Комиҷроияи ҳизбии ноҳияи Дӯстӣ соҳиби бинои нави маъмурӣ ва автомобили сабукрави хидматӣ гардид

Комиҷроияи ҳизбии ноҳияи Дӯстӣ соҳиби бинои нави маъмурӣ ва автомобили сабукрави хидматӣ гардид

(Гузориш аз чорабинии ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ)

   Дар Рӯзи таҷлили забони давлатӣ саҳни Комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ идгоҳро мемонд. Ин ҷо роҳбарони ташкилоту муассиса ва фаъолони ноҳия, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо рӯҳияи волои ватандорӣ ва ифтихор аз раванди бунёдкорию созандагӣ лар кишвар ҷамъ омада буданд.

Ҳамин тавр, дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки Хидирзода Махфират Умар, муовини раиси вилояти Хатлон, Раҳмонзода Абдулло, раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Абдураҳмон Хонов, роҳбари дастгоҳи марказии ҲХДТ, Саидзода Нурмуҳаммад, раиси ноҳияи Дӯстӣ, бинои нави комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, бо кафкӯбӣ калиди мошини нави сабукрави хидматӣ ба раиси ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Одиназода Ҳуснигул тақдим гардид. Аз чунин икдому дастгирии мақомоти болоии ҳизб ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои арзандаи корӣ барои кормандони ҳизби ноҳия, ки дар раванди демократикунонии ҷомеа ва ташаккули симои маънавии мардум, хоса ҷавонон, монда нашуда заҳмат мекашанд, чашми ҳар бинанда нур мегирифт, қалбҳо болу пар кушода ба парвоз меомад.

Баъдан, дар толори зебою барҳавои бинои нави маъмурии ҳизб чорабинии тантанавӣ бо рӯҳияи идона идома ёфт. Чорабиниро раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ифтитоҳ бахшид. Риштаи сухан ба Хидирзода Махфират Умар, узви раёсати Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон дода шуд. Мавсуф назди ҳозирин ба сухан баромада, нахуст иштирокдоронро ба муносибати таҷлили Рӯзи забон, ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва шиносномаи миллат  самимона шодбош гуфта, аз ҷумла чунин ҳарф зад:

– Имрӯз барои ҳар як сокини ноҳияи Дӯстӣ, хусусан, аъзоёну фаъолони ҳизб фаромӯшношуниданист, зеро ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ соҳиби автомобили сабукрави хидматӣ ва бинои ҳам аз ҷиҳати меъморӣ диданию ҳам аз лиҳози фароҳам будани шароитҳои корӣ қобили қабул мегардад. Ба ин муносибат мехоҳам, ки ҳамаи ҳозиринро аввалан ба муносибати таҷлили Рӯзи забон ва баъдан бо баргузории чунин чорабинии зебою хотирмон табрику таҳният гуфта, таманнои онро намоям, ки дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ баҳри иҷрои супоришу дастурҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида авҷи тоза меёбад ва дар ин ҷода, пеш аз ҳама, аъзои ҳизби ноҳия саҳмгузор мегарданд.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, забон ҳастии миллат буда,  арҷгузорӣ ба он ҳамчун забони давлатӣ вазифаи виҷдонии ҳар як сокини кишвар, новобаста аз забону миллат, қавму нажод,  дину мазҳаб мебошад. Зеро ин забон чӣ дар дарозои таърих ва чӣ имрӯз ҳаёту мамоти ҳар сокини кишвар ҳисоб меёбад. Миллати мо тавонист, ки тайи ҳазорсолаҳо ин арзиши миллӣ ва муқаддасоти бемисли худро дар радифи дигар ёдгориҳои бебаҳо ҳифз намояд ва онро бегазанд то ба имрӯз ба дасти мо оварда расонад. Ва мо низ, ҳамчун меросбари таърихи миллат, уҳдадорем ва ҳам рисолати ҳаётии мост, ки ин дурдонаи бебаҳо, ин ганҷи маъниро чун ҷони азизи худ дӯст дошта, парастишу ҳифз карда, беосеб ба ояндагон расонем. Набояд фаромӯш кард, ки забон бо гузаштаи дури миллат рӯҳан алоқаи қавӣ дорад, он китобаткунандаи таъриху фарҳанги мост. Тавре медонем, забони ноби тоҷикӣ тайи ҳазорсолаҳо дар мубориза бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик ва маҳфуз нигоҳдорандаи мероси илму фарҳанги соҳибонаш буд. Дар забони пургуҳари тоҷикӣ ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ ва ёдгории таърихӣ нигоҳ дошта щудааст.

