Ба истиқболи рӯзи Рӯдакӣ

Ба истиқболи рӯзи Рӯдакӣ  _________

Сардафтари адабиёти форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди водии Зарафшон таваллуд ёфта, соли 941 дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Оромгоҳи устод то имрӯз зиёратгоҳи мухлисони ашъораш мебошад.

Осори то имрӯз ба дасти мо расидаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамагӣ ҳудудан 1000 байтро ташкил медиҳад, ки инҳо  намунаҳо  аз “Калила ва Димна”, қасидаи “Модари май”, ғазалиёт, рубоиёт ва ғайраҳо мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳо шоир гӯё 5 маснавӣ ҳам эҷод карда будааст, ки яке аз онҳо “Даврони офтоб” ном доштааст. Ҳамчунин, ба қавле китоби луғат низ иншо карда  будааст. Ҳарчанд  ки аз эҷодиёти ин бузургмард осори каме ба дасти мо омада расидааст, аммо ин осори кам ҳам аз қофиласолори назми форсӣ, соҳибқирони шоирӣ, устоди шоирон, султони шоиро, Маликушшуаро, Одамушшуаро будани ӯ, ки дар вақташ ин унвонҳои фахриро барояш нисбат дода буданд, дарак медиҳад

 

Чашмам зи ғамат ба ҳар ақиқе, ки бисуфт,

Бар чеҳр ҳазор гул зи розам бишукуфт.

Розе ки дилам зи ҷон ҳаме дошт, нуҳуфт,

Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт.

* * *

Дил  хаставу бастаи мусалсал мӯест,

Хунгаштаву куштаи бути ҳиндуест.

Суде надиҳад насиҳатат, эй воиз,

Ин хонахароб  турфа якпаҳлӯест.

* * *

Бе рӯи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,

Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод,

Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,

Рӯзе,ки туро набинам, он рӯз  мабод!

Ба истиқболи Рӯзи Рӯдакӣ _______

Рӯдакӣ кӯри модарзод буд?

Дебоча

Назми оламгири сардафтари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакии сухангустар қарнҳост, ки бо оҳангҳои зиндагиафрӯз, хушгузаронии умр, ёд накардан аз ғаму ғусса, яъсу навмедӣ ва рӯ овардан ба чашидани лаззату ширинии рӯзгор, омӯхтани илму дониш, соҳиб будан бо одамияти баланд, эҳсону мурувват, дар ҷамъият мақому мартаба пайдо кардан рӯҳу равони моро маънӣ мебахшад. Ҳар ки ашъори дилангезу рӯҳнавози ин нобиғаи шеър, маънисухану ширингуфторро мехонад, яъсу навмедӣ, ғубору озурдагӣ, андешаҳои мубҳаму печида, рӯзҳои ғамбору дилозурдаро аз вуҷуди худ бурун карда, хушҳолӣ, дӯстдорӣ, ошиқнавозӣ, эҳтироми инсон, дилбандӣ ба ҳаётро пеша мегирад. Собиқ Раиси СММ Пан Ги Мун ҳанӯз соли 2008, ҳангоми таҷлили Ҷашни 1150-солагии устод Рӯдакӣ, иброз дошта буд: “Ман то кунун Рӯдакии волосуханро сарвари шоирону фозилони форсизабон мепиндоштам, вале айни замон, пас аз омӯзишҳо дарк намудам, ки ӯ саромади шеъри адаби ҷаҳон аст”.

Барҳақ, ин муболиға не, балки воқеият аст. Аз мутолиаи ашъори дилошӯби шоир ҳувайдост, ки ӯ аз мураккаббаёнӣ дурӣ меҷӯяд, маъниҳои баландро на бо печидагӯӣ, балки бо содабаёнӣ ифода мекунад. Биёед, таваҷҷуҳи хонандаи гиромиро ба муҳтавои ин рубоӣ ҷалб намоем, ки устод бо чи қадар волосуханию барҷастагии маънӣ сурудааст:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Ин чаҳор мисраъро барҳақ метавон ба ҳайси қонуни инсонии бани башар, маромномаи одамияти ҳар инсони рӯи замин, шиори ҷавонмардӣ қабул кард. Ҳувият, хештаншиносӣ, худогоҳии инсонӣ нуҳуфтааст дар ин порашеър. Умуман, сайди маънии ҳама ашъори шоири зиндадил қариб ки яксон бо ҳамин мазмун аст.

