Кабирӣ хоини миллату Ватан

Кабирӣ хоини миллату Ватан

Тамошои филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Хиёнат», ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ  намоиш дода шуд, манро ба дунёи андеша ворид сохт.

Бубинед, ки аз дасти ин хоинони миллат халки тоҷик чӣ қадар азобу машаққат кашида, бе хонаву дар, гушнаю ташна, гуреза шуда,  кӯдакони зиёди бегуноҳ ятим шудаанд. Ин хоини ватанфурӯш аз думболи худ одамони бесаводро ҷамъ оварда, худро донову сарвар мешуморад, аммо Кабирӣ дар назди халқу миллати тоҷик ягон қадру қиммат надорад.

Ӯ хоини миллат, душмани халқ мебошад. Мардуми сарбаланду шарафманди Тоҷикистон, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, шаҳди нокомии ҷангро чашидаанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки нохалафе чашми бади худро ба сӯи ин миллату ин сарзамини аҷдодӣ кушоянд. Ҳамеша дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии , Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, бо меҳнату заҳмати шабонарӯзӣ Ватанамонро ба як гулшани зебои табиат, биҳишти рӯи дунё табдил додаанд, то ки хоинону бадхоҳони миллат ба мисли Кабирии ватанфӯруш бинанду ангушти ҳайрат газанд ва донанд, ки ҳеҷ гоҳ бо ҳеҷ гуна сухани пучу бофтаашон ин миллатро пароканда карда наметавонад.

Намоиши ин филм тавассути шабакаҳои телевизионӣ иқдоми саривақтӣ буда, мо ҷавононӣ Тоҷикистонро водор месозад ки дӯстро аз душмани худ шинохта, баҳри ободи Ватани азизамон сафдилона хизмат кунем. Мо фарзандон фарзонаи миллати тоҷик дар зери ливои Парчами миллӣ муттаҳид гардида, душманони Ватанро зери по менамоем.

Мирзоев С.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code