Захмҳои таърихӣ ба тафаккури миллӣ

Захмҳои таърихӣ ба тафаккури миллӣ

Воқеан, он сару либосе, ки миёни бонувони кишвар дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон, хусусан, дар деҳоти мамлакат ва гоҳо дар шаҳрҳо муд шудааст, ягон асолати милливу динӣ надоранд. Тариқи ҳиҷоби баъзе занҳо низ ба он гунаест, ки диёнат тақозо дорад. Ин ҳама аз тақлидҳои кӯр- кӯрона ва нобасомонии бонувон аст, ки реша дар ҷаҳолату нодонӣ ва ноогоҳӣ аз фарҳанги миллӣ дорад. Ё ин ки саллаи мардона, ки аксарият ҳадафи печонидани як пора матоъро дар гирди тоққӣ сарфаҳм намераванд. Дар нимҷазираи араб қисми зиёди заминҳо биёбону регзор аст ва ҳангоми вазидани шамол он регу хок ба ҳаво пош мехӯрад, аз ин сабаб арабҳо он пора матоъро дар гирди сарашон ҳамчун “салла” ба он хотир мепӯшонанд, ки ҳангоми вазидани шамол онро аз сарашон гирифта дар рӯяшон печонанд, то ки аз хоку чанг эмин монанд. Аммо мардуми мо моҳиятан ҳадафи андохтани салларо дуруст сарфаҳм нарафта онро ҳамчун як қисми таркибии фарҳанги хеш қабул намуданд ва ба бар карданд.

Риояи эътидол дар ҳар амал лозим аст. Махсусан, вақте ки занони муҳтарам ранги сиёҳу торикро мавриди интихоби либос қарор медиҳанд, маълум мегардад, ки завқи эстетикии эшон коста шуда, салиқаи либоспӯшии маданиро гум кардаанд. Ранги сиёҳ ва ҳамон тавре, ки дар бисёре аз кишварҳои араб бонувон либоси хешро бо ҳамин ранг мепӯшанд, бо фарҳанги миллии мо қаробате надорад. Таваҷҷуҳ ба ин ранг қисман бозмонда аз давраи хилофати Аббосиён аст, ки ранги сиёҳ ранги парчам ва дигар рамзҳои давлатдориашон буд. Яъне, ин масъала аслан ҷанбаҳои сиёсӣ дорад, на динӣ. Дар бовариҳои милливу динии мо ранги сиёҳ ин ранги мотам ва торикиву ҷаҳолат аст ва ба шумори рангҳои хоси шайтон дохил мешавад, ки шайтон ҳамчун душмани башарият пайваста дар пайи гумроҳ сохтану бадбахт кардан ва ба мотам гирифтор кардани инсонҳост. Аз ин ҷост, ки аз қадимулаём мардуми хирадманди тоҷик ҳатто дар маъракаҳои азову мотам сарулибоси рангаш кабуд ба бар мекарданд, яъне ранги кабуд ҳамчун нишона аз азодорӣ фаҳму дарк мешуд ва сиёҳро ба он хотир намепӯшиданд, ки шайтонро хурсанд накунанд. Сиёҳпӯшӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба фарҳанги тоҷикӣ хос набуд ва нест. Ҳатто аз лиҳози ҷуғрофӣ низ ранги сиёҳи либос мутобиқи обу ҳавои Тоҷикистон нест.

Бегонапарастиву тақлид хилофи ҳама гуна тамаддуну маънавият буда, дар ягон давру замоне намояндаи ин ё он миллатро муҳтарам накардааст.

(Фишурда аз мақолаи Абдулло Раҳмонзода, раиси кумитаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон)

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code