… Ин матлаби ба хонандаи закӣ пешниҳодгардида танҳо як назари кӯтоҳе буд ба хирман-хирман ҳикматҳои ашъори диловези устод Рӯдакӣ-ситораи осмони адаб, чеҳраи маънибори адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, чаро ки манзури мо матраҳ кардани на ин мавзӯъ, балки тавре аз номи мавод бармеояд, масъалаи кӯри модарзод будан ва ё набудани шоир аз назари муҳаққиқон мебошад.

Модарзод бино будан ё набудани устод Рӯдакӣ масъалаест баҳсбарангезу доманадор, ки беш аз ҳазор сол дар меҳвари андешаи адибону тазкиранависон, таърихнигорону мутафаккирон чун муҳаррик чарх мезанад ва ҳеҷ не ки хулосаи ниҳоӣ ёбад. Бархе муҳаққиқон тасвирҳои аёнӣ ва ташбеҳҳои нозукбинонаю борикбинона ва устодона офаридаи шоирро дар ашъораш дида,  бар ин назаранд, ки шоири нобино бе дидани шахс ва ё предмети мавриди тасвир қарордошта, имкон ва ё тавоноии дар чунин сатҳи олӣ шеър гуфтан надорад, умуман ин аз доираи эҳсоси тасаввур ва биниши ботинӣ берун аст, яъне устод Рӯдакӣ кӯри модарзод набуда.

Бархеи дигар ишораҳои шоирону тазкиранависон оид ба кӯри модарзод будани шоир ва номбар кардани чандин тан бузургони ҷаҳонии аз модар нобино ба дунё омада ва ё дар бачагӣ кӯр шударо далел намуда, қатъӣ иддао доранд, ки устод Рӯдакӣ аз модар нобино ба дунё омадааст.

Алъон, мо дар арафаи таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ ин мавзӯъро бо пуррагӣ матраҳ накарда ва ё бори ин андешаро ба дӯш набардошта(зеро баҳс доманадор буда, ғунҷоиши рӯзнома ба ин имкон намедиҳад) танҳо бо овардани мулоҳизоти ду тан адибу муҳаққиқи шинохтаи миллат иктифо мекунем.

Мулоҳизот ва назари

  устод Садриддин Айнӣ

Устод Айнӣ дар мақолаҳои арзишманди худ унвонии “Устод Рӯдакӣ” ва “Қабри устод Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдак”(Садриддин Айнӣ, ҷилди 11, китоби якум, нашриёти давлатии Тоҷикистон, Душанбе, соли 1963, саҳифаҳои 129-165) Рӯдакиро, такя ба далелҳои адибону тазкиранависон ва хулосаҳои шахсӣ, кӯри модарзод хондааст.

Чунончи, нависанда ҳангоми ёдоварӣ аз даврони кӯдакии устод Рӯдакӣ менависад:

“Устод Рӯдакӣ (назар ба гувоҳии таърих ва тазкиранависон) аз модар нобино зоида шуда, дар 8-солагӣ қуръонро ёд кард. Ӯ чунон овози хуш дошт, ки ҳар вақт  қуръон хонад, шунавандагон маҳв ва мафтуни овози ӯ мешуданд. Баъд аз он ӯ ба шеър ва адабиёт машғулӣ кард. Шеъргӯӣ ва шеърхонии ӯ ҳам монанди достончиҳои бесаводи халқ, ки то имрӯз давом доранд, бо сознавозӣ ва бадеҳагӯӣ буд.

Ҳарчанд аз кадом табақаи иҷтимоӣ будани устод Рӯдакӣ маълум набошад ҳам, аз ин фактҳо аз табақаи поёнӣ будани ӯ гумон карда мешавад, зеро бинобар нобиноияш фарзандро ба қуръонёдкунӣ водор кардан ва таъмини зиндагонии ӯро ба қуръон азёдхонӣ баста мондан ҳодисаест, ки то Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Осиёи Миёна давом дошт. Аммо ин корро одамони бой намекарданд ва онҳо ба сарвати худ такя карда, аз таъмини ояндаи фарзанди худ амин буданд ва аз қуръон хонда зиндагигузаронӣ, ки ранги гадоӣ дошт, ор мекарданд. Ин корро касе мекард, ки баъд аз сараш аз вай меросе намемонд.

Инчунин, мутрибӣ(созандагӣ) ҳам чунон ки проф. Семёнов дар мақолааш мегӯяд, кори одами бечиз буд. Сарватдорон, ҳатто миёнаҳолон, ор мекарданд, ки фарзандони онҳо созанда шаванд.

