Роҳбаре, ки бо эҳсоси волои ватандорӣ бинои бонк бунёд кард

Роҳбаре, ки бо эҳсоси волои ватандорӣ бинои бонк бунёд кард

  6 сентябри соли равон, дар рӯзи таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки Саидзода Нурмуҳаммад, раиси ноҳия ва Султонзода Сулаймон Саид, директори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, бинои маъмурии навбунёдёфтаи маркази хизматрасонии бонки № 26-ро, воқеъ дар маркази ноҳия, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

  Ростӣ, қомат афрохтани бинои дуошёнаи хуштарҳу зебои маркази хизматрасонии бонки № 26-и Аввалин бонки молиявии хурд ба ҳусни маркази ноҳия бештар ҳусн бахшид ва ҳам дар қалби сокинон ба он ки имрӯзу ояндаи кишварамон рӯ ба шукуфоист, боварию эътимод афзуд.

Дар суҳбат роҳбари маркази хизматрасонии бонки рақами 26-и Аввалин бонки молиявии хурд Акмал Акрамшоев иброз дошт, ки барои рушди мамлакат сарф кардани неруи ҷисмонию зеҳнӣ шарафмандист барои ҳар як нафар сокини кишвар. Агар ҳар яки мо бо коре, бо ҳунаре, бо сухане дар бақои давлату давлатдорӣ саҳмгир бошем, ин мисли он буда, ки қарзи шаҳрвандиамонро дар назди Ватан-Модар ба ҷо овардем.

Маркази хизматрасонии бонки рақами 26-и Аввалин бонки молиявии хурд соли 2014 ба фаъолият шурӯъ кард, аммо бинои он ҷавобгӯи талаботи замон набуд. Аз ин лиҳоз, роҳбари он Акмал Акрамшоев, ки дар оилаи шахсони обрӯманду шинохтаи ноҳия тарбия ёфтаю меҳри Ватанро дар маъвои қалбаш ҷой дода буд, тасмим гирифт, ки ҳам бо маблағҳои худ ва ҳам бо кумаки қарзи бонк бинои хуштарҳу зебое бунёд мекунад, то ин ки на фақат мизоҷонаш афзоянд, балки ҳусни он ба маркази ноҳия зебу фар бахшад. Ана, ҳамин тавр, сохтмони бино бо як эҳсоси волои ватандорӣ ва саршор аз меҳру садоқат шурӯъ ёфт ва аввали соли 2019 анҷом ёфт. Дар бунёди он 406 ҳазор сомонӣ масраф гардид.

Бино аз 2 ошёна бо таҳхона, иборат аз 5 ҳуҷраи корӣ, муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои компутерӣ ва кормандоин соҳибтахассус  мебошад. Зоҳири рангу бор ва саҳни он дилкаш буда, шумораи мизоҷонаш рӯ ба афзоиш аст. Дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави замонавӣ аз ҷониби масъулини ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин дастовези ман аст ба истиқболи Ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, мегӯяд бо ҳисси ифтихор А. Акрамшоев.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code