҳзатӣ Муҳиддин Кабирӣ таьсис дода шудааст, ба ҷуз як ташкилоти террористӣ дигар чизе нест.

Хамаи ҷавонони роҳгумзадаи тоҷик, ки ба сафи давлати худхондаи ба ном Исломии ДИИШ шомил шудаанд ва дар давлатҳои Сурияву Ироқ роҳу равиши худро, мақсаду амали худро надониста меҷангиданд ва ҳоло ҳам ин роҳгумкардаҳо дур аз ватан бе хонаву даранд, дастпарварони ТЭТ собиқ ХНИТ мебошанд.

Моро лозим аст,ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳар чи амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа бахусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем.

 

Маҳмадшоев А. омузгор

 

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code