Аз қаҳваатон лаззат баред

ПАНД

Аз қаҳваатон лаззат баред

Як гурӯҳ шогирдон, ки аллакай ҳар кадоме соҳибкасб буданд, ба аёдати устоди солхӯрдаашон омада, аз мушкилоти зиндагиву ноомади кор бо ишора шиква карданд.

Пири рӯзгордида сӯи ошхона бадар рафту дар даст зарфи қаҳваҷӯшонӣ, рӯйи лаълӣ пиёлаҳои ҳархела: бенақшу пурнақш, булӯрию шишагӣ ва чинию пластикӣ баргашт ва ҳамаро ба нӯшидани қаҳва даъват кард. Вақте шогирдон ҳар кадоме барои худ пиёлае интихоб намуданд, устод як нигоҳи маънидоре давонду гуфт:

“Чизе ки шумо мехостед, на пиёла, балки қаҳва буд. Аммо аз рӯи одат ҳама кӯшиш кардед, ки пиёлаҳои гаронарзишу зеботареро бигиред, ҳарчанд пиёла аз ду сар қаҳваро тамъ намебахшад. Акнун як лаҳза тасаввур кунед, ки зиндагӣ қаҳва асту кору молу чизҳои дигар-пиёла, яъне василаи ҳаётгузаронӣ. Лекин баъзан дар интихоби пиёла чунон саргарм мешавем, ки тамъи қаҳваро пай намебарем. Кӯшиш кунед, ки аз қаҳва лаззат баред, на аз пиёла”.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code