Арзишҳои истиқлолият

Арзишҳои истиқлолият

Бо амри тақдир соле чанд дар хориҷи кишвар бо халқияту миллатҳои сокини Федератсияи Русия бо ҳам кору фаъолият намудем. Аз мушоҳидаи як лаҳзаи ҳаёт ёдовар шуданиам, ки гарчанде Ҷумҳурии Доғистон як гӯшаи кӯҳистони дурдасти хурдакакро ташкил медиҳад, лек дар он ҷо 33 миллату ақаллиятҳои миллӣ маскунанд. Он ҷо сокини як деҳа бо забони сокини деҳаи ҳамсоя балад нест ва забони муоширати байниҳамдигарии онҳо забони русӣ мебошад, аммо ҳангоми муаррифӣ сарфи назар аз мансубияти миллии худ онҳо бо як ғурури миллӣ ва сарбаландӣ мегӯянд, “Мо доғистонием!”.

Матлаб аз ин гуфтаҳо бори дигар ҳушдор додан ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, ки мо ватандору ободгар, созандаву сулҳпарвар ва сарфи назар аз он, ки ағёр моро хатливу бадахшӣ, раштиву хуҷандӣ мехонаду байни мо тафриқа меандозад, мо бо ифтихору сарфарозӣ мегӯем: “Мо тоҷикем” ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ватани якояки мо тоҷикистониён аст».

Аваз Сафаров, магистранти Донишкадаи идоракунии

давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 “Ҷавонони Тоҷикистон”

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code