Тавре боло қайд кардам, боиси хушнудист, ки дар Рӯзи таҷлили забони давлатӣ бинои нави хушсохти маъмурии ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро дар муҳити созгори тантанавӣ ба истифода супурдем. Бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тибқи дастур, супориш ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити кори мусоид ба кормандони ҳизб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маҷлиси васеи ҳизбӣ, ки рӯзи 27 сентябри соли равон баргузор гардида буд, бо ифтихори миллӣ баён доштанд, ки ин ҳизб зодаи даврони Истиқлолият буда, аз ибтидо ҳимояи манфиатҳои мардумро ҳадафи асосии худ қарор дода, ҳар як аъзои он барои саодати халқ ва рушду ободии Ватан саъю талош меварзад. Дар ин саф иқдому ташаббус ва заҳмату талошҳои ҳизбиёни ноҳияи Дӯстӣ низ арзанда мебошад. Ин хеле хушҳолкунанда аст, ки шумораи аъзои ҳизби ноҳия сол ба сол меафзояд ва ин гувоҳи болоравии мақому мартабаи он байни мардум мебошад. Ҳамзамон, фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ҷонноку самарабахш мегардад.

Бояд рӯшан гардонам, ки айни ҳол шумораи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба 3886 нафар расидааст, ки ин воқеан шумораи бузург аст. Аз ин шумора 1257 нафарашон     занон ва 1654 нафарашон ҷавонони то 30-сола мебошанд. Ҳамаи онҳо дар 89 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид шуда, таҳти раис ва аъзои комиҷроия, ки  ҳама мутахассисони ботаҷриба мебошанд, фаъолият густурда нишон медиҳанд.

Корҳои наҷибу созандаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон воқеан шоистаи таҳсин аст. Аз ҷониби аъзои комиҷроияи ҳизбии вилоят зиёд кӯшида шуд то бинои мазкур аз таъмири хушсифат бароварда, тарҳи замонавӣ гирад. Барои таъмиру тармими бинои нави ба истифодадодашуда  беш аз 100 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Акнун, кормандони ҳизб дар 5 ҳуҷраи корӣ ва 1 толори барҳавои маҷлисгоҳ, ки бо шароити хуби корӣ-мизу курсӣ, технологияи муосири компутерӣ таъмин мебошанд, фаъолият хоҳанд кард. Ман аминам, ки ин бино ҳамчун нишонаи садоқати ҳизбиён ба сокинони ноҳияи Дӯстӣ хидмат менамояд.

Назди ҳозирин Роҳбари дастгоҳи КМ ҲХДТ Хонов Абдураҳмон баромад карда, аз ҷумла чунин қайд намуд:

– Ба мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон арзу сипоси раёсати марказии ҲХДТ-ро барои чунин иқдом- мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои маъмурии ҳизбӣ мерасонам. Айни ҳол дар вилоят 12 кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар биноҳои маъмурии хуштарҳу замонавӣ кору фаъолият доранд, ки ин ба пешрафти кори онҳо, иҷрои нақшаҳои созанда ва ташаббусҳои наҷиб мусоидат менамояд. Хушбахтона, то охири сол дар назар аст, ки бо дастгирии раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва роҳбарони шаҳру навоҳӣ дар 8 шаҳру ноҳияҳои дигар низ сохтмони биноҳои маъмуриро, ки алҳол идома доранд, анҷом дода, ба ихтиёри ҳизбиён месупоранд ва бо ҳамин васила ба татбиқи барномаҳои ҳизб муваффақ мегарданд.

Бояд афзуд, ки дар ҳама давру замон ҷомеа чун як амри воқеӣ ба як қувваи пешбаранда ниёз дорад. Дар шароити муосир чунин қувва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои аъзоёни ҲХДТ дида мешавад. Воқеан, ҳизби мо ба як қувваи бузург ва неруи пешбаранда табдил ёфтааст, ки аксари намояндагони он дар ҷомеа нуфузу мартаба ва мавқеи хоса доранд. Ин неруи бузург тавоноии онро дорад, ки бо ҳадафҳои созандаи хеш ҷамъиятро дар роҳи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сатҳи олии зиндагии мардум пеш барад. Маҳзи ҳамин имрӯз мо ба он қойилем, ки кулли дастовардҳои кишварамон ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад.

