Мо 11 миллиард мешавем

Мо 11 миллиард мешавем

СММ пешгӯии нави  худро дар бораи аҳолии ҷаҳон ба нашр расонд.

Бино ба омори эълоншуда, дар охири асри 21 ҷамъияти ҷаҳон ба 11 миллиард одам хоҳад расид. Дар баробари ин шумораи кишварҳое, ки дар ин муддат  нуфусашон кам мешавад, низ рӯ ба афзоиш меоварад.

Бар асоси гузориши СММ, Ҳинд мумкин аст аз рӯи шумораи аҳолӣ дар соли 2027 аз Хитоӣ гузашта, дар сархати феҳрасти кишварҳои ҷаҳон ҷой гирад.

Бинобар пешгӯии донишмандон, 50 дарсади афзоиши ҷамъият дар муддати 30 соли оянда аз ҳисоби рушди аҳолӣ дар кишварҳое монанди Ҳинд, Нигерия, Покистон, Конго, Эфиопия, Танзания,Индонезия, Миср ва ИМА ба амал меояд.

Маблағгузорӣ  барои рушди соҳибкорӣ  дар  деҳот

Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи Лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ Лоиҳаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ”-ро амалӣ намуда истодааст.

Лоиҳа бо мақсади дастгирии Барномаи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди устувор ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки бо он мамлакат дар солҳои охир фаъолона кор мебарад, таҳия гардидааст. Лоиҳа барои гузариш ба тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, яъне ба пурқувватгардонии лаёқатҳои насли нави соҳибкорони хусусӣ оиди иштирок дар фаъолиятҳои тиҷоратӣ дар бахши агробизнес ва пайдо кардани дастрасӣ ба бозорҳо нигаронида шудааст. Тавассути маблағгузории иловагӣ аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ ба Лоиҳа зерлоиҳаи 4-ум ворид карда шуд, ки он ба хизматрасониҳо оид ба гузаронидани омӯзишҳои соҳибкорӣ, хизматрасониҳои рушди соҳибкорӣ барои корхонаҳои хурду миёна ва соҳибкороне, ки акнун ба фаъолият оғоз мекунанд, бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар деҳот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ равона карда шудааст.

Дар доираи амаликунии зерлоиҳа чуинн фаъолиятҳо дар назар дошта шудаанд:

-Маблағгузории ҳиссагӣ: қарзҳо ва грант (то 50%) бо асъори миллӣ;

-Кумак дар таъсиси фаъолияти соҳибкорӣ;

-Кумак барои таҳияи бизнес-нақша;

-Кумак барои маблағгузорӣ;

-Омӯзишҳои соҳибкорӣ ва хизматрасониҳои рушди соҳибкорӣ;

-Мусоидат ба рушди соҳибкории дастгириёфта, дар соли 1-уми фаъолият;

   Баҳрабарандагони

             лоиҳа:

Истиқоматкунандагони деҳаҳо, асосан занҳо, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки омодагии худро барои рушди соҳибкорӣ дар маҳал нишон дода метавонанд.

Дар доираи зерлоиҳа чунин фаъолиятҳо маблағгузорӣ карда мешаванд:

-Биноҳои хурд барои ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маводи озуқа;

-Истеҳсоли печҳои гарминигоҳдоранда ва сӯзишвориҳои  алтернативӣ;

-Занбӯрпарварӣ ва коркарди асал;

-Моҳипарварӣ;

-Парвариши намудҳои генетикии арзишманд дар соҳаи кишоварзӣ;

-Беҳдошти чарогоҳ ва истеҳсоли хӯрокиҳои хушсифати чорво;

-Ҳунарҳои анъанавӣ ва дуредгарӣ;

-Заргарии анъанавӣ ва кулолгарӣ;

-Рушди сайёҳӣ дар сатҳи маҳал;

-Ташкили корҳои оҳангарӣ дар самти кишоварзӣ;

-Манбаъҳои алтернативии энергия барои фаъолияти иқтисодӣ;

-Парвариши зироатҳои бисёрсола (буттамева, чормағз ва боғҳо);

-Зироаткории органикӣ;

-Парвариши гулҳо;

-Зироаткорӣ;

-Хизматрасониҳои хурд аз қабили мағоза, қаҳвахона, таъмири автомобил, сартарошхона, таъмири пойафзол, хизматрасониҳои бойторӣ, ҳуқуқӣ ва ҳисобдорӣ, технологияи иттилоотӣ, хизматрасониҳои нақлиётӣ, хизматрасониҳои тарҷумонӣ ва машваратӣ дар сатҳи маҳал.

      Афзалиятҳо:

-Маблағгузории ҳиссагӣ: қарзҳо ва грант(то 50%) бо асъори миллӣ;

-Фоизҳои пасти қарзӣ нисбат ба дигар қарздиҳандагон;

-Муҳлати қарз то 36 моҳ;

-Давраи имтиёзӣ то 24 моҳ;

-Кумак дар таъсиси фаъолияти соҳибкорӣ (ройгон);

-Кумак барои таҳияи бизнес-нақша (ройгон);

-Кумак барои маблағгузорӣ (ройгон);

-Омӯзишҳои соҳибкорӣ ва хизматрасониҳои рушди соҳибкорӣ (ройгон);

-Мусоидат ба рушди соҳибкории дастгириёфта дар соли 1-ум (ройгон),

Маълумот барои тамос:987-39-00-71 987-22-00-28 Суроға: н. Ҷалолиддини Балхӣ, шаҳраки Балх, кӯчаи Балхӣ, 39.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code