Факти дар 8-солагӣ қуръонро ёд кардани ӯ ҳам ҳаминро нишон медиҳад, ки ӯ  нобино будааст. Агар ӯ бино мебуд, аз рӯи одати муқаррарӣ баъд аз хату савод баровардан, ки ин кор бо алифбои араб пеш аз даҳсолагӣ муяссар намешуд, ба қуръонёдкунӣ медаромад”.

Устод дар ҷумлаи аввали болозикр дар зерварақе барои тақвият ва тасдиқи фикри худ чунин ишора дорад: “Баъзе касон дар нобинои модарзод будани устод Рӯдакӣ шубҳа мекунанд ва “як нобино ин қадар фазлу камолро бо кадом роҳ омӯхта ба ин дараҷа шоири забардаст ва мусиқанавози моҳир шуда метавонист” мегӯянд.

Лекин ин гуна шубҳа дуруст нест. Таърих ба мо нобиноҳоеро, ки дар илму адабиёт ягонаи ҷаҳон шудаанд, нишон медиҳад. Чунон ки шоир ва файласуфи машҳури араб Абулъулои Маарӣ(дар солҳои 974/363 ҳиҷрӣ -1057 зиндагӣ кардааст) дар ҳафтсолагиаш дар бемории нағзак нобино шуда буд ва дар ҳолати нобиноӣ таҳсили илм ва адабиёт карда ягонаи замони худ гардид.

Тоҳирхоҷаи Зарири Бухорӣ, ки дар соли 1870 вафот ёфт, аз модар нобино зоида шуда буд. Ӯ дар нобиноӣ таҳсили илму адабиёт карда, на танҳо шоири хуб шуд, балки дар бисёр илмҳои дигар ҳам, аз ҳамзамонони худ пешӣ мекард(шоири машҳури бухороӣ- Шоҳин шогирди ӯст ва дар “Туҳфаи дӯстон”-и худ ӯро ёд мекунад).

Дар вақти хурдсолии ман дар Бухоро Мӯсохоҷа ном касе буд, ки аз модар нобино зоида шуда буд. Ӯ олими бисёр забардаст буд. Ман дар мунозираҳое, ки дар байни ӯ ва олимони дигар воқеъ мешуд, чанд бор ҳозир шудаам. Ӯ бо қувваи мантиқ ва бо хонда додани текстҳои дароз дар бораи илмҳои гуногун ҳамсуҳбатони худро мулзам(банд) мекард”.

Устод Садриддин Айнӣ бобати асарҳои то имрӯз ба дасти мо расидаю норасидаи Рӯдакӣ домони андеша густурда мегӯяд:

“Ғайр аз ин асарҳое, ки то имрӯз номашон мондаанд ва аз мундариҷоти онҳо қариб чизе дар миён нест, бояд асарҳои бе ному нишон рафтаи ин устоди бузург ҳам бисёр бошад. Мо ин нуктаро аз байтҳое, ки Ҳофизи Убаҳӣ дар луғати худ ба тариқаи мисол аз ин устод овардааст, ҳис мекунем. Дар он ҷо мо ин байтро мебинем:

Зераш аторуд он ки нахонеш ҷуз дабир,

Як номи ӯ аторуду як номи ӯст тир.

Ин байт ба мо нишон медиҳад, ки ин донишманди нобинои мо ба илми ҳайъат- ба астрономия ҳам шуғл карда дар бораи ситорашиносӣ ва вазъияти ситораҳо ҳам асари манзуме навишта будааст”.

Тавре ба мушоҳида мерасад, ин ҷо устод Рӯдакӣ бо хулосаи қавӣ “донишманди нобинои мо” унвон шудааст.

Устод С. Айнӣ дар ҷои дигар бозёфтеро таври зайл ёдовар мешавад:

“Баъд аз тамом карда ба нашриёт супоридани мақолае, ки дар бораи устод Рӯдакӣ навишта будам, ба дасти ман ҳуҷҷате афтод, ки бо ин ҳуҷҷат нобиноии ӯ бешакку шубҳа собит мешавад. Он ҳуҷҷат ин аст:

Агар ба давлат бо Рӯдакӣ на ҳамсонам,

Аҷаб накун сухан аз Рӯдакӣ на кам донам!

Агар ба кӯрии чашм ӯ биёфт гетиро,

Зи баҳри гетӣ ман кӯр буд(буда) натвонам.