Бояд иброз дошт, ки аз фаъолияти самарабахши сохторҳои хизбии вилояти Хатлон роҳбарияти олии давлат хуб огоҳӣ доштанд ва дар маҷлиси КИ ҲХДТ, ки 27 сентябри соли равон баргузор гардид, ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳизбии ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, кумак ба мардуми камбизоату ятимон, доир намудани суҳбату вохӯриҳо бо сокинони маҳал, ки аз супоришу дастурҳо ва ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб бармеоянд, изҳори сипос намуданд. Чунин боварӣ ва сипосгузорӣ моро водор месозад, ки бо неруи қавӣ якдилу яктан шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари созанда бештар муаррифӣ гардидани Тоҷикистони офтобрӯя аз худ ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нишон бидиҳем.

Раҳмонзода Абдулло,  раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон, зимни табрикоти хеш ба муносибати Рӯзи забон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави маъмурии ҳизб ва супурдани калиди автомобили хидматӣ ба Одиназода Ҳуснигул, раиси ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, чунин ибрози андеша кард:

– Имрӯз ҲХДТ  неруи муқтадир буда, дар сафҳои худ беш аз ним миллион нафар аъзо дошта, рисолати бузурги ватансозиро бар дӯш гирифтааст, аз ин лиҳоз мо бояд ҷаҳду талошамонро ҷиддитар ба он равона созем, ки пояҳои давлатдории миллиамон мустаҳкаму суботу амният  халалнопазир  бошад ва барои муҳайёгардонии  шароити аз ин ҳам арзандаи зиндагӣ  на фақат барои худамон, балки барои ҳар як сокини кишвар комёб шавем. Бо қаноатмандӣ метавон иброз дошт, ки ташкилотҳои ҳизбии вилоят ҳамаи талошҳоро ба он равона намудаанд, ки супоришу дастурҳои Роҳбарияти олии давлатро сидқан иҷро намоянд. Ин лаҳза нуктаҳои таъкидомези Пешвои муаззами миллатро ёдоварӣ кардан лозим медонам, ки ду сол қабл зимни яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд: вақте ки сохтори ҳизбӣ барои худ шароити корӣ надошта бошад, пас чӣ гуна метавонад барои дигарон шароити арзанда муҳайё созад. Маҳзи ҳамин мо тӯли камтар аз як сол тавонистем, ки 12 комиҷроияи ҳизбии шаҳру навоҳии вилоятро бо бинои корӣ таъмин намоем ва то охири сол бо камоли эътимод боз имконияти ба истифода додани 8 бинои дигарро ҳам дорем. Ҳамчунин, мо то имрӯз тавонистем, ки 20 комиҷроияҳои ҳизбии шаҳру навоҳиро бо мошини хидматӣ таъмин гардонем, тавре ки имрӯз чунин мошин ба ташкилоти ҳизбии ноҳияи Дӯстӣ тақдим гардид. Шояд аз ҷониби ширкаткунандагони чорабинии имрӯза чунин суол матраҳ гардад, ки ҳамаи ин аз кадом ҳисоб? Пеш аз ҳама аз ҳисоби сарфа кардани маблағҳои ҳизбӣ, кам кардани тамоми хароҷотҳои хоҷагидорӣ, ҳатто мо зарур шуморидем, ки кормандони қисмати хоҷагиро ихтисор кунем, Автомобиле, ки имрӯз ба комиҷроияи ҳизби ноҳияи Дӯстӣ тақдим шуд, ин маблағи сохтори ноҳиявӣ ва ё вилоятӣ нест, балки барои харидории ин мошин ҳизбиёни 25 шаҳру ноҳия саҳм гузоштаанд, яъне бо кумаки ҳамдигарӣ тавонистем, ки проблемаю мушкилотҳои худамонро худамон якҷоя ҳал кунем.

Дар охир Саидзода Нурмуҳаммад, раиси ноҳияи Дӯстӣ, ба меҳмонон барои чунин ташриф, иқдому дастгирӣ изҳори сипос намуда, онҳоро бовар кунонд, ки ҳама сокинони фаъоли ноҳия, ба вижа аъзои ҳизб, дар иҷрои нақшаҳои истеҳсолии ба зиммадошта, тарбияи ахлоқии насли наврасу ҷавонон, ташаккули хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, таъмини иҷрои қонунҳои амалкунанда фаъолтар хоҳанд гардид.

Саидаҳмади Ҳасан,

сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Дӯстӣ»

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code