Ба кор даромадани агрегати дувуми НБО Роғун  қаҳрамонии бемисл аст ва  оё Кабирӣ инро иқрор мекарда бошад?

Вокуниш

Ба кор даромадани агрегати дувуми НБО Роғун  қаҳрамонии бемисл аст ва  оё Кабирӣ инро иқрор мекарда бошад?

   Инак, дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон боз як саҳифаи нави таърихӣ боз мегардад. Он бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохтани агрегати дувуми НБО Роғун мебошад. Тавре медонем, агрегати якуми он 16-уми ноябри соли 2018 ба истифода супурда шуда буд. Ин корнамоии бузург дар сархати тамоми рӯйдодҳои олам мунташир шуд ва бори дигар ҷаҳониён  санохони Роҳбари ояндабину ояндасоз ва миллати тамаддунофари тоҷик гардид. Пурсида мешавад, ки оё наҳзатиҳои дар хориҷи кишвар паноҳбурда бо сарварии хиёнаткори Ватану миллат Кабирӣ  ин дастоварди асрро, ин қаҳрамонии бемислу монанди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътироф мекарда бошанд ва ё қалбҳои бӯгину сиёҳашон монеъ мегарданд?  Эътироф накардан далели ҷаҳлу нодонӣ, камхирадӣ, нотавонӣ ва шуури тираи онҳо мебошад. Ҳол он ки дини мубини ислом аз ҳар бандаи муъмин қалби поку беолоиш, ҳамду сано хондан ба мардони халқпеша, заҳматкашу  раиятпарвар, қадр кардани дастовардҳои барои халқу миллат офаридаи онҳоро талаб менамояд.  Ҳайҳот, ки куҷо расанд нахзатиҳою Кабирӣ ба ин фармудаҳои осмонии Қуръони азиммушаън! Онҳо танҳо ба як кор қодиранд: дини мубини исломро ба сиёсат омехтан барои манфиатҳои худ.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳони тезутунди имрӯза аз ҷониби гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоӣ сиёсисозии дини мубини ислом бо мақсадҳои ғаразнок қариб ки ба хукми анъана даромадааст. Ҳол он ки бо номи дини мубини ислом ҷудоию тафриқаандозӣ, гурӯҳбозӣ ва ранҷу озор додани одамон хилофи ояҳои Қуръони азиммушаън мебошад. Гумон наравад, ки ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро инро намедониста бошанд, инро медонанд, аммо манфиатҳои шахсию гурӯҳии худро аз ояҳои каломи илоҳӣ болотар гузошта, ҳадафмандона амалҳои зиштро раво мебинанд..

Ислом дини ҳикмату насиҳат, ҷавонмардӣ, сулҳу салоҳ, некиву накукорӣ, ободкорӣ ва ислоҳи ҷомеа аз амалҳои нопок мебошад. Дарку фаҳмиш надоштан ба асли моҳияти ин сарчашмаи маънавӣ боиси парокандагии мусалмонон, сар задани ҷангу низоъ дар кишварҳои мусалмоннишин мегардад. Аз ҷумла, мақсади ягонаи собиқ ҲНИТ аз ибтидо пиёда сохтани амалҳои нопоку ғаразнок, ноором сохтани ҷомеа буд ва имрӯз дар хориҷи кишвар бошад ҳам, бо роҳбарии хиёнаткори миллату давлат Муҳиддин Кабирӣ машғули сиёҳу бадном кардани Тоҷикистон аст. Муҳиддин Кабирӣ тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ, бахусус, ҷавононро ба доми макру фиреби худ дароварда, бо ақидаҳои пӯсида тафаккурашонро заҳролуд менамояд, то ин ки аз онҳо барои худ итоаткору фармонбардор, тахрибкору қотил тайёр созад. Афсӯс, ки ҷавонони аз сиёсат ноогоҳ лаҳзае намеандешанд, ки давлату миллат аз худи Кабирию гурӯҳи хиёнаткоронаш чӣ нафъе дид, ки онҳо пайрави чунин ҷаллодону тахрибкорон гарданд?

Ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва ҷавонони берун аз кишвар гуфтаниям, ки як чизи асосиро мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем. Тоҷикистон давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд буда, 99 %-и онро ҷомеаи мусалмонон ташкил медиҳад. Барои ҳамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари давлатии худ ба давлати Арабистони Саудӣ зиёрати хонаи Каъба намуда, аз дохили хонаи Худо барои ободию осоиштагӣ ва фаровонии рӯзгори мардуми Тоҷикистон дуо намуда буд.

Муҳиддин Кабирӣ ба он хотир номи исломро ба ҳизби худ гузошт, ки мардумро бо осонӣ фирефтаи макру ҳиял ва ақидаҳои ботилу носолими худ гардонда, ба мақсадҳои ғаразноки сиёсию иқтисодии худ бирасад, аммо тираш хок хӯрд ва мардуми соҳибтафаккури кишвар иғвою дасисаҳояшро фаҳмида гирифт.

Ҷавонони ҳушманду соҳибдили гиромӣ! Ҳеҷ гоҳ пайи мутолиаи маводҳои иғвобарангези сомонаи наҳзатиҳои хиёнатпеша нагардед, навиштаю гуфтори онон ҷуз иғвою дасиса ва бо ҳам муқобилгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дигар чизе нест. Биёед, ҳама сарҷамъона иҷрои супориш, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро шиори корҳои рӯзмарраи худ қарор дода, дар шукуфоии кишвар саҳм гузорем!

Дар охир боз такрор медорам, ки ба истифода супурда шудани агрегати дувуми НБО Роғун ва қаҳрамониҳои дар ҷаҳон мислаш диданашудаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори на фақат тамоми мардуми Тоҷикистон, балки тоҷикони рӯйи ҷахон мебошад.

   Қурбонов Абдулҳафиз,   

 муовини  раиси КИ ҲХДТ

      дар ноҳияи Дӯстӣ

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code