Бинои нави маъмурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Бинои нави маъмурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

  Санаи 6 сентябри соли равон, дар Рӯзи таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки Саидзода Нурмуҳаммад, раиси ноҳия ва Султонзода Сулаймон Саид, директори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, бинои навбунёдёфтаи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи номбурда ба чунин бино ниёз дошт. Баъди таъин гардидани сардори нави муассиса Хайриддин Атовуллоев масъалаи мазкур мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт ва он бо маблағгузории Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 163 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Бинои маъмурӣ якошёна буда, аз ҳуҷраҳои зебои барҳаво бо мизу курсиҳои нав ва дигар шароитҳои ҳаматарафаи корӣ муҷаҳҳаз мебошад. Шароити хуби корӣ ба пешравии корҳои ҳаррӯза ва иҷрои нақшаҳои истеҳсолии коргарон мусоидат кард. Рақамҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки комёбиҳои муассиса дар ҳаштмоҳаи соли равон назаррасанд. Роҳбари муассиса Х. Атовуллоев дар суҳбат иброз дошт, ки ҳамаи дастовардҳои соҳибшуда дар асоси нишондод, дастуру тавсияҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардидаанд.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code