Симои аслии наҳзатиён боз равшан шуд

Симои аслии наҳзатиён боз равшан шуд

Филми  ҳуҷҷатии  «Хиёнат» ба  амалу  кирдорҳои  нангини   хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзоҳои ташкилоти  терористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон Ҳизби  Наҳзати Исломиро, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо  дастгирии  хоҷагони хориҷии хеш дар зидди давлату  миллати  тоҷик анҷом додан  бори дигар равшан сохт. Дидани манзараҳои ваҳшатангез, террори чеҳраҳои  сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои   байналмиллалӣ, харобу валангор намудани манзилҳои зисти  сокинони  минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90 – ум  ва баъди он бо дасти ҷаллодони онҳо анҷом ёфтанд, дар зеҳни ҳар як бинанда  андешаи  онро,  ки    «тоҷик  ба  чунин  ваҳшиёна қодир  нест,  магар  ақли  худро  ба  бегонагон  дода  бошад»  бедор  мекунад. Бо  чунин  доштани  собиқаи  талх  ва  шум  имрӯз ҳам  иддае  дар  шакли  гурӯҳҳои  бо  ном  муколиф  пойгаҳи  дари  аҷнабиёнро  манзил  карда, аз  худ  инсондӯст,  ҳомии  ҳукӯқи  инсон  метарошанд ва  дубора  мехоҳанд  саҳнаҳои  мудҳиши  таърихиро дар Тоҷикистони  соҳибистиқлол  такрор  кунанд.  Мо  шаҳрвандони солимақлу  саҳибватанро  лозим  меояд,   ки   аз  як  гиребон  сар  барорему   ба  зидди  чунин  ифроди  хиёнаткор   мубориза  барем,   нагузорем,  ки  Ватани  азизу  гул – гулгулшукуфони  моро  боз  ба  як  кишвари  ҷангзада  табдил  диҳанд.  Бо  меҳнати  софдилона,  бо  тайёр  намудани  ҷавонони  босаводу  бомаърифат  ва  тарбияи   дурусти  насли  наврас   бар зидди  чунин  ашхоси  ҷинояткору  хиёнатпеша  мубориза  барем   ва  нагузорем,  ки   Тоҷикистони соҳибистиқлолу саҳибтамаддуни  моро  газанде  рассад. «Хиёнат» симои аслии  наҳзатиёнро  намоён  кард. Ба  ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди барҳам   хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ яке аз рӯзариши шадидеро аз сар  гузаронд, ки дар саҳифаҳои таърихӣ боқи хоҳад монд, Дар ин давра нафароне дар зери ниятиразилонаву золимонаи  худ амалҳои  нопокро  анҷом додаанд. Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» имрӯз дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода шуд доир ба кирдору амалҳои ноҷавонмардонаи бархе аз тоҷикони  гумроҳ хоинони миллат,  бахусус аз роҳбарияти собиқ ҲНИТ ки тайи солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бар зидди  миллату давлати тоҷик амалҳои нокоре анҷом додаанд, маълумоти аниқе дод  Филми мазкур чеҳраи хоинони миллати тоҷикро аз забони шоҳидони воқеии ҳодисаҳои  терористию  экстремистӣ ошкор месозанд. Дар он ҳамаи  халафкориҳое, ки аз ҷониби роҳбарият ва аъзои ин ташкилот сар задаанд,  ба  ҳамагон  ошкор гардид. Филми мазкур  симои  аслии  наҳзатиёнро  бори  дигар  ба  мардуми  тоҷик  нишон  дода  дасисаю иғвоангезии онҳоро фош сохт.      Навори  мазкурро тамоми ҷомеа бахусус ҷавонон тамошо  карданд ва аз ин навор умед дорем, ки онҳо боз ҳам  аниқтару дақиқтар бо идроки қавӣ ва биниши чуқур таҳлил  намуда хулосаи худро нисбати ин хоинон қави месозанд. Ин  гуфтаҳои мо баҳри такмил додани насли наврас, ободии  кишвари азиз ва рушду нумӯъ ёфтани сарзамини мо  мебошад.  Мо  мардуми Тоҷикистон, ки зери парчами сулҳ осудаю обод зиндаги дорем бояд бидонем, ки ҳамаи ин гулгулшукуфонии давлат ва пойдории сулҳ  дар Тоҷикистон,  алтатта хизматҳои абармарди миллат Асосгузори Сулҳу   Ваҳдати миллӣ ва Пешвои Миллат муҳтарам Эмомали  Раҳмон  мебошад. Маҳз хизматҳои ин марди наку буд, ки  мо   дар як давлатӣ ободу зебо, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд  ва орому асуда зиндагӣ дорем. Моро месозад, чунин    Ватани биҳиштосоро чун гавҳараки чашм ҳифз кунему боз  дар ободу зеботар гардидани ӯ камари ҳиммат бандем.

Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики муассисаи

таҳсилоти  миёнаи умумии №13 Бегиҷонова Н.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code