ВОКУНИШИ Хиёнаткорони миллат

 ВОКУНИШИ

Хиёнаткорони миллат

Ман ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурими Тоҷикистон баъди тамошои филми хуҷҷатии “Хиёнат” нисбати афроде, ки дар филм омадаанд ҳисси нафрат дорам. Онҳо худро ватанпарасту, ватандор меноманд, худро мусалмон мехонанд аммо рафтору кирдоре, ки онҳо мекунанд на ба оини одамгарӣ рост меояду на ба оини мусалмонӣ.

Ҳар як фарди боору номус дар шодиву хурсандии ҳамдигаранд,  ғамшарики ҳамдигаранд. Дар рӯзҳои сахтӣ дастгири ҳамдигаранд.

Таърих гувоҳ аст! Ба монанди Кабирӣ инсонҳои нохалафу фитнаангез наметавонанд дар паҳлуи мардум бошанд, дасти ёрии дароз кунанд сари ятимеро сила кунанд!

Эй “ватанпарасту” “ ватандор” ва “фарди мусалмон” куҷо будӣ вақте, ки тоҷик хонаи тоҷики дигареро оташ мезад! Куҷо будӣ вақте, ки модари тоҷик ашк мерехт сари ҷисми беҷони фарзандаш?! Куҷо будӣ вақте, ки зани тоҷик дар мулки бегона таҳти шиканҷаи мардони бегона гашта буд, фарзанди тоҷик бехонумон дар мулки бегона гуруснаю ташна мегашт?!

….. ва садҳо чунин пурсишҳо, аламҳо, сузишҳои қалби хуноғуштаи мардуми ормонии тоҷикон! Ини ҳама дасисабозиҳои шумо баринҳо буд!

Хостед миллатро аз байн баред! Ҳуруфоти бегонаро паҳн кунед! Аммо ҳаргиз чунин нахоҳад шуд!

Шукри худованд, ки имрӯз Фарди боору номусе ба майдон омаду халқи тоҷикро аз хатари нестӣ раҳонид!

Эмомалӣ Раҳмон! Фарзанди фарзонаи миллат!  Фарзанди боору номус!

Дар рӯзҳои даҳшатбори миллат, ки ту  ва ту баринҳо  дар хориҷи кишвар ба айшу ишрату ватанфурушӣ машғул будеду ин Марди Бузург  бо сари баланду бо боварии том аз ҷой хесту ба шири модар қасам ёд кард, ки то ҷон дар бадан дорад , то вақте, ки дилаш метапад баҳри халқи хеш хизмат мекунад. Ӯ гуфта буд, то фарзанди охирини миллатро аз гурезагӣ ,аз мулки бегона ба ватан барнагардонам ором нахоҳам гирифт! Гувоҳи ин гуфтаҳо ин аст, ки  гуруҳи мухолифинро сари як миз ҷамъ оварду онҳоро ба сулҳ даъват намуд,баъди ҷанги шаҳрванди ҷони худро зери хатар гузошта ба ҳамсоя мулк рафта мардумашро, халқашро модари тоҷикро   хоҳару бародару додари тоҷикро  аз мулки бегона ба ватан овард, нагузошт то миллаташ дар мулки бегона хор шавад!, нагузошт зани тоҷик насли бегона таваллуд кунад! Нагузошт то миллат аз байн биравад! То ҳол барномаи “ Хоки ватан аз тахти Сулаймон беҳтар”  ки ҳар саҳар тариқи радио садо медод аз лавҳаи хотир нахоҳад рафт!

Вақте, ки сари ятимеро сила карда мегуяд, “ Духтарҷон,  писарҷон шумо ятим нестед, танхо нестед” ҳисси ватандориам баланд мегардад! Мефахрам аз чунин давлат, аз ин миллатам  аз  Сарварам!

Маҳз бо кушишу заҳматҳои ин Шахси  Ватандору Ватанпараст,  Шахси аз дин бохабару рисолат пеша мардуми мо дар зери нури истиқлол зиндагии орому осоишта доранд, аз сулҳу субот ва аз оромӣ меболанд!

Шукронаи ин сарзамини биҳиштосо мекунанд, шукронаи ватани ободу ором мекунанд! Шукрона мекунанд, ки Сарвари боору номус доранд!

Биёед назар мекунем.  Таърихро саҳфа мезанем ! Рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ … куҷоед  ватанпарастони забонӣ?,

рӯзҳои шодию хурсандӣ… куҷоед ватандӯстони забонӣ?

Кушодашавии шоҳроҳо….. куҷоед “фарзандони миллат”????

Ва ҳазорҳо куҷоеди дигар..

Дар ин рӯзҳои душвортарин ки тамоми дунёро ба таҳалука андохтааст  ин Марди сахиву фарзона дар байни мардум аст, дарстгири мардум аст,  шумоён куҷоед??

Баъди он ки баъди си сол мамлакат гулгулшукуфон асту, серию пуррӣ,ободию тозакориҳо ба миён омадааст аз дигар давлат истода, ман манию лоф мезанед, байни мардум таҳалука меандозед, мардумро ба низоъ овардани ҳастед!  Дар рӯзҳои ид оши мардумро шӯр карданиед? Ё аз тири хатохурдаатон аламдореду аламатон тоза мешавад дар рӯзҳои хурсандии мардум? Ҳамаи ин  ба хотири чӣ? Ба хотири пулу моли бегона, ба хотири зиндагии серу оромонаи худ дар давлатҳои бегона,  ба хотири ватанфурушӣ !!!

Ба умед ҳам нашавед! Сирати шуморо тамоми мардуми боору номус шинохт!  Касе фирефтаи шумобаринҳо дигар намешавад! Мо халқи бономусем, таърихи бой дорем, фарҳанги ғанӣ дорем! Мо пайравони Сарвари худ, Пешвои худ ҳастем!

Ӯ бо мо ҳасту мо бо Ӯ ҳастем!

Директори  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 и ноҳияи Дустӣ Зардакова Н.Р

 

 

 

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code