Мазан теша дарахти дӯстиро, ҳамсояқирғиз !

Мазан теша дарахти дӯстиро, ҳамсояқирғиз !

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ панди хубе дорад: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Чаро? Зеро аз ҳамзабоне, чун собиқ генерал ҳоҷӣ Ҳалиму ҳаммаслакони наҳзатиаш, паҳлуят аз як дастархон нон шикаста, аз як пиёла чой нӯшида, дар мавриди бархӯрди манфиатҳо дар ҳаққат хиёнатро раво бинанд, магар аз онҳо дида миллати дигари ҳамдилу беозор беҳтар нест?  Агар мо саҳифаҳои таърихро варақгардон кунем, бараъло мебинем, ки аснои ҳуҷуми аҷнабиҳо ба сарзамини тоҷикон буданд дигар миллатҳои ҳамдиле, ки дар паҳлу истода, баҳри ҳифзи марзу буми меҳани мо муҳорибаҳо нишон додаанд, зеро обу хок ва ҳавои ин ватанро ба сифати зодгоҳ барои худ муқаддас медонистанд, пос медоштанд, эҳтиром мегузоштанд.   Манзур аз овардани ин ҳарфҳо чист? Манзур ин аст: мо бо қирғизҳо ҳусни ҳамҷаворӣ дорем, муносибатҳои дипломатию иқтисодӣ, фарҳангиамон нуфуз мекунад, эҳтироми ҳамдигарро дар умум рӯйи даст дорем. Агар дар Тоҷикистон намояндагони ин миллат чун инсонҳои бародар иқомат дошта бошанд, дар Қирғизистон намояндагони миллати тоҷик озодона, дар шароити демократӣ ба сар мебаранд, яъне мо дасти ба даст аз як ҳаво нафас мекашем, аз як об нӯш мекунем, аз шуълаи як офтоб фараҳ мегирем. Фазои дӯстӣ, муҳити солими бародарона, дар шодию ғами ҳамдигар шарик будан беҳтарин ойини мардумӣ, волотарин урфу одат, ҳислат, фазлу адаби инсонист. То он даме ки офтоб шуъла мепошад, то он даме ки моҳтоб нур мерезад, то он даме ки дар ҷӯй оби мусаффо ҷорист, мо бояд ниҳоли дӯстиро хазон нагардонем, баръакс ба қавли шоири ширинкалом М. Турсунзода «Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад». Аммо, тавре вақтҳои охир аз матолиби матбуот бармеояд, воқеаҳои нохуши байнимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, амалҳои худхоҳона, фитнаю пархошҷӯии баъзе гурӯҳҳои  қирғиз  чунин ойини бародарӣ, эҳтироми ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмии дӯстонаро халалпазир гардонда истодааст ва зиёд мехоҳем, ки ҳамсояқирғизҳо аз радифи ҳамдилони дар боло ишоракардаи мо бошанд, ҳамдилони ба дил наздик, мисли бародаре, ки дар лаҳзаҳои сангин такядорат бошад, муттакоат гардад. Магар воқеаи 22 июли соли 2019 аз ёд меравад, ки бар асари муноқишаи байнисарҳадӣ ва амалҳои носавоби ҷониби қирғизҳо як сокини Ҷамоати Ворухи Исфара ба ҳалокат расида, чандин тани дигар захмӣ гардида буд. Қирғизҳо дар қаламрави сарзамини мо, то ин ки заминеро ғасб намоянд, парчами Тоҷикистонро сарнагун карда, парчами Қирғизистонро насб карданд (ин ҷо мо омилҳои моҷаробарангези ин қазияро қисса намекунем ва ҳам гумон дорем, ки хонандагони гиромӣ василаи матбуоти даврӣ аз он хуб огоҳанд). Ба ин монанд ҳодисаҳои риштаи дӯстиро мегусаста дар минтақаи Исфараи Тоҷикистону вилояти Ботканди Қирғизистон бори аввал нест, ки ба вуқӯъ пайваста, мавриди тамошои аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шабакаҳои интернетӣ мешавад.. Чунончи, 13-14 марти соли 2019, яъне пештар аз ин, дар минтақаи сарҳадии ҳарду кишвар муноқиша бархоста, ду шаҳрванди Тоҷикистон аз тири силоҳ ҷон бохта буд. Бояд иброз дошт, ки дар ҳалли масоили марзӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша сулҳхоҳона буда, ҳамсоякишварро ба даст кашидан аз қонуншиканӣ дар риояи марз, ки он ба талафи ҷони чанд тан тоҷику захмӣ гардидани ашхоси бегуноҳ боис гардидааст,  даъват менамояд. Таври дигар, тарафи Тоҷикистон ба хотири эҳтироми ҳамҷаворӣ аз соли 2002 инҷониб гузаштҳои зиёде дорад, чаро ки мо бо иғвои дасисабозону душманони миллат як маротиба заҳри чунин бархурдҳоро чашидаем ва дарс гирифтем, ки аз он ҷуз харобкорию қурбонӣ ва дар ниҳоят пушаймонӣ дигар суде нест. Вале, мутаассифона, аз ҷониби Қирғизистон, шояд бо таъсиргузории гурӯҳҳои иғвобарангез то кунун чунин гузаштҳо ба мушоҳида нарасидааст, баръакс, онҳо хешро бегуноҳ тарошида, гузаштҳои моро нодида мегиранд ва ё қадр надорад, ин дар ҳолест, ки одамон қурбон гардидаанд. Магар ойини ҳамсоядорию эҳтироми байни ҳам ба чунин ранг аст? Аз ин лиҳоз, мо аз ҳамсояқирғизҳои худ даъват ба амал меоварем, ки бо амалҳои носавоби рахна кардани сарҳаду ба куштор роҳ додан дарахти дӯстии ҳарду миллатро хазону решакан нагардонанд, вагарна, Худо нигоҳ дорад, оқибати он ба ҳарду ҷониб хеле сангину ногувор хоҳад гардид. С. Ҳасанов   

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code