Кабирӣ дар рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ зомин аст!

Кабирӣ дар рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ зомин аст!

 

Мунофиқ шахсеро мегӯянд, ки дар замираш ниятҳои нопок дорад, аммо дар байни мусулмонон худро муъмини покизакирдор ва дӯсти ғамхор нишон медиҳад. Мунофиқ аз шахси бедин бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашт ва дӯстро аз душман ҷудо кард.

Чунин як гурӯҳи мунофиқон солҳои навадум дар Тоҷикистон пайдо гардида, ҳизби ба ном исломӣ созмон доданд, ки бо гузашти айём ҳамчун ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шинохта шуд.

Бале, ҳодисаҳое, ки дар филми «Хиёнат» тамошо намуда, бори дигар симои номардона, ватанфурушонаи Кабириро, ки солҳои навадум ватани моро ба доми ҷанг кашида, сабабгори кушта шудани даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ, ятим мондани садҳо ҳазор тифлон, вайрону валаногор шудани шаҳру деҳоти обод мебошад дидем. Ин ҳамон Кабирӣ аст, ки худро ҳомии дини ислом гӯён бо ҳаммаслаконаш сар мебурид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сарҷамъ намудани халқи тоҷик, баҳри сулҳу суботи ватан ҳамаи гуноҳҳои собиқ ташкилоти террористии ҲНИТ-ро бахшид, ба онҳо вазифаҳои баланд дод, онҳоро парварид, аммо баъд аз гузашти чанд сол ҲНИТ бори дигар наштар зад. Бо роҳнамоӣ ва ҳидояти пуштибононаш мехост, моҳи сентябри соли 2015 бори дигар ватани моро ба хун оғушта сохта, зимоми давлатдориро ба дасти худ гирад. Аз оне, ки дар натиҷа боз ҳазор-ҳазор одамони бегуноҳ кушта мешаванд ва Тоҷикистон мисли Сурияву Ироқ хароб мегардад, парвое надоштанд. Аммо тирашон хок хӯрд. Ҳеҷ кас онҳоро дастгирӣ накард. Зеро халқи тоҷик хоҳони сулҳ аст ва ҳаргиз бадиву хунрезиро қабул надорад. Тоҷикистониён шинохтанд, ки Кабирӣ кист

Собиқ ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ошкор намекард, ки дар хориҷа пуштибон дорад бо ҳар баҳона худро ҳомии мардум карданӣ шуда, аз номи дини ислом баромад мекард.

Айни ҳол Муҳиддин Кабирӣ роҳбари фирории собиқ ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ватан фирор карда, дар кишварҳои бегона дур аз ватан буда боз мехоҳад, ки сухан кунад, мавқеи худро нишон диҳад.

Кабирӣ аз хориҷа истода тавассути сомонаҳои интернетӣ ҳар қадаре метавонад Тоҷикистонро бадном мекунад, зеро ба ҷуз бадгӯӣ дигар чорае надорад.

Имрӯз Кабирӣ мехоҳад бо ҳар роҳу восита ақидаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбати Тоҷикистон дигар созад, худро ҳомии дини ислом вонамуд кунад, нишон диҳад, ки маҳз барои пуштибонӣ аз ислом мавриди таъқиб қарор гирифтааст ва ғайраву ва ҳоказо.

Мегӯянд офтобро бо доман пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама медонанд, ки собиқ ташкилоти террористии ҲНИТ бо роҳбарии Кабирӣ кистанд ва чӣ ният доранд.

Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бадхоҳони миллатанд, онҳо нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз гомҳои ноустуворона ва суханҳои бесаводона гуфтан дигар илоҷ надоранд.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем, бикӯшем, ки ваҳдати миллии худро нигоҳ дорем, зеро сулҳу салоҳ, тинҷиву оромии кишвар аз ҳар яки мо вобаста аст.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба иттиҳоду якдилӣ даъват намуда, ба ҳамаи тоҷикони дунё пешниҳод менамоям, ки сулҳу салоҳ ва ваҳдати ба даст омадаро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошанд.

 

Мудири бахши дин, танзими анъана

ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ                                  Розиқов Н.Ш

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code