Аз ҳаёти ҷамоатҳо

Аз ҳаёти ҷамоатҳо

Дурахшид нури саодат дар кишвари мо

9 сентябри соли равон, дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор даромадани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” боз як далели муътамади зинаҳои пешрафту тараққиётро соҳиб шудани кишвари биҳиштосоямон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо тавассути наворҳои мустақими шабакаҳои телевизионӣ бо як рӯҳбаландии бузург бараъло тамошо кардем, ки чӣ тавр Роҳбари давлатамон дар маҳали сохтмони НБО “Роғун” равиши корҳоро дар нақби сохтмонии СТ-4, нақби нақлиётии Т-9, нақб ва шахтаи ҳаворасон, шахтаи нақби турбинаи агрегати рақами 1, майдончаи сохтмони рақами 5А ва баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 шиносо шуда, ба фидокориҳои коргарону мутахассисон аҳсант хонданд ва ҳамзамон онҳоро барои анҷоми корҳои арзишманди дар пешистода рӯҳбаланд намуданд. Ба ин васила неруи барқи аз он тавлидшаванда низ ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Ростӣ, қалби кас аз чунин корнамоиҳои меҳнатӣ ба хурӯш меояд, аз чунин зафарҳои қаҳрамонона пару бол мекушояд, меҳру муҳаббат ба чунин Сарвару чунин Ҳукумат афзун мегардад.

Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо 6 агрегати тавоноиашон 3600 мегавват, ки 17 миллирад киловатт-соатро истеҳсол менамоянд, дар силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш пуриқтидортарин маҳсуб меёбад. Ва ҳамзамон ин неругоҳ калонтарин иншоот дар минтақа ҳисобида мешавад. Ин имкон медиҳад, ки мамлакатамон ба хориҷи кишвар неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза интиқол дода, аз маблағҳои ба дастомада рушди хоҷагии халқро таъмин намояд. Ин ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро водор месозад, ки ба қадри чунин заҳматҳои Роҳбари давлат расида, дар кадом мақом ва касбу коре, ки набошанд, ба манфиати халқу давлат кор кунанд.

Дигар ин ки дар пеш Ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон истодааст. Мебояд, ки ин ҷашни таърихиро бо дастовезҳои анрзандаи меҳнатӣ истиқбол намоем. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, ки беш аз 17000 нафар аҳолӣ дар 13 деҳа истиқомат доранд, корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо мекунад. Чунончи, дар ҳудуди ҷамоат, дар даромадгоҳи ноҳия бо ташаббуси бевоситаи раиси ноҳия Саидзода Нурмуҳаммад дарвозаи нави замонавӣ қомат афрохт. Дар деҳаи Қабодиён дорухона, кошонаи ҳусн, дар деҳаи Нуробод бунгоҳи тиббӣ, дар шоҳроҳи марказӣ ҳоҷатхонаи замонавӣ барои сайёҳони хориҷӣ сохта ба истифода дода шуд. Илова бар ин 3 пул азнавсозӣ гардида, мардум аз онҳо истифода мебаранд. Ҳамзамон, дар шоҳроҳи Дӯстӣ-Қубодиён бо ҳиммати соҳибкор Ҷамшед Маҳмадшоев бинои ҳозиразамони дуошёнаи хизматрасонии маишӣ, ки аз мағоза, тӯйхона, ошхона ва ғайраҳо иборат мебошад, сохта ба хизмати мардум супурда шуд. Ҳамаи ин далели пешравӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои сокинон мебошад.

Дар ҳудуди ҷамоат 5 мактаб ба таълиму тарбияи фарзандони меҳнаткашон машғуланд, ки иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, беҳтар кардани шароитҳои хониш, ба фасли сармо омода будани таълимгоҳҳо, расидан ба арз ва муроҷиати омӯзгорон ҷиҳати беҳтаргардонии шароитҳои кору зиндагӣ ҳамеша дар маркази диққати мост. Кӯшида мешавад, ки хизмати тиббию фарҳангӣ низ чӣ дар маркази саломатӣ ва чӣ дар бунгоҳҳои тиббӣ ҷавобгӯи талаботи замон бошад.

Ҳаминро бояд илова кард, ки тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дар зеҳни онҳо ташаккул додани муҳаббат ба халқ, ба обу ҳавои кишвар, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлат, пешгирии қонуншиканӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар мадди назари мост. Дар ин самт илова ба корҳои тарбиявии омӯзгорону раисони маҳаллаҳо ҳамчунин намояндагони 5 масҷиди ҳудуди ҷамоати деҳот низ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд ва алҳол чунин ҳодисаҳо ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар ҳудуди ҷамоат қариб 400 адад хоҷагии кишоварзӣ амал дорад, ки 286 адади онҳо ба самти пахтакорӣ нигаронида шудаанд. Баъди дар ҷамъбасти 8-моҳаи тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии вилояти Хатлон аз тарафи раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон эълон гардидани “60 рӯзи меҳнати зарбдор-дар пахтазор!” деҳқонони банангу баномуси ҷамоатамон ба ҷамъоварии ҳосил суръати тоза  бахшиданд. Алҳол, нақшаи ҷамъоварии пахтаи ҷамоат беш аз 50 фоизро ташкил медиҳад ва мо аминем, ки ҳосили дар саҳро парвариш карда расондаамонро то пағғаи охирин ғундошта, ба ин васила дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии миллии давлат-рушди саноатикунонӣ саҳм мегузорем.

 

   Бахтиёр Қорёғдиев,

раиси Ҷамоати деҳоти “Деҳқонобод”

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code