Роғун- рамзи  Истиқлолият ва бахту саодати воқеии миллат

Роғун- рамзи  Истиқлолият ва бахту саодати воқеии миллат

Инак, дар кишварамон боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст, ки он аҳамияти ҷаҳонӣ дорад: бо талошҳои бардавоми Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дувуми НБО Роғун ба истифода дода шуд. Ин аст ҷасорату мардонагии халқи азиз бо Пешвои муаззами худ, ин аст ватандорию меҳанпарастии мардуми сарбаланд бо Роҳбари дӯстдоштаи худ, ин аст шаҳди Истиқлол!

Истиқлолият дар нигоҳамон медурахшад, дар суханамон ба ҷилва меояд, дар тафаккурамон маънӣ медиҳад.

Истиқлолият гузаштаи ҳазорсолаамонро аз сари нав зинда кард, ба мо шиносонд, ба оянда роҳ кушод, болу пар бахшид барои ободкориҳо.

Истиқлолият шиносномаи давлату миллатро бо ҳама созандагию бунёдкориҳояш ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, он шаҳпуле гардид барои пайвастан ба ҷаҳони мутаммадин.

Бешак, дар сархати тавлиди ин ҳама корнамоиҳо, ҷасорату ҷонфидоиҳо, муҳаббату дӯстдориҳо бо оби тилло номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт гардидааст. Ин сарсупурдаи миллат мисли тулӯи хуршеди ҷаҳонтоб кишварамонро нурборон кард, ба оғӯши гарми худ гирифт, муҳаббату садоқат нишон дод, роҳнамоиҳо кард ба имрӯзу ояндаи дурахшон.

Истиқлолият барои мо ифодагари озодӣ, пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои миллӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии Ватан аст.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиро  ба мардуми шарифи тоҷик ва Тоҷикистони азиз ҳадя дод.

Даврони истиқлолият  барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, то роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию   давлатдории мустақил ҳисоб ёфта, созандагию бунёдкорӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин  дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Аҳамияти таърихии Истиқлолияти Тоҷикистон аз он иборат аст, ки аз ибтидо то имрӯз  мардуми кишвари мо бо сарварии Пешвои миллат низоми давлатдориро ба дӯш гирифта,  хатари нобудшавии онро аз миён бардошт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, Артиши миллиро таъсис дод, барои таҳкими давлатдорӣ шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро мустаҳкам кард, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба ватан баргардонд, таҳкурсии устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, сулҳи байни тоҷиконро таъмин кард, ки ҳамаи ин барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир буд. Махсусан, баъди соли 2000-ум Тоҷикистони азизамон бо шарофати сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба се ҳадафи стратегӣ- аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан ва амнияти озуқавориро таъмин кардан  бомаром пеш меравад. Дар ин марҳала баҳри таъмин намудани ин ҳадафҳо дар кишвар чандин нақбҳои азими аҳамияти байналмилалидошта, аз қабили нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Шаршар” бунёд ёфта, садҳо километр роҳҳои нави сатҳи байналмилалӣ сохта шуданд ва, ҳамзамон, роҳҳои асосии кишвар пурра азнавсозӣ гардиданд.

Тӯли даҳ соли охир чандин адад неругоҳҳои барқи обӣ бунёд ёфта, неругоҳҳои мавҷуда аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Сохтмони иншооти аср, бузургтарин НБО дар Осиёи Марказӣ “Роғун” сохта, агрегати якуму дувуми он ба истифода  супурда шуд. Неругоҳҳои барқи обии Норак, Қайроққум, Сангтуда 1, 2 тамоми ҷумҳуриро бо неруи барқ таъмин менамояд.

Давоми даҳ соли охир дар кишвар ҳазорҳо гектар боғу токзор,  майдони зироатҳои гуногун бунёд гардида, садҳо корхонаҳои хурду бузурги коркарди сабзавоту меваҷот ва истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки ҳамин гуна пешравию ободкориҳо дар ноҳияи Дӯстӣ ҳам авҷи тоза меёбад. Мактабу беморхона, марказҳои саломатию бунгоҳи тиббӣ, боғи фарҳангӣ, варзишгоҳ, иншоотҳои варзишӣ, маркази ҷавонон…  бо навбат  бунёд меёбанд, ки аз дидани ҳамаи ин чашми кас рӯшану рӯҳаш болида мегардад.

Бигзор Ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳои аз ин ҳам бештар оварад.

Одиназода Ҳуснигул,

раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code