ҲНИТ дигар оянда надорад, тамом, вассалом!

ҲНИТ дигар оянда надорад, тамом, вассалом!

(Посух ба мусоҳибаи ихтисосии Ислоҳ нет бо Муҳаммад Нурӣ)

  Мусоҳибаи интишорёфтаи «М.Нурӣ: Муҳаррики асосии ИНОТ ҲНИТ буд»-и хабарнигори сомонаи ифротии «Ислоҳ нет» бо Муҳаммад Нурӣ, писари С. Нурӣ, бандаро ростӣ дар маърази тааҷҷуб ва ҳайронӣ андохт. Рисолати виҷдонию нангу номуси ватандорӣ водорам намуд, ки қаламу коғаз ба даст бигирам. Нахуст, Муҳаммад Нурӣ зимни ёдкарди сифати фаъолият ва тавсифи пайвандии падараш С. Нурӣ бо халқу Ватан, рӯзҳои сангини маризии он, дӯстдории мардум, ба аёдат омадани намояндагони ҳама табақоти ҷомеа мегӯяд: «Ҳатто ин маҳбубияту эҳтироми фарогири қишрҳои гуногун боис гардид, ки роҳбарони аввали кишвар низ ба дидорбинии эшон биоянд».

Неши суханро бубинед! Яъне, мантиқи сухан ин аст, ки роҳбарони аввали кишвар чун диданд, ки мардуми зиёд ба аёдат равонанд, чору ночор ва ё  ноилоҷ монда, баъди дигарон ба дидорбинии С. Нурӣ омадаанд. Аммо поёнтар сухан нарму мулоим шуда, мусоҳиб аз аёдати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои ӯ барои табобат гирифтани С. Нурӣ дар Олмон ва муҳаббати онҳо сухан ронда иброз медорад: «Устод аёдати Президенти кишварамон Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун аёдати дӯст ва бародар қабул карда буд, ки солҳо бо ҳамдигар рафтуомад доштанд». Ин ҷо мавқеи мусоҳиб устувор нест, ҳам тамасхур дораду ҳам дилгармӣ.

М. Нурӣ ба суоли роҳбарии ҳизбро ба дӯш гирифтан ё нагирифтани падараш С. Нурӣ мегӯяд: “Як чизро ошкоро бигӯям, ки ба фарқ аз баъзе афрод раҳматии қиблагоҳӣ пойбанди мансабу вазифаву роҳбарӣ набуданд… Чун дарди устод роҳбарию мансабу вазифа набуд”.

Албатта, раиси ҲНИТ С. Нурӣ он қадар сода ва камандеша набуд, ки баъди ин қадар қатлу кушторҳо боз зимоми роҳбарии ҳизби исломиро бипазирад. Охирҳои солҳои 90-ум ин ибтидои солҳои 90-ум набуд, ки ҳизб мардумро ба гумроҳӣ андохта аз паси худ бубарад. Ботинан эътимодаш аз он ки баъд аз ин аз мардум дастгирӣ намебинад, комил буд. Охир, маҳз бо дасти наҳзатиҳо майдони шаҳидон ташкил гардиду дар кишвар ошуб бархост. Такрор шавад ҳам, мегӯем, ки то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мамлакат бо силоҳи онҳо оғӯштаи хун гардид. Магар баъди ин роҳбарии ҳизби исломӣ саҳл буд ва оё он аз тамоми мардуми манотиқи кишвар пуштибонӣ медид?

Агар гӯем, ки С. Нурӣ дар сулҳи тоҷикон саҳм надошт, беинсофӣ мешавад. Саҳм гузошт. Аммо дар мавриди ин ки аз роҳбарии ҳизб даст кашид, тавре боло ишора гардид, сабаби воқеӣ вуҷуд дошт.

М. Нурӣ иқрор мекунад, ки замони охирҳои ҳаёти падараш миёни мухолифон(яъне наҳзатиҳо) ҷудоӣ афтод. Аммо дар ин ҳолат ҳам ҷудоиандозиро аз дигарон мебинад: “… он замон миёни худи мухолифону дигарандешон ҷудоӣ ва диду назари  мухталиф ба миён омад. Ё аниқтараш онро ба вуҷуд оварданд… Ин боис гардид, ки ҳам худашон осеб бинанд ва ҳам ба ҷомеа осеб расонанд”. Инсоф бояд! Айб, нуқсу иллати худро зӯракӣ ба гардани дигарон бор кардан ба Худо хуш намеояд. Не, ҷудоиро байни наҳзатиҳо ҷуз худашон дигар касе наандохт, аввалан қисме аз онҳо вобаста ба вазъияти сиёсию иқтисодӣ мавқеи худро дигар кардан мехостанд, чунки ояндаи фаъолияташонро торик медиданд, қисме ҳангоми бархӯрди манфиатҳо норизоӣ нишон дод. Порасухани М. Нурӣ, ки мухолифон(яъне наҳзатиҳо) ба ҷомеа осеб расонданд, дуруст аст, аммо инро бояд осеб не, балки хиёнату куштор номид.

Мутаассифона, дар мусоҳибаи ихтисосӣ аз амалҳои хиёнаткоронаи ҳоҷӣ Ҳалим Назарову ҳамроҳонаш, ки мардуми бегуноҳро ба қатл расонда, мехостанд дар ғасби ҳокимияти қонунӣ дастболо гарданд, ҳарф зада намешавад. Аз чунин хиёнаткориҳо дар ҳаққи давлату миллат чашм пӯшида мешавад. Чаро? Чунки ба худсафедкунии қотилон далел нест.

М. Нурӣ аз он шиква дорад, ки ҳукуматдорон мегӯянд мо бо ИНОТ сулҳ кардаем, на бо ҲНИТ. Бубахшед, лаҳзае аз хоби гарон хезед, охир ин воқеияти ҳол аст! Он вақт иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик фақат аз наҳзатиҳо иборат набуд, байни онҳо намояндагони ҳам демократҳо, ҳам растохезҳо ва ҳам дигар созмону ҷамъиятҳое, ки бо Ҳукумати конститутсионӣ мухолифат меварзиданд, мубориза доштанд. Маҳзи ҳамин ноиттифоқии дар боло изҳордоштаи М. Нурӣ  аллакай ҳангоми дар он тарафи соҳил қарор доштан байни онҳо афтода, солҳои 2000-ум фарогир шуда буд. Магар метавон ҳамаи онҳоро аъзои ҲНИТ номид?

М. Нурӣ ба фаъолияти ояндаи босамару зафарҳои сиёсии ҲНИТ эътимоди қавӣ дорад. Мегӯяд: “ҲНИТ марҳилаҳои душвореро паси сар кардаву мекунад. Ва иншоаллоҳ ояндаи хуберо дар пеш дорад”. Не, муҳтарам М. Нурӣ, ин суханро дар гӯшат ҳалқа бидор, ки мардуми шарифи Тоҷикистон чунин мегӯяд: “ҲНИТ дигар оянда надорад, тамом, вассалом, зеро ин ҳизбест, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дардод, қариб як миллион нафар шаҳрвандон иҷборан гуреза шуданд, қариб 200 ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ қурбони ҷанг гардиданд. Боварии сокинони кишвар дигар ба чунин ҳизби мамнуъшудаи террористӣ-экстремистӣ намондааст!”.

Н. Файзуллоев,

сархатиби ноҳияи Дӯстӣ

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code