Назорати молиявӣ ҷиддӣ мегардад

Назорати молиявӣ ҷиддӣ мегардад

Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ Қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 3 августи соли 2015, №333 оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва пешниҳодоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ барои солҳои 2018 ва 2019 таҳия ва тасдиқ кардааст. Тибқи нақша ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пурзӯр кардани муқовимат бо коррупсия санаи 11.09.2019-ум дар толори маҷлисгоҳи раёсати молияи ноҳия маҷлиси васеи муҳосибони соҳаҳои буҷетии ноҳия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин дида баромада шуд.

1.Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ.

2.Иҷроиши моддаи 13, банди 17,14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақша-чорабинии зиддикорупсионӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ.

Дар масъалаи якуми маҷлис оиди муқовимат бо коррупсия мутахассиси аудити дохилаи раёсат Назаров А. баромад карда қайд намуд, ки дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия нақша-чорабинӣ оиди муқовимат бо коррупсия тартиб дода шудааст. Аз ин рӯ, ҳамаи муассисаву ташкилотҳои буҷетии ноҳияро зарур аст, ки назорати иҷроиши онро амалӣ намоянд.

Пешгирӣ аз коррупсия ин ба роҳ мондани пешгирии ҳолатҳои хароҷоти ғайриқонунии маблағҳо, дуруст ба роҳ мондани интизоми молиявӣ дар ҳамаи самтҳо мувофиқи муқаррароти дахлдори “Стратегияи миллии рушд то соли 2020” ва барномаҳои рушди низоми бонкӣ дар соҳаи муҳосибин мебошад.

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Дӯстӣ вазифадоранд, ки аз натиҷаи иҷроиши нақша-чорабиниҳои дохилиидоравӣ оид ба иҷрои “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳар нимсола ба мақомоти молияи ноҳияи Дӯстӣ муфассал ахборот пешниҳод намоянд.

Масъалаи пешгирии амалҳои коррупсиониро дар ҷараёни амалисозии сиёсати молиявӣ дар ноҳия аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва дигар истифодабарандагони маблағҳои буҷети давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор дода, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию молиявии мутахассисони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва, махсусан, сармуҳосибони онҳо, пеш аз ҳама, дар самти истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ пайваста тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд.

Оиди нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи дохилиидоравии раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ дар соли 2018-ум аз тарафи мутахассиси назорати дохила ва аудити раёсат дар 43 ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия санҷиши мақсаднок- истифодабарии маблағҳои буҷетӣ гузаронида шудааст, ки дар рафти санҷиш аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 136016 сомонӣ нодуруст истифода бурдани маблағҳо ошкор карда шудааст. Аз ин маблағ 22963 сомонӣ хароҷоти ғайриқонунӣ, 27469 сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулӣ, 18874 сомонӣ рӯйпӯш намудани андозҳои ҷорӣ ва 66710 сомонӣ қарзҳои дебиторӣ ва маблағҳои зерҳисобӣ ошкор гардидааст, ки ин маблағҳо дар рафти санҷиш ба маблағи 135104 сомонӣ аз тарафи масъулини корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва баъди санҷиш ба маблағи 912 сомонӣ бо пуррагӣ барқарор карда шудааст.

Раёсати молияи ноҳия дар оянда низ фаъолияти кории худро мутобиқи талаботҳои “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда, дар бораи баланд бардоштани сатҳи малакаи дониши кормандони раёсат ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва иштироки фаъоли онҳоро дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ пайваста ҷоннок намуда, мунтазам дар байни ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ фаҳмондадиҳии васеъ мегузаронад

  

    Ёрзода Р.Ғ.,

  сардори Раёсати

 молияи ноҳияи Дӯстӣ

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code