Ҳазор як з-он к-ӯ ёфт аз атои мулук,

Ба ман диҳӣ сухан ояд ҳазор чандонам.

Ин шеър дар “Намунаи адабиёти Эрон” дар қатори шоирони давраи Сомониён ба номи Абӯзироа навишта шудааст… Вақте ки як шоири ҳамзамони Рӯдакӣ кӯрии ӯро тасдиқ кунад ва ҳама сарватро(гетиро) дар ҳолати кӯрӣ ва “ба сабаби кӯрӣ” ёфтани ӯро гӯяд, нобинои модарзод будани ӯ(Рӯдакӣ) бешакку шубҳа исбот меёбад”.

Тавре мебинем, дар ин маврид ҳам, ишора ба кӯри модарзод будани устод Рӯдакӣ дида мешавад. Дар ҷои дигар бо далели дигар устод С. Айнӣ андешаҳояшро чунин пару бол мебахшад: “ба ин муносибат ҳаминро ҳам қайд кардан даркор аст, ки Фирдавсӣ бо ду мисраи худ, ки мегӯяд:

Гузорондаро пеш биншонданд,

Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.,-

кӯрии Рӯдакиро тасдиқ мекунад. Чунки агар ӯ кӯр намебуд, тарҷимаи “Калилаву Димна”-ро барои назм кардан пеши ӯ намехонданд, балки ба ӯ медоданд, ки худаш хонда назм мекард”.

Мулоҳизот ва назари адабиётшинос Абдунабӣ

 Сатторзода

Дар бораи кӯри модарзод будан ё набудан ва ё дар поёни умр кӯр карда шудани чашмони устод Рӯдакӣ андешаҳои донишманди шинохта Абдунабӣ Сатторзода ба чунин зайл аст:

“Дар бораи кӯр ё тирачашми модарзод ва ё дар поёни умр кӯр кардани ӯ баҳси зиёде ҳаст. Баъзеҳо бовар бар он доранд, ки Рӯдакӣ ба мисли шоирон Абӯаъло Алмаарӣ, Башшор ибни Бурд, Зарири Бухороӣ, Шӯридаи Шерозӣ ва Ҳомер кӯри модарзод буд. Мавҷуд будани тасвирҳои зинда ва айнӣ дар шеърҳои шоир нишонаи таъсири суннатҳои мавҷудаи шеъру шоирӣ ва натиҷаи равшанбинии тирачашмон мебошад. Гурӯҳи дигар гумон мекунанд, ки чашмони Рӯдакӣ дертар дар поёни умраш ба сабабе кӯр карда шудаанд. Тахмин меравад, ки ин кор баъди аз дарбор рафтани вазири номии Сомониён ва дӯсти наздики шоир Абулфазли Балъамӣ дар соли 937 сурат гирифта шуда бошад. Аммо худи шоир дар ҳеҷ яке аз шеърҳои маълумаш, аз он ҷумла дар қасидаи ҳолияш дар бораи нобиноии худ ишорае надорад. Баръакс дар ин қасида, ки як навъ зиндагиномаи шоиронаи ӯ мебошад, байте дорад, ки аз ҳамеша чашм дӯхтанаш ба “зулфакони чобук” гувоҳӣ медиҳад:

Ҳамеша чашмам зи зулфакони чобук буд,

Ҳамеша гӯшам зи мардуми сухандон буд.

(Абдунабӣ Сатторзода, “Адабиёти тоҷик”, китоби дарсӣ барои синфи 8, саҳ. 41, Душанбе, АВА, 2009).

Яъне, шоир чашмони бино дошт, ки ҳамеша чашм ба “зулфакони чобук” медӯхт.

Баъди ба чунин натиҷа расидани С. Айнӣ барин сардафтари адабиёти муосири тоҷик, адибу олими шуҳрати ҷаҳонидошта ва А. Сатторзода барин донишманди варзидаи соҳаи адабиётшиносӣ чӣ ҳам метавон гуфт ва ё илова кард? Танҳо як чиз: ин назари хосаи онҳост ба ин масъала ва шояд паҳлуҳои нозукашро, тавре эшон бо эҳсоси олӣ дарк мекунанд, дигарон дар дарки он оҷиз монанд.

Воқеан, ҳарчанд ангезаи шубҳа гиребонгир мешавад, ки Рӯдакии нобино бо чашми дил, чун чашмони ҳақиқии сар, табиатро бо ҳамон зебоиаш дида натавониста бояд дар эҷоди ашъори рангин оҷизӣ кашад, аммо мебинем, ки ӯ дар нигориши рангомезиҳои табиат, хушрӯзиҳои ҳаёт, ишқи ҷонона эҳсоси баланду нигоҳи олӣ дорад. Чунончи, ҳангоми мутолиаи қасидаҳои “Модари май”, “Шикоят аз пирӣ”, шеъри “Малико, ҷашни Меҳргон омад” ва дигару дигар шеъру рубоӣ, қитъаҳои алоҳидаи устод Рӯдакӣ мафтуни тасвирҳои зебои табиати мунаққашу фусункор, боғу роғи сабз  андар  сабз, чеҳраҳои латифи зебосанамҳои ошиқкуш, хониши дилнавози парандаҳои рангинқабо шуда, гиребони ҳайрат мебардоред, ки магар як шоири нобино ба дунё омада қудрати чунин тасвирсозиро дошта метавониста бошад? Магар бо чашми дил метавон ҷаҳони ранг ба ранги зебо, манозири табиати муъҷизаосоро, ҳамон тавре ки ҳаст, диду тасвир кард?

Хонанда ҳангоми мутолиаи ашъори ошиқонаи шоир ҷое бо калимаи “кӯр” дучор меояд, ки чунин сурудааст:

Кӯрӣ кунему бода хӯрему бувем шод,

Бӯса диҳем бар ду лабони паривашон.

Суол пайдо мешавад, ки ин ҷо сухани “кӯрӣ кунему бода хӯрем…”-и шоир чӣ маънӣ медиҳад?  Шояд гумон равад, ки шоир “кӯрему бода мехӯрем” гуфтанист. Аммо ба андешаи инҷониб маънӣ чунин нест. Шоир гуфтанист, ки худро ба кӯрӣ меандозем ва ё чашмамонро мепӯшему бода мехӯрем(зеро аҳкоми шариат ба майнӯшӣ қатъӣ роҳ намедиҳад). Агар шоир кӯри модарзод мебуд, мегуфт: “кӯрему бода хӯрем…”, на ин ки “кӯрӣ кунему бода хӯрем…”.

Устод С. Айнӣ байтеро аз китоби луғати Ҳофизи Убаҳӣ (дар боло оварда шуда буд):

Зераш аторуд он ки нахонеш ҷуз дабир,

Як номи ӯ аторуду як номи ӯст тир…,-

ки ба Рӯдакӣ мансуб дониста мешавад, далел оварда мегӯяд: “Ин байт ба мо нишон медиҳад, ки ин донишманди нобинои мо ба илми ҳайъат-астрономия ҳам шуғл карда, дар бораи ситорашиносӣ ва вазъияти ситораҳо ҳам асари манзуме навишта будааст”.

Ростӣ, дар ҳаёт мешудааст-а, ки нобино осмонро бо ситораҳояш надида, аз мавқеи ҷойгиршавӣ, ҳаракати онҳо асар меофаридааст. Шояд Худованд ба чунин ашхос он қудрату тавоноии эҳсосу тасаввуреро медодааст, ки мо дар фаҳми он дармемонем.

Умуман, ин баҳсест доманадор. Беҳтараш чанд намунаи ашъори барчидаи устод Рӯдакиро пешниҳоди хонанда гардонда, боқӣ қазоватро ба ихтиёри худи онҳо медиҳем:

Пупаке дидам ба ҳаволии Сарахс,

Бонгак барбурда ба абр-андаро.

Чодараке дидам рангин бар ӯ,

Ранг басе гуна бар он чодаро.

Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,

Чун панҷаи арӯси ба ҳино шуда хазиб.

Пешам омад бомдодон он нигорин аз кадӯх,

Бо ду рух аз бода гулгун, бо ду чашм аз сеҳр шӯх.

Бунафшаҳои тарӣ хел-хел сар баркард,

Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.

Аз он май маро деҳ, ки аз акси ӯ,

Чу ёқут гардад ба фарсанг санг.

Яхча меборид аз абри сиёҳ,

Чун ситора бар замин аз осмон.

Фохтагун шуд ҳаво зи гардиши хуршед,

Ҷомаи хона ба табк-фохтагун об.

(Интихоб аз китоби “Рӯдакӣ”, шеърҳо, Душанбе, “Ирфон”, 1972)

Саидаҳмади Ҳасан

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code