Чархаи дувуми Роғун ба истифода супурда мешавад. Пас ба воқеият тан додан мардист

Чархаи дувуми Роғун ба истифода супурда мешавад. Пас ба воқеият тан додан мардист

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шири сафеди модар, бо дуои неки пирон, бо обу ҳавои Тоҷикистон қасам хӯрда, тақдири имрӯзу ояндаи кишварро ба дӯш гирифт то онро шукуфо гардонад. Ба кор даромадани чархаи якуми иншооти аср- НБО Роғун 16 ноябри соли 2018 ба қасами хеш содиқ мондани ин абармарди бузург аст. Он рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, боз як далели муътамади раднашавандаи шукуфоии имрӯзу оянда, рушди устувор ва зинаҳои баланди тараққиётро соҳиб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвари худ Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Миллати тоҷик бо ору номуси миллӣ, бо эҳсоси ватандорӣ, бо панҷаҳои қавии худ андаруни кӯҳ мӯъҷиза офарид, ки воқеан он аз ҷиҳати тавоноӣ ҳамто надорад.

Инак, 9 сентябри соли 2019, дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз чархаи дуюми НБО Роғун ба истифода супурда мешавад.

Муждаи ин корномаи олии ватандӯстона ва комёбиҳои барҷастаи истеҳсолӣ, ки садояш то сурайё паҳн гардид ва боз паҳн мегардад, ба чашми наҳзатиҳои нотавонбини аз давлату миллати худ рӯй гардондаю ноҷавонмардона мухолифи он гардида, хок пошид, овозашонро дар гулӯяшон баст. Акнун, суоле пар мекашад, ки мухолифони ин кишвари дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускору созанда эътирофгардида барои сиёҳ кардани чунин дастоварди бузург боз чӣ гуна буҳтонҳо мебофтаю боз чӣ қадар туҳматҳои аз инсофи инсонӣ берун эҷод мекарда бошанд? Магар ба чашми ҷаҳониён хок пошидану ноҳаққона, беадолатона, ноҷавонмардона Тоҷикистону Сарвари маҳбуби онро бо сиёҳкарданҳо ба ҷое мерасида бошанд? Гумонашон бо ҷамъомадҳою паймонҳои сохта, бо митингҳои хандаовар, бо ҳарзагӯиҳои беасос  халқи дунё ба онҳо бовар мекарда бошад. Не, беҳтараш мардумро чунин гӯлу гумроҳ напиндоранду гумонҳои ботилро аз сар бадар созанд. Онҳо соли 2018 сару садоҳо баланд карда, аз ҳисоби созмонҳои бо ном сохта эътилофи “Паймони миллии Тоҷикистон”ташкил доданд, дар ҳамоиши солонаи САҲА бошад, худро ҷабрдида вонамуд карда, Истиқлолияту дастовардҳои Тоҷикистонро зери шубҳа гузоштанд. Хайр, баъд чӣ шуд, магар чунин фирефтагию бадгӯиҳо самар овард? Не, чунки ҷаҳон аллакай Тоҷикистонро ҳамчун кишвари адолатпарвару ташаббускор шинохта гирифтааст ва бовар кардану нокардан ба чунин ноҳаққиҳо ба адлу инсоф ва виҷдони худи онҳост.

Ҳизби мамнуъ эълоншудаи наҳзатиҳо бо сарварии Кабирӣ, ки имрӯз бо қисми кӯчак паноҳандаи хориҷи кишвар будаю тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳизби террористӣ эълон шудааст, ин мӯъҷизоти кашфшударо бояд бо чашмони сар бубинанду мардона ба ҷасорату корнамоиҳои беназири  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тан бидиҳанд, ба муҳаббату садоқати бепоён доштани мардуми кишвар ба Ватани азиз, ки бо даъвати Сарвари худ дар барқарорсозию азнавсозии ин кохи нур, яъне иншооти бузурги аср, саҳм гузошта истодаанд, қоил бигарданд, ба якумра парвоз кардани кабӯтари сулҳ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба ҳамасола рушд ёфтани иқтисоди миллӣ сад дар сад иқрор бишаванд, охир он чӣ айён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Бояд иброз дошт, ки тавре Пешвои муаззами миллат бо ифтихори бепоён мегӯянд, расидан ба ин рӯзҳои некро тамоми сокинони Тоҷикистон интизор буданд. Воқеан, ин қаҳрамонии  беназири Роҳбари давлат дар ҷабҳаи нангу номус аст, ки чунин як иншооти муҳташами аҳамияти стратегидоштаи аз лиҳози баландии сарбанд дар ҷаҳон ҷои аввал ва  аз ҷиҳати иқтидор дар минтақа бузургтарин ҳисоб меёфта, соли гузашта бо чархаи аввали худ ба кор даромад ва акнун чархаи дуюми он ба истифода супурда мешавад.

Набояд фаромӯш сохт, ки мавқеи ҷуғрофии ин НБО Роғун, ин иншооти бузурги гидротехникӣ ҳанӯз соли 1931, дар солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ, муайян гардидаю сохтмони лоиҳааш танҳо солҳои 70-ум оғоз ёфта буд. Аммо давлати шӯравӣ бо ҳамон тавоноию бузургиаш онро сохта натавонист, болои сӯхта намакоб, замони нооромиҳои кишвар ҳама таҷҳизоту дастгоҳҳояш ба ғорат рафт, нақбҳояш хароб гардид ва азнавсозиаш афсона менамуд. Маҳз бо дастур, ташаббусу ҳидоятҳои роҳнамоикунанда, ҷоннисориҳо ва талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони неругоҳ ҷасурона, бо азми қавӣ ва бо боварии комилан қатъӣ шурӯъ ёфт, мардум дар атрофи Сарвари маҳбуби худ якдилу якҷон шуда, ба қавлу амал устувор монда, баҳри хушбахтии на танҳо имрӯз, балки садсолаҳои оянда  неругоҳро бунёд карданд. Яъне, ба ҳар хонадон нур даромад, гармӣ даромад, муҳаббат даромад.

Иншооти муқтадири Роғун на танҳо мушкилоти норасоии барқро дар Тоҷикистон рафъ мегардонад, балки ба кишварҳои минтақа неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза интиқол дода, онҳоро низ аз ин мушкилот мераҳонад ва аз ин ҳисоб ба хазинаи мамлакат даромад ворид месозад. Магар чунин амали некбинона, дурандешона ва хайрхоҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат рӯ ба афзоиш аст, наҷибтарину шоистатарин иқдомот нест? Магар ин аз тавоноию пуриқтидории давлату миллати тоҷикон бо Сарвараш дарак намедиҳад? Инсоф мебояд, наход подоши чунин қаҳрамонии бемисл ҳадафи танқид қарор додан бошад? Аз ин рӯ, мухолифони давлату миллати мо, амсоли Кабирию пайравонашро мебояд, ки аз андешаи солим кор гирифта, инсофро дар худ нигоҳ бидоранд, аз сафедро сиёҳ гуфтанҳо мардонавор даст бикашанд, ба ин корнамоии ҷасурона тан бидиҳанд, охир ба воқеият тан додан мардист!

Ба кор даромадани чархаи якуми НБО Роғун ва инак чархаи дуввуми он , ин яъне моро дар пеш зиндагии шоиста ва кӯҳи хушбахтиҳо интизор будану ҳаётамонро офтобӣ кардан аст. Илова бар ин, раванди қудратмандии содирот, аз ҷумла неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза афзоишу иқтисодиёти миллӣ таҳким меёбад ва муҳимтар аз ин ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ дастрасӣ меёбем.

Дилгармии мардуми зафарпешаи кишварамонро ба бунёдкорию созандагӣ сабаб он аст, ки онҳо ба ивази он подоши нек, эҳтирому самимиятро мебинанд. Чунончи, таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ба заҳматҳои шабонарӯзии нурофарандагон буд, ки баъди ба истифода додани агрегати якуми неругоҳ 2 нафар коргар бо ордени “Шараф” дараҷаи 2, 53 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 48 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 ҳазор нафар бо туҳфа ва соатҳои рамзӣ сарфароз гардонда шуданд.

Ва ё ҳамасола унвонии шиоре заҳмат кашидану ба натиҷаҳои хушҳолкунандаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ муваффақ гардидан далели қавии он аст. Чунончи, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани Соли оила, Соли ҷавонон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ… хирман-хирман комёбиҳо ба даст омад, ки ҳамаи он дар тарбияи ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, маърифатнокии мардум, хоса ҷавонон, мақоми пурарзишро касб менамоянд ва ҷойгоҳи ононро дар ҷомеа баланд мебардорад. Ба ин васила пайвандии халқ бо давлат ва роҳбарияти олии он устувортар мегардад. Пас, чаро халқ чунин давлату чунин роҳбарияти олии худро дӯст надораду ба он арҷ нагузорад? Ин воқеиятест, ки ҳатто ҳеҷ як нохалафе бояд инкор карда натавонад.

Тавре огоҳем, 31 октябри соли 2018 гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия таҳти сарварии раиси Ҳизби либерал-демократи ин кишвар Владимир Жириновский бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Бубинед, ки сиёсатмадори рус Владимир Жириновский ба тавонмандии Президенти мамлакатамон, ба Пешвои хирадманду раиятпарвари миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо доданд:  “Шумо сиёсатмадори дурандеш, Президенти мардумӣ ва асосгузори давлати навини Тоҷикистон ҳастед. Дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос Шумо мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшидед. Мо нисбат ба Шумо эҳтироми самимӣ дорем ва Шуморо ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадпеша ва бунёдкор эътироф мекунем”.

Модоме ки сиёсатмадори шинохтаи яке аз давлатҳои абарқудрату пешрафта ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баҳои баланду арзишманд медиҳад, пас он ҳама ҳарфҳои бепояи дур аз воқеият, он ҳама туҳмату буҳтонҳои бегонапарастону мухолифони миллату давлати тоҷик ҳубоби рӯйи обро монанд.

Саидаҳмади Ҳасан

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code