Ин фитнагарон боз ба найранги дигар

                       Ин фитнагарон боз ба найранги дигар

Тамоми мардуми тоҷик аз рӯзи ба даст овардани истиқлолият то имрӯз ҳамеша шукри озодиву оромӣ ва сулҳу амонии кишварро мекунанд, чунки дар як фазои орому озод умр ба сар бурда истодаан. Давоми чанд рӯз аст, ки  чанде аз наҳзатиёни бадхоҳ, ба мисли М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони хоинаш дар саифаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғу иғвоангезӣ ва найрангҳои нохалафонаашон, дар мавриди тағири ҳокимият баромад намуда, мехоҳанд фикри мардуми сарбаланди тоҷикро парешон намоянд. Вале ин миллати Ватандӯст аз ҳама найрангҳо ва мақсадҳои нопоки онҳо бохабаранд ва медонанд, ки Кабирии хоин ҷуз миллатро парешон сохтан мақсади дигар надорад. Тамоми қишри ҷомеаи мо сар карда аз насли наврас, ҷавонону калонсолон, кормандони тамоми ташкилоту корхона ва  пиронсолон низ  пайгири сиёсати имрӯзаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат буда, хушбахт аз онанд, ки  имрӯз дар Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон, бо кӯмаку дастгирӣ ва кӯшишу заҳматҳои ана ҳамин фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тамоми шароитҳои зисту зиндагонӣ муҳайё мебошад. Танҳо чанд нафаре аз хоинон ва ношукрони миллат, ки барои онҳо Ватан, модар, оила, фарзанд, ҳаёт ва озодона зистан дар рӯи замин ягон қадру қиммате надорад, фазои иҷтимоии мардумро халалдор месозанд ва  бо ин амалашон мехоҳанд шарафи миллати тоҷикро паст зананд, вале ҳеҷ гоҳ ин ниятҳои нопокашон амалӣ нахоҳад гашт. Ба ҳамаи сокинон муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳарфи ин хоинон гӯш надиҳанд ва ҳатто матлабҳои иғвоангезонаашонро ҳам мутолиа накунанд. Ин фитнагарон доим аз номи ислом ҳарф мезананд, вале онҳо аз дини ислом ва  аз мусалмонӣ бехабаранд. Танҳо ислом ба онҳо василаест. Онҳо фақат  аз пайи супориши хоҷагонии хориҷиашон ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсад наҳоҳанд расид. Дар ин баробар моро зарур аст, ки шукри тинҷиву оромии давлатамонро кунем, аз як гиребон сар барорему дастгирӣ  якдигар бошем  ва нагузорем, ки ҳеч як афроде кишварамонро халалдор насозад. Б. Валиев

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code