Рӯзи дониш ва дарси сулҳ хотирмон гузашт

Рӯзи дониш ва дарси сулҳ хотирмон гузашт

Рӯзи дониш ва дарси сулҳ имсол ҳам дар кишварамон бо як эҳсоси волои ватандорӣ, қадр кардани илму дониш ваэҳтироми арзишҳои муқаддаси миллату давлат гузашт. Хусусан, мулоқоти суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳассилин ва устодони Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси рӯҳбаландии маорифчиёни мамлакат, аз ҷумла ноҳия гардид.

  Дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ Саидзода Нурмуҳаммад, раиси ноҳия, барои мулоқот бо аҳли хонандагону омӯзгорони гимназияи давлатии рақами 1-и ноҳия ба ин кошонаи маърифат ташриф овард. Раиси ноҳия паёми шодбошии хеш аз ғамхориҳои ҳамасолаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф, ҳамчун самти афзалиятнок, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва дастгирии омӯзгорону муҳайёгардонии шароитҳои хуби таълимӣ ҳарф зад.

Раиси ноҳия дар ин рӯз, ҳамчунин, аз дигар муассисаҳои таълимӣ дидан кард.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code