Кабирии хоин ва пайравони каҷрави ӯ

Кабирии хоин ва пайравони каҷрави ӯ

Роҳбарон ва идае аз ҷонибдорони ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИТ вақтҳои охир аз хориҷи кишвар истода, ҷоғ мезананд, ки гуё қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ кардани ин ҳизб қонунӣ нест. Аслан бигуем, роҳбари собиқ  ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар чунин иғвою дасисабозиҳо таҷрибаи кофӣ дорад ва ҳар лаҳзае, ки иттифоқ афтад аз онҳо ба нафъи худ истифода мекунад. Он чанд нафар, ки дар ҳамоишҳо иштироку аз манофеъи ҲНИТ ҳимоят мекунанд аслан наздикони Муҳиддин Кабирӣ ҳастанд ва чунон вонамуд  мекунанд, ки гуё пайравону ихлосмандони зиёде доранд. Дар асл гирем ин ташкилоти  террористию экстремистӣ кайҳо мавқеи худро аз даст додаву миёни ҷомеа аз эътибор маҳрум аст, (аслан он обрӯву нуфузе надошт).  Мардум нисбат ба он нафрат доранд. Онҳо ҳоло ҳам пай набурдаанд ва бурда бошанд ҳам худро ба нодонӣ мезананд, ки филми «Хиёнат» ифшогари тамоми кирдорҳои разилонаи ин гӯруҳ гардид. Мо имрӯз ватани соҳибистиқлоли худро чун гавҳараки чашм нигаҳбонем ва дигар намегузорем, ки душмане чун Кабирии хиёнаткор  сулҳи бврқароргардида, ваҳдати халқи моро халалдор созад.

Рустамова Рузигул мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ

Кабирии беномус

Чанд рӯзи охир дар сомонаҳои иштимоӣ  Кабирии хоин, ки  дар кишвари бегона истиқомат дорад, бо ҳаммаслаконаш гуфтугуҳои хушку холиро нисбати Тоҷикистони азиз анҷом дода истодааст. Бадбахтона, баъзе ҷавонони ноогоҳ дар гирду атрофи Кабирии хоин чарх мезананд, бедарак аз он ки Кабирии беномуси хоин ҷавонони ноогоҳи тоҷикро дар гирди худ ҷамъ карда дар гирдоби пур аз азобу машаққат ғарқ карда истодааст  Ин шахсони гумроҳ бояд бидонанд, ки онҳо мисли нафарони дигар, ки солҳои қаблӣ дар гирди роҳбарони собиқ ҲНИТ ҷамъ буданду айни замон аз кардаи худ, аз кирдорҳои аблаҳонаю разилонаи худ пушаймон ҳастанд ва нисбати ин хоинони миллат нафрат доранд. Акнун баъди тамошои филми «Хиёнат» бори дигар мардуми сулҳпарвари мо ба ин разилон ва амалҳои ношоистаашон шинос гардида, боварӣ дорем, ки якдилу якҷо баҳри ҳифзи истиқлолияту ваҳдати Тоҷикистон сарҷамъона, бародарона кӯшишу ғайрат менамоянд.

Бурҳонова Хубон мутахассиси пешбарӣ бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code