АНДЕШАҲОИ ШУНАВО

Ошкоро ва бе ҳеҷ гуна ғараз андешаҳоямро рӯи қоғаз меорам. Ҳар гоҳ навиштаҷотро бо имзои “Ш.Г.” мебинам ҳатто нахонда аллакай мазмуни онро медонам. Замоне бо таҳқиқи криминалистии матнҳо машғул будам ва аз ин рӯ онро бо дигар матнҳо қиёс намуда ба чунин хулоса омадам, ки гуфтаҳои муаллиф ҳама берабтанд ва ё а куҷое иқтибос шудаанд,

ҳамчунин яқин аст, ки ин навищтаҷот дар якҷоягӣ бо хоҷагони муаллифон, ки худ супоришҳои хадамоти махсуси кадом давлатеро иҷро мекунанд, эҷод шудаанд. Аз рӯи он, ки дар ин навиштаҷоти каммазмун мантиқ ба назар намерасад, метавон хулоса кард, ки муаллифон ашхоси чалласаводанду майл ба туҳмату иғвогарӣ доранд. Аҷабо, ки ин қаламбадастони ҳардамхаёл шояд руҳан носолим бошанд ва пурра аз дигарон вобастагӣ доранду мутеи онҳо ҳастанд ва дар илм инро “авҷи мавсимии беморӣ” меноманд. Танҳо одамони асабҳояшон сахт хароб розӣ мешаванд, ки бозичаи дасти дигарон шаванд, ба хотири он, ки дар пеши назари омма шуҳрат ёбанд. Ҳар як руҳшинос метавонад айнан ба чунин хулоса ояд, агар боре бо навиштаҷоти “Ш.Г.”, ки ба ҷуз ҳаёҳу чизе нестанд, шинос шавад. Шахсан ман кирдору рафтори “Ш. Г.”-ро, ки аз бадкирдориҳои худ шарм намекунад ва менависад, ки ӯ чи гуна бо Кабирӣ нияти табадуллоти давлатӣ доштанду баъди нокомӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқро фиреб дода гурехтааст, мушоҳида намудам, ба чунин хулоса амадам. Афти хунуки ӯро, ки худро “қаҳрамон” мепиндорад, ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки инсон чи гуна то ба чунин пастиву разилӣ мерасад. Шармам меомад, ки ӯ “ҳамшаҳрии” ман аст. Чунин одамон ба ҳама гуна ҷиноят ва кирдори разилона қодиранд, ва мехоҳанд бо ин роҳ номашон вирди забони мардум гардад. Фикру хаёли онҳо метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад ва хиёнаткорӣ ҳам барои онон чизи муқаррарист. Ягон чиз барои онҳо қудсӣ нест ва онҳо тайёранд, ки аз ҳисоби дигарон кайфу сафо кунанд. Онҳо шарму ҳаёро мутлақо намедонанд. Баъзе лаҳзаҳо онҳо девонаавзо мешаванд. Истифодаи коронавиус, ки фоҷиаи миқёси ҷаҳонӣ шудааст, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, нишонаи ноодамгарӣ ва зиштии ахлоқии онҳо мебошад. Аъмоли онҳо месазад, ки аз ҷониби руҳшиносон барои фаҳмидани авзои девонагон омухта шавад. Нияти онҳо ифлос аст ва бинобар ин чунин тоифаи одамон дар ҷомеа мақоми пасти иҷтимоӣ доранд. Бо вуҷуди ин ба онҳо бузугманишӣ хос аст. Лекин ҳар як одами солимфикр мефаҳмад, ки шахсе дар Аврупо манзили муайяни зист надорад омода аст, ки дар назди ҳама гуна кас ба зону афтад, то ӯро дастгирӣ кунанд. Пас, эй Кабирӣ, ту барои ман, атрофиёни ман, ҷомеаи мо кисти?! Чаро ту аз худ бут метароши?! Чунин одамон якдигарро ёфта муттаҳид мешаванд, вале ҳеҷ гоҳ ба якдигар содиқ намемонанд. Онҳо бозичаи дасти дигарон буданду мемонанд. Касе бояд ҳайрон нашавад, ки агар Кабирӣ аз пуштибонии Эрон рӯ гардонаду ба он кишвар хиёнат кунад ва эскимосҳои шимоли Амрико арзи муҳаббат намояд, дар сурате, ки онҳо ба ӯ пул диҳанд. Алалхусус ин ки дар Эрон ноуҳдабароии Кабириро кайҳо дарк намуданд. Зеро эрониҳо касеро, ки аз муносибатҳои худ бо ин кишвар лофу газоф мезанад дӯст намедоранд. Касе, ки худро намоишкорона ташвиқу тарғиб мекунад ба қавли худ содиқ нест. Барои чунин одамон аз ҳама муҳимаш пул аст ва худро чун мол дар бозор пешниҳод намудаанд. Мақсад ва мантиқи рафтори касеро, ки ӯро дар ватанаш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҷиноятҳои вазнин ҷустуҷӯ мекунанду ӯ дар ҷаласаҳо бешармона ҳарф мезанад, чи гуна метавон шарҳ дод? Ва ин фирорӣ ва ҷинояткори гузаро аз ҷониби радиои “Аврупои Озод” ҳамчун намунаи озодии сухан муаррифӣ мешавад. Посухҳои Кабирӣ ба суолҳои ин радио қаблан аз ҷониби кормандони он омода мешавад,  ки комилан равшан аст. Дар чунин мусоҳибаҳо Кабирӣ бештар ба қаллобу дасизабоз мемонад на ба сиёсатмадор. Баъди ин мусоҳибаҳо Кабирӣ дар назари ман чунон шум гардид, ки тасвир карданаш мушкил аст. Ӯ нашармида изҳор дошт, ки ким кадом касе ба ӯ 50 евро барои харидани хурока додааст. Ӯ ба назари ман на тоҷик балки мисли як аҷнабӣ намуд. Аз он мутаҳайирам, ки дар Аврупо бадкирдориҳои Кабириро медонанду, лек чашм мепӯшанд. Одамони мисли Кабирӣ ҳофизаи таърихӣ ва шарафи инсонӣ надоранд, ва аз ин рӯ ба ҳама гуна зиштӣ қодиранд. Ку бубинем, ки ӯ чи зиштии дигар содир мекунад. Бадбахтии Кабирӣ дар он аст, ки ӯ чун сайёҳ гирди ҷаҳон мегардаду ақлаш ҳеҷ не ки дарояду ӯ одобу услуби баҳсу мунозираро ёд гирад. Ин буд он чизе, дӯстам, ки мехостам ба ту гуям. Дар ин навиштаҷот ягон ғараз ё хусумати шахсӣ нест, ин андешаҳои шунаво ҳастанду ба…

Шариф Салимов, нафақахӯр

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code