Барои решакан кардани коррупсия чӣ бояд кард?

Барои решакан кардани коррупсия чӣ бояд кард?

Ба таври оммавӣ бадахлоқӣ ва ё бевиҷдонӣ эълон кардани амалҳои коррупсионӣ;

Таъмини ҳимояи зарурӣ ва ҳавасманд намудани шаҳрвандоне, ки аз коррупсия пешгирӣ менамоянд;

Ҳар як фарди бо ин ҷурм боздошташударо бидуни истисно зери тозиёнаи афкори умум қарор додан ва ба таври васеъ муҳокима кардану боиси ибрати дигарон гардонидан;

Дар пушти ҳамаи биноҳои маъмурӣ навиштан, ки “Ин ҷо одамони бовиҷдон ва баномус кор мекунанд. Пешниҳоди пора ва гирифтани он шармандагист!”;

Таҳияи барномаҳои махсуси телевизионӣ ва дар рафти он бо  масъулини соҳаҳои мухталиф муҳокима намудани масъала;

Таҳияи филмномаву барномаҳои театрикунонида-

шудае, ки амалҳои коррупсиониро бо тамоми паҳлуҳои манфӣ муаррифӣ кунанд;

Ташкили мониторинг ва баҳогузории сатҳи коррупсия дар ҷомеа бо инобати афкори умум;

Таҳия ва нашри маводҳои таблиғотии таъсирнок, ки парда аз рӯи амалҳои коррупсионӣ мебардоранд;

Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дар ин замина ба роҳ мондани иртиботи волидон бо мактаб ва бидуни иштироки фарзандон анҷом додани ҳама гуна муомилоти пулӣ, амсоли пардохти ҳаққи дарси иловагӣ, шартномаи таҳсил, кумак барои таъмир ва ғайра;

Бо дарки ин маънӣ ва ҳисси масъулият сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст тамоми кӯшишу ғайрати худро барои бартараф кардани ин падидаи номатлуб равона созанд, то бо истифода аз захираи бузурги маънавӣ ва фишангҳои муассири идеологии ҳизб дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

  Фишурда аз маводи Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Раиси КИ  ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо номи “Барои решакан кардани коррупсия чӣ бояд кард?”, “Ҳамрози Халқ”

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code