Нақши  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи забони   тоҷикӣ  дар даврони  соҳибистиқлолии  кишвар

Нақши  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи забони   тоҷикӣ  дар даврони  соҳибистиқлолии  кишвар

 22 июни соли равон дар толори маркази ҷавонони ноҳия дар мавзӯи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

 Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси ноҳия Шарифзода Зебонисо ифтитоҳ бахшид. Баъдан, дар конфронс вобаста ба мавзӯи матраҳгардида Саидаҳмад Ҳасанов, сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Дӯстӣ”, Ширинҷон Собиров, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики гимназияи давлатии ноҳия, Фирӯз Олимов, сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия” маърӯзаҳо хонданд.

  Алҳол, маърӯзаи Саидаҳмад Ҳасанов, сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Дӯстӣ”, бо номи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” пешкаши хонандагон гардонда мешавад.

Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя,

шиноснома ва нишони бақои ҳар як

халқу миллат аст.  Эмомалӣ Раҳмон

 

Забони тоҷикӣ ин ҳамон забонест, ки тӯли садсолаҳо сипари боэътимоди миллат шуда, онро аз гирдоби ҳалокатҳо наҷот дод. Агар ин забон аз байн мерафт, миллат аз байн мерафт.

Забони тоҷикӣ дар ҷаҳони ислом ягона забонест, ки ҳанӯз соли 713 мелодӣ Қуръони карим  аз арабӣ ба ин забон тарҷума карда шуд.

Забони тоҷикӣ дар ҷаҳони ислом ягона забонест, ки бо фатвои  аҷдоди бузургамон Имоми Аъзам гузарондани намоз бо ин забон сурат гирифта буд.

Тавре мо медонем, забони тоҷикӣ дар дарозои таърих роҳҳои пуртаҳлӯкаю пурпечутоберо паймуд, ки олимон мӯшикофона омилҳои ташаккул ва хусусиятҳои таърихию сиёсии онро муайян кардаанд. Ин забон бо тавонмандӣ солҳои сангину пурошӯбро убур кард ва маҳз дар даврони Истиқлолият бо пуштибонию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидор пайдо карда, чун дарахти пургул ҷило дод, зебу фар ва шукӯҳмандӣ ёфт. Аз ин лиҳоз, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар мавқеи устувор пайдо кардану шукуфо гардидани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият хеле барҷаста мебошад. Ба ин китобҳои “Ҳастии миллат- забони миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”,  “Дин ва ҷомеа”; “Аз ориён то Сомониён”, суханрониҳои Пешвои муаззам бахшида ба Рӯзи забон ва ғайраҳо далел шуда метавонанд, ки саршор аз арзишҳои олии илмианд.

Воқеан, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолият хеле муассир мебошад. Аввалан, суханронии зебои адабии Пешвои муаззам, ки басо тоза, гӯшнавоз ва шинаму форам садо медиҳад, барои ҳар як шаҳрванди кишвар дарси омӯзиши санъати сухан аст. Дуввум, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони ноби адабии тоҷикиро ба минбарҳои баланди бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли СММ бурд. лаҳни ширини онро чун паёми сулҳу ваҳдат ба гӯши оламиён расонд.

Тавре Пешвои муаззам таъкид медоранд, дар замони Истиқлолият эътироф гардидани забони тоҷикӣ, ки ба муттаҳидии миллату халқиятҳо мусоидат кард, нахустин дастовард мебошад. Ин забони дар савтиёт фораму дар сермаъноӣ пур аз дурдонаҳои марворид, ки ҳатто аз аҳли биҳиштиён номбар мешавад, тавонист дар солҳои даргириҳои навадум  бо табиати сеҳрофарию муъҷизаосоии худ миллатро аз парокандашавӣ наҷот дода, сарҷамъ оварад (ба мисли барномаи родиёии “Хоки Ватан”), миллати хушманду донишандӯхтаро то имрӯз ба сӯи ободкориҳою тозакориҳо ҳидоят созад.

Аз мутолиаи китоби арзишманди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони  миллат- ҳастии миллат” (Душанбе, Эр-граф, 2016, 516 саҳ.)  ҷанбаъҳои забоншиносӣ ва умдатарин сифатҳои барҷастаи забони тоҷикӣ, ба мисли тавоноӣ, муттаҳидсозӣ ва  сулҳофаринии он намоён мегардад. Ин сифатҳо пеш аз ҳама аз табиати ширинлафзӣ, латифгуфторӣ, тозагӯӣ ва меъёрҳои навиштории худи он маншаъ мегиранд.  Тавре медонем, сарфу наҳви забони адабии тоҷикӣ реша аз қадим дорад, хусусан решапайвандии зич бо  забонҳои форсии қадим, авастоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ ва ғайраҳо. Маҳз дар даврони давлатдории Сомониён забони форсии тоҷикӣ ташаккул ёфт, бо ба ҳам овардани беҳтарин лаҳҷаву гӯишҳо ба як забони мукаммали адабӣ табдил шуд, ки ашъори дилошӯби сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намунаи он мебошад. Ин ашъор забони тоҷикиро ба авҷи аълои худ, ба пояи шуҳрат бардошт. Ва ҳарчанд ки миллати тоҷик давоми ҳазор сол дар ҳайати дигар давлатҳо ба сар бурду забонаш бо забонҳои туркию арабӣ махлут гардид, аммо он на фақат  асолаташро пурра нигоҳ дошта тавонист, балки забони давлатдории сулолаҳои Ғазнавиён, Шайбониён, Салчуқиён, Темуриён, Манғитиён буд.  То инқилоби болшевикӣ дар баробари забони тоҷикӣ чунин забони муқтадире, ки бо забони тоҷикӣ рақобат кардаю кори ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳокимиятдориро ба дӯш гирифта тавонад, набуд. Таърих мегӯяд, ки ҳине сулолаи Темуриён Ҳиндустонро тасарруф менамоянд, ҳавзаи забону адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба дараҷае густариш ёфта буд, ки дар кӯчаҳои Деҳлӣ мардум бо ин забон ҳарф мезаданд.

Замони 70 соли шӯравӣ забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланд афтода, чун забони ӯгай ҳоли табоҳеро аз сар мегузаронд. Бартарӣ ба забони русӣ дода шуда буд. Илова бар ин василаи забони русӣ села-села калима, ибора, мафҳум ва таркибҳои забонҳои хориҷӣ ба забони гӯшнавози тоҷикӣ ворид шуда, ҳусни онро мекоҳонд ва мавқеашро дар гуфтору навиштор маҳдуд месохт.

Ниҳоят бо талошу заҳматҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик 22 июли соли 1989 дар  Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забон қабул гардид. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии давлатӣ ва муоширати ҳамагон эълон шуд, аммо қоидаҳои имлои он ба диди нав, такмил ва навсозӣ ниёз дошт. Ин буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 июли соли 1996  дар суханронии хеш пешниҳод намуд, ки такя бар пояи мантиқи илмӣ Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ таҳия ва қабул карда шавад. Пешниҳоди мазкури дурандешона омили 3-юми июли сентябри соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ” дар таҳрири нав гардид.

Ҳама соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, техникӣ, фарҳангӣ дар раванди ҳаёт шакл мегиранд, навгониҳо падид меоранд ва ин, албатта, ба забон низ бетаъсир намемонад. Асри ХХ1 ҳамчун асри иттилоот, асри пажуҳишҳои тозаи илмӣ, асри  кашфиётҳои нави техникӣ, ташаккули муносибатҳои нави  иҷтимоӣ, неруи созандагию офарандагии худро зуд нишон дод. Ҳамин буд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳия ва қабули қонуни нави забонро  ба миён гузошт.

Бо имзои Президенти кишвар 5 октябри соли 2009, №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки он аз 7 боб ва 28 модда иборат мебошад. Дар моддаи 3-юми Қонуни мазкур омадааст:

“1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. 2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад”.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззам ба хотири арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ ва расмии давлатӣ, арзиши волои миллӣ 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид карда шуд

Аммо ин ҳоло охири кор набуд. Бо пешниҳоди Президенти кишвар барои татбиқи сиёсати  давлатии забон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон(октябри соли 2009)дар бораи таъсиси ниҳоди нав- Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 4 октябри соли 2011 бошад, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №458 “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” дар таҳрири нав қабул карда шуд. Ба ин васила меъёрҳои асосии риояи навиштори забони тоҷикӣ муайян гардида, иҷрои он ҳатмӣ муқаррар гардид.

Мушкилоти дигар ин буд, ки баъзе  мафҳумҳо, новобаста  ба маънои онҳо, бо шаклҳои гуногун навишта мешуд, ба забон баъзан калимаҳое ворид мегардид, ки на ҳама аз маънии аслии онҳо огоҳ буданд. Ба ин хотир,  бо супориши Президенти мамлакат аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 “Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ” дар 2 ҷилд ва соли 2013 аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ба нашр расид. Ин омили дастёбӣ ба дарки маънию навиштори  дурусти дилхоҳ мафҳум ва калима барои шаҳрвандон гардид.

Яке  аз ташаббусҳои бисёр наҷибу барҷастаи дигари Президенти кишвар дар  соҳаи забон, ки ба рушди минбаъдаи он мусоидати қавӣ кард, ин соли 2008 -ро эълон доштани забони тоҷикӣ буд. Воқеан, забони тоҷикӣ ҳамчун як рукни асили ҳувияти миллӣ ба ҳама гуна дастгирию ғамхориҳо ва арҷгузориҳо арзанда аст. Маҳзи ҳамин дар  доираи муҳтавои ин сол даҳҳо ҳамоишҳою чорабиниҳои илмӣ, форуму нишастҳои байналмилалӣ, фарҳангӣ, адабӣ дар сатҳи баланд  баргузор гардид, китобу рисолаҳои арзишманд ба нашр расид, ҷиҳати тозагию оммафаҳмии забони матбуот чораҷӯиҳо карда шуд ва, аз ҳама муҳимаш, шаҳрвандон бори дигар забони тоҷикиро ҳамчун арзиши бузурги миллӣ ва наҷотбахши миллат эҳсос карданд.

Қабули “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012- 2016” дар ҷоннокгардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон ва роҳу воситаҳои ташаккули он нақши калидӣ бозид. Давоми ин солҳо  таълими забони тоҷикӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такя бо тадқиқоту ҷусторҳои илмӣ хеле пеш рафт,назорат дар самти риояи қатъии ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, беғалатии навиштаҷотҳо, шиору овезаҳо… таъмин ёфт.

Ҳаминро бояд рӯшан гардонд, ки тибқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз шахсони ҳуқуқӣ 15-20 нишондиҳанда, аз шахсони мансабдор 30-40 нишондиҳанда муҷозот пешбинӣ гардида, санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад. Барои ҳамин ҳар яки мо бояд ҷиҳати тозагии забон ва риояи бечунучарои қонуни номбурда масъулияти ҷиддӣ дошта бошем.

Имрӯз бинобар бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат раванди ҷаҳонишавӣ торафт бештар доман паҳн мекунад, ки он омили таъсиргузор  гардидани забонҳои тараққикарда ба забонҳои давлатҳои хурд, мисли забони тоҷикии мо мешавад. Барои он ки хавфи аз байн рафтани забон ба миён наояд, мо масъулем ҷиддӣ онро ҳифз намоем. Зеро забон ҳам мисли ҷисми зинда ҳифзу парвариш, ғамхорӣ ва покизанигоҳдориро мехоҳад. Вазифаи ҳар яки мо, ҳамчун соҳибзабон, ин аст, ки дар поку беолоиш ва ҷилобахшии он чун обҳои софу зулоли чашмаҳои кӯҳистон саҳим бошем, ба вай чун ба модар ғамхорӣ нишон бидиҳем, охир он бо шири модар ба мо омадааст, садоқат нишон додан ба забони модарӣ  бузургии ҳар як инсон мебошад.

Саидаҳмади Ҳасан

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code