Тоҷикистон – кишвари обҳои тоза

Тоҷикистон –  кишвари обҳои тоза
Дар кураи Замин тақрибан 2,4 миллиард одам ба оби тозаи  ошомиданӣ дастрасӣ надорад. Ҳамасола дар рӯи Замин 2,2 миллион нафар одам аз бемориҳои норасоии оби тозаи нӯшиданӣ ба ҳалокат мерасад.

21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи ОРО зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қатънома қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони ин даҳсола бори аввал аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. Мутобиқи қатънома Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Аз ҷиҳати захираҳои об Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои ИДМ баъди Русия ҷои дуюм ва дар ҷаҳон низ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд…. Манбаи асосии об пиряхҳо ва системаи бузургтарини пиряхҳо кӯҳҳои Помир мебошанд, ки масоҳати яхбандии онҳо ба 8041 километр мураббаъ мерасад. Дар Помир 1085 пирях ба қайд гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон 947 дарё ва сойҳои доимию мавсимӣ мавҷуданд, ки ҷараёни оби бозтавлидшавандаи онҳо ба 64 километри мукааб-соли он дар ҳавзаи дарёи Сир ва 62,9 километри мукааб-соли он дар ҳавзаи дарёи Аму ташаккул меёбад.

Шумораи кӯлҳо ба 1300 мерасад. Ҳаҷми умумии захираи оби онҳо 46,3 километри мукаабро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 20 километри мукааб обҳои ширин мебошанд. Шумораи обанборҳо дар Тоҷикистон 11 адад буда, ҳаҷми умумии муфиди онҳо тақрибан 7,5 километр мукаабро ташкил менамояд. Ҳаҷми обҳои зеризаминӣ ҳамчун захираи обҳои барқароршаванда ба 18,7 километр мукааб-сол баробар аст…

  Зулфиқор Зиёев,

ассистенти кафедраи молия ва муомилоти пули Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, “Ҷумҳурият